Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керри Амрикоро кишвари беҷойгузини ҷаҳон номид


Ҷон Керри
Ҷон Керри

Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри гуфт, Ийолоти Муттаҳида ягона кишварест, ки ҷаҳон дар лаҳзаҳои зарӯрӣ ба кӯмаки он ниёз дорад.

Вазири Амрико рӯзи душанбе дар ҷараёни сухаронӣ дар ҳузури кормандони сафорати ИМА дар Берлин гуфт, ки суханони ӯ набояд ҳамчун аломати ҳавобаландӣ талаққӣ шаванд. Ӯ афзуд, дар саросари ҷаҳон кишварҳои зиёде ҳастанд, ки дар лаҳзаҳои даркорӣ агар мехоҳанд коре анҷом диҳанд, мисли зилзила, дастёбӣ ба созиши сулҳ, ё ҳалли бӯҳрон, рӯ ба Амрико меоранд. "Танҳо як кишваре ҳаст, ки аз он кӯмак интизоранд ва ин ин мо ҳастем" - гуфт Ҷон Керри.

Ӯ дар муроҷиат ба кормандони намояндагиҳои Амрико дар Олмон гуфт, дар байни вазифаҳое, ки дар реҷаи равобити Амрико ва Олмон вуҷуд доранд, масъалаи муҳим ҳамкории муштарак дар заминаи ҳалли бӯҳрони Украина аст, ки ба гуфтаи вазир дар музокироти он Олмон ва Фаронса пешсаф ҳастанд.

XS
SM
MD
LG