Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар музокирот бо СҶТ тавонистем кишоварзиро ҳимоя кунем"


Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Муовини вазири иқтисоду савдо 11 соли талошҳо барои узвияти кишвар дар СҶТ-ро шарҳ дод.

Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба суолҳои Радиои Озодӣ дар мавриди пасту баландиҳои узвияти ин кишвар дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат(СҶТ) ҷавоб дод.

Озодӣ: Роҳи шомил шудани Тоҷикистон ба СҶТ бо чӣ мушкил рӯ ба рӯ буд? Мухолифон ва пуштибонҳои шомил шудани Тоҷикистон ба ин созмон кадом созмону кишварҳо буданд?

Саидраҳмон Назриев: Тоҷикистон моҳи майи соли 2001 ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) дархост оид ба дохилшавӣ ирсол намуд. Моҳи июли соли 2001 Шӯрои Генералии ин созмон дархости Тоҷикистонро баррасӣ намуда, дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба СҶТ ва ба Тоҷикистон додани статуси нозир дар ҷаласаҳои СҶТ қарор қабул намуд. Гуруҳи корӣ аз 33 кишвари аъзои СҶТ иборат буд, ки дар он Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як аъзо аз номи 27 кишварҳои аъзои он иштирок мекард. Ба мулоқотҳои дуҷониба оид ба роҳёбӣ ба бозори мол -13 ва хизматрасониҳо 6 кишвари аъзои СҶТ ворид шуданд. Албатта дохил шудани Тоҷикистон ба СҶТ ин кори осон ва зудҳалшаванда нест ва ба мо зарур буд, ки санадҳои меъёриву ҳуқуқиямонро ба талаботҳои қонунгузории ин созмон мутобиқ гардонем. Ин коре буд ки имрӯз гуфтан мумкин аст, ки аз ӯҳдаи иҷрои он баромадем. Дастгирии беғаразонаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорї (SECO), Маркази байналмилалии тиҷорат (ITС), Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Иттиҳоди Аврупо (EC) ва дигар ташкилотҳои байналмиллаливу кишварҳои мухталиф аз рӯзи аввали ин раванд то ба имрӯз хеле ба маврид аст.

Озодӣ: Яке аз талаботи СҶТ мутобиқ сохтани қонунгузориҳои кишвар ба талаботи ин созмон аст. Кадом қонунҳои Тоҷикистон дар робита ба ислоҳот рӯ ба рӯ шуд ва оё ҳануз ҳам қонунҳое ҳаст, ки ислоҳоти онҳоро ин созмон тақозо дорад?

Саидраҳмон Назриев: Аз аввали раванди дохилшавӣ ба СҶТ то ба имрӯз зиёда аз 100 адад ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои созмони мазкур қабул гардиданд, ки дар байни онҳо санадҳои нав ба мисли кодекс ва қонунҳо, қарору фармоишҳои ҳукумати кишвар, тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунанда қарор доранд. Аз ҷумла дар ин марҳила Кодексҳои гумрук, андоз, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии судии иқтисодӣ, қонунҳо дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва ғайра мавриди амал қарор дода шуд. Инчунин қонунҳо нав оид ба фаъолияти савдои хориҷӣ ва бехатарии маҳсулоти хурокворӣ қабул шуд. Ҳамзамон корҳо дар самти мутобиқ намудани қонунгузории Тоҷикистон ба меъёру қоидаҳои СҶТ идома доранд.

Озодӣ: Тоҷикистон бо кадом шарту шароит шомили ин созмон хоҳад шуд. Бархе кишварҳои бузурги назири Русия шартҳое гузоштанд, ки то мӯҳлати муайян пардохти воридотӣ барои бархе маҳсулотро нисбат ба талаботи СҶТ баланд нигоҳ доранд. Тоҷикистон чӣ?

Саидраҳмон Назриев: Мулоқоти дуҷониба бо кишварҳои аъзои ин созмон дар асоси пешниҳодҳои роҳ ба бозори мол ва хизматрасониҳои Тоҷикистон баррасӣ мегарданд. Дар рафти гуфтушунидҳо давлатҳои аъзои СҶТ аз Тоҷикистон дархост менамоянд, ки Тоҷикистон боҷҳои амалкунандаи кишварро ба бисёре аз молҳо паст намояд. Бояд зикр намуд, ки дар пешниҳодҳои тарифии Тоҷикистон сатҳи миёнаи тарифҳо ба молҳои ҳассос назар ба тарифҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ зиёд карда шудаанд ва ин иқдом метавонад соҳибкорони ватаниро то дараҷаи муайян аз воридоти молҳои хориҷӣ муҳофизат намояд. Масалан, сатҳи миёнаи тарифҳои амалкунандаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 7,3% баробар мебошад, вале дар пешниҳоди тарифии кишвари мо сатҳи миёнаи он 8% -ро ташкил медиҳад.


Сӯҳбат бо Сайидраҳмон Назриев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:08 0:00


Озодӣ: Як масъалаи муҳим боҷи гумрукиест, ки Русия болои фурӯши маводи сӯхташ ба Тоҷикистон ҷорӣ кардааст. Оё узвият дар СҶТ метавонад барои лағви ин боҷ кӯмак мекунад?

Саидраҳмон Назриев: Бояд тазаккур дод, ки маҳз ҳатмӣ будани иҷрои уҳдадориҳо дар доираи ин Созмони тиҷоратӣ ва баробарҳуқуқ будани ҳамаи аъзоёни ин созмон аз афзалият ва бартариҳои ин созмон нисбат ба созмонҳои дигари минтақавии иқтисодӣ мебошад ва бояд зикр сохт, ки дар сохтори ин созмон як Кумитаи махсус оид ба ҳалли баҳсҳо вуҷуд дорад ва дар сурати пайдо шудани мушкилиҳо? кишвари мо метавонад аз ин ҳуқуқи худ истифода намояд.

Озодӣ: Бисёриҳо тарс доранд, ки узви СҶТ шудани Тоҷикистон ба зиёни кишоварзони тоҷик анҷом меёбад. Оё чунин нигаронӣ асос дорад?.

Саидраҳмон Назриев: Бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои ин созмон чорабиниҳои махсуси маҳдудгардонӣ дар тиҷорати маҳсулотҳои кишоварзӣ бо Тоҷикистон қабул карда нашудааст. Новобаста аз ин моро зарур аст, ки барои ҳимояи соҳаи кишоварзии кишварамон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем, бо умеде ки ин соҳа дар оянда ҳатман рушд хоҳад ёфт. Мавриди зикр аст, ки зимни гуфтушунидҳои бисёрҷониба оид ба соҳаи кишоварзӣ бо давлатҳои аъзои СҶТ Тоҷикистон тавонист, ки сатҳи дастгирии соҳаи кишоварзии кишварамонро то 8 % ба андозаи 900 миллион сомонӣ ба даст оварад. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳолати пайдо шудани шароити молиявӣ мо метавонем соҳаи кишоварзии кишварамонро аз ҳисоби буҷаи давлатӣ дастгирӣ намоем. Дар доираи талаботҳои СҶТ ин рақам барои давлатҳои рӯ ба рушд 10 % аз ММД-и соҳавӣ буда, барои давлатҳои тарақикарда то 5 % муқаррар карда шудааст. Инчунин бояд зикр намуд, ки мо дар раванди мулоқотҳо тавонистем соҳаҳои афзалиятноки коркарди саноати кишоварзиро аз қабили пахтатозакунӣ, саноати сабук ва коркарди дигар маҳсулотҳои кишоварзиро бештар ҳимоя намоем ва боҷҳои воридотӣ дар ин соҳаҳо аз ҳама болотар мебошанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG