Пайвандҳои дастрасӣ

Зоиров: Ҳайронам, ки чаро Кабирӣ ин дафъа сабр накард


Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ дар бораи ояндаи ҳизбаш, басташавии ҲНИТ, ошӯби Абдуҳалим Назарзода ва тағйирот дар Қонунӣ асосӣ ибрози назар кард.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), рӯзи 3 феврал дар бораи сукути яксолаи ҳизбаш дар баробари ҳодисаҳо, тарҳи тағйирот ба Қонунӣ асосӣ, басташавии ҳизби наҳзати исломӣ ва ошӯби муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода гуфтугӯ кард.

Озодӣ: Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон тайи як соли охир фаъол нест ва дар баробари таҳаввулоти сиёсии кишвар низ ҳарфе намегӯяд. Оё ин ба маънои эҳтиёт аст, тарс ё тактикаи сиёсӣ?

Зоиров: "Албатта, ҳамаи ҳамин омилҳо ҷой дошт. Асосан эҳтиёткорӣ буд, на тарс. Як навъ тактикаи сиёсӣ низ гуфтан мумкин аст. Аммо як соли хомӯшӣ ба маънои фаъолият накардан ё қатъи фаъолияти ҳизбро надорад. Мо дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли гузашта бинобар харҷи зиёд ба шикасти молӣ рӯбарӯ шудем. Ҳодисаҳое, ки тайи як соли охир рух доданд бисёр таҳлилталаб ҳастанд."

Озодӣ: Манзур аз таҳаввулоти сиёсӣ дар соли гузашта ошӯби Абдуҳалим Назарзода, баста ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ ва дигаргуниҳои сиёсии кишвар аст, ки ба амал омаданд. Вале ҲСДТ дар баробари ин ҳама хомӯш буд ва мавқеи худро рӯшан накард...

Зоиров: "Дар масъалаи ҳизби наҳзати исломӣ ҳанӯз ду сол қабл муносибати мо канда шуд ва тайи ин муддат ҳеч иртибот надорем. Баъд аз интихоботи президентӣ, ки мебоист номзадии ман пешниҳод мешуд, вале онҳо дар ниҳоят дастгирӣ накарданд ва аз номзадии Ойниҳол Бобоназароваро пуштибонӣ карданд."

Озодӣ: Яъне ранҷиши Шумо аз ин аст, ки ҲНИТ номзадиятонро пуштибонӣ накард?

Зоиров: "Бале, ин омил ҳам буд. Ман 10 сентябри 2013 дар ҷаласаи ҲНИТ номзадии худро пас гирифтам ва ба онҳо гуфтам, ки номзади шумо Ойниҳол Бобоназарова аз ҳар нигоҳ заиф аст. Ва бо ҳамин муносибати дигар гусаста шуд."

Озодӣ: Ба ҳар ҳол як ҳизби сиёсӣ - фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишвар қатъ карда шуд ва мавқеи Шумо чӣ буда метавонад?

Зоиров: "Ман мехоҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ин масъала баҳо диҳам. Аввал ин ки ҳукумат аз ҳизби наҳзат тарс дошт ва илова ба ин ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ ба иштибоҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ доданд. Вазорати адлия ҳизбро ғайриқонунӣ эълон кард дар ҳоле ки ин вазорат чунин салоҳият надорад. Онҳо метавонистанд ба ин ҳизб огоҳӣ диҳанд ва баъди даҳ рӯзи огоҳӣ ба суд пешниҳод кунанд. Яъне адолати судиро Вазорати адлия ба дӯши худ гирифт, ки ин ғайриқонунӣ аст. Аз тарафи дигар, ҲНИТ ҳам ба якчанд иштибоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дод. Ин ҳизб набояд масъалаи ба Тоҷикистон баргаштан ва ё барнагаштани Муҳиддин Кабириро аз хориҷ баррасӣ мекард. Вақте ки Шӯрои сиёсӣ тавсия медиҳад, ки раиси ҳизб ба Тоҷикистон барнагардад, алакай суол ба миён меояд, ки раёсати ҳизб ба дӯши кӣ гузошта хоҳад шуд? Дар ин ҳолат Вазорати адлия имкон пайдо мекунад, ки аз ҲНИТ талаб кунад, анҷуман баргузор намуда ва раиси ҳизбро интихоб кунад.

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Дувум, чанд нафар аз аъзои ҳизб ба Истанбул рафтанд ва эълон карданд, ки дар онҷо нишасти Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карданд, ки ин амали ғайриқонунӣ аст. Барои он ки ягон ҳизб дар қаламрави кишвари дигар ҳаққи баргузор кардани Шӯрои сиёсиро надорад. Ин ҳақро натанҳо ҲНИТ, балки ҲСДТ ва ҳизби демократ ва ҳеч ҳизби дигар надорад.

Севум ин ки вақте ҳизби наҳзат эълон кард, анҷумани худро баргузор мекунад, вазорати адлия иҷоза надод, вале ҲНИТ намояндаҳои худро сафарбар кард, ки инро қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд. Ва мебоист ҲНИТ анҷумани худро ба вақти дигар мегузошт ва як созиш

Раҳматулло Зойиров- раиси ҲСДТ. Номзади улуми ҳуқуқшиносӣ. Дар деҳаи Боғистони вилояти Тошканд дар хонаводаи косиб ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб дар солҳои 1977-79 дар Олмон дар ҳайати артиши шӯравӣ хидмат мекунад. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украинаро хатм ва сипас дар онҷо ду сол ба сифати омӯзгор кор мекунад. Аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгориро идома медиҳад. Аз соли 1989 ба фаъолияти адвокатӣ машғул мешавад ва то ба имрӯз ин корро идома медиҳад. Дар соли 1992 тарҳи алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод мекунад. Тайи даҳ сол аз соли 1994 то 2004 ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байналмилалӣ кор кардааст. Соли 1998 Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистонро асос гузошта ва то ба имрӯз раёсати онро бар ӯҳда дорад. Аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси мушовири аршади раиси ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Ойиладор. Соҳиби се фарзанд.

ҳосил мешуд. Лекин созиш ҳосил нашуд. Аз соли 1999, вақте ки ҲНИТ расман сабтином шуд, то соли 2015 бо ҳукумат дар ҳама ҳолат созиш мекард. Ва раиси он Муҳиддин Кабирӣ ҳамеш сабр кунем, сабр кунем мегуфт, вале ман ҳайронам, барои чӣ дар ин ҳолат созиш накарданд, сабр карда натавонистанд. Шояд ақидаҳои дигарашон ба ин мавқеашон устувортар ба назар расид, ки созиш карда натавонистаанд. Ва дар инҷо сабр нарасид. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба масъалаи ҳизби террористӣ эълон шудани ҲНИТ нигоҳ кунем то кунун дар ҳеч куҷо ва дар ҳеч санад исботи худро наёфтааст. Ва агар инро бо назардошти ҳаводиси моҳи сентябр ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода вобаста карда ҳизби террористӣ гуфта шудааст, то ҳол тафтишоти пешакӣ ба анҷом нарасидааст, аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби терористӣ эълон карда шудааст, ин аз рӯи қонун нест, ин супориши сиёсӣ аст.

Дар мавриди Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор гуфтаниам, ки вай аз нигоҳи сиёсӣ ба ҲНИТ ҳеч иртибот надошт ва шахси сиёсӣ ҳам набуд, бештар тоҷир буд. Назарзода бо Муҳиддин Кабирӣ робитаи хусусӣ доштанд инро ман эътироф мекунам, вале иртиботи Назарзода бо ҲНИТ аслан ҷой надошт."

Озодӣ: Яке аз ҳодисаҳои дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифт, ин ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар мавриди кам кардани синни номзад ба мақоми президентӣ, яъне аз 35 ба 30 сол расонидани он аст, ки интизор меравад дар раъйпурсии қарибулвуқуъ гузошта шавад. Назари Шумо ба ин иқдом чӣ аст?

Зоиров: "Албатта, агар ин пешниҳод бидуни кадом ҳадаф ва кадом зарурият пешниҳод мешуд, воқеан як иқдоми демократӣ барои роҳ додани ҷавонон ба мақоми президентӣ мешуд. Вале вақте ки синни

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ дар соли 2020 ба 32 мерасад ва на ба 35 ва бо назардошти ин ба қонун тағйирот ворид карда мешавад, ин амал демократӣ набуда, конюктураи сиёсӣ номида мешавад. Ин пешниҳод дар парлумон сурат гирифт, вале то ҳол Суди конститутсионӣ хулосаи худро пешниҳод накардааст ва маълум аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти Суди конститутсионӣ мустақил нест. Чунки Суди конститутсионӣ муваззаф аст, ки мутобиқат доштани ин пешниҳодҳоро бо Қонуни асосӣ баррасӣ намуда, хулоса кунад."

Озодӣ: Ҳоло баргардем ба ҳаёти сиёсии ҲСДТ. Акнун дигар ҳизби Шумо ҳамчунон хомӯш хоҳад монд ва ё барномаҳои хос доред?

Зоиров: "Мо дар назар дорем, ки рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ Анҷумани ҳизбро дар Душанбе баргузор кунем ва аз ҳоло барномаҳо оид ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ омода карда истодаем ва матраҳ хоҳем кард. Ба ҷуз дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, аъзои ҲСДТ дар дигар минтақаҳо бештар аст ва шумораи аъзои мо беш аз 7 ҳазор нафар мебошад. Ҳоло ҳизби мо омодааст фаъолиятро аз сар бигирад ва хомӯшии яксоларо поён диҳад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG