Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Маскав: Мусулмонҳо ахлоқ ва принсипро аз даст додаанд


Элдар Алоуддинов
Элдар Алоуддинов

Муфтии Маскав Элдар Алоуддинов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ иллатҳои ба гурӯҳи ҷангҷӯён ҳамроҳ шудани асосан муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро шарҳ дод.

Хабарнигори Озодӣ дар Маскав бо муфтии пойтахти Русия Элдар Алоуддинов як сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дода ва нахуст аз ӯ пурсид, ки далели ба майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия рафтани ҷавонон аз кишварҳои Шӯравии собиқ чист?

Элдар Алоуддинов: "Сатҳи пасти маънавӣ, ҷаҳолати динӣ ва осебпазирии иҷтимоӣ сабабҳои аслианд. Баъзан ҷавонон ба мо муроҷиат мекунанд, ки қасди сафар доранд. Вақте ҳадафи сафарашонро мепурсем, маълум мешавад, бо мушкилие рӯбарӯ шудаанд - мушкили равоние, ки натавонистанд мустақилона онро бартараф намоянд. Дарк мекунанд, ки қудрати ҳал кардани мушкилии худро надоранд. Тасмими гурез аз онро мекунанд. Ин худ баёнгари он аст, ки аз ҷиҳати маънавӣ фақиранд. Аз ҷиҳати дигар, мо як гурӯҳи азими мусулмононеро дорем, иборат аз миллион... ва ё миллиард нафар, ки аз ҷиҳати маънавӣ мурдаанд."

Радиои Озодӣ: Шумо ба қарибӣ гуфта будед, ки Шӯрои муфтиёти Русия борҳо ба идораҳои динии кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кардааст, то намояндагии худро дар минтақаҳои Русия, бахусус дар Маскав боз кунанд. Ин пешниҳод талоши тақсим кардани бори масъулият бо муфтиёти кишварҳои дигар аст?

Элдар Алоуддинов: "Мо ба забони русӣ ваъз мегӯем. Онҳое, ки ин забонро намедонанд, маънии ваъзи моро дарк намекунанд. Ба мо воҷиб аст, ки одамонро бомаърифат кунем, ба бедории онҳо биафзоем. Тарзи гуфтори русӣ барои мо ин имкониятро намедиҳад, аз ин рӯ хостем воизонеро аз дигар миллатҳо ҷалб созем, ки забони муҳоҷирони мусулмонро медонанд ва мо низ метавонем ба ақидаи онҳо эътимод кунем. Ба ин тариқ иттилои даркориро тавонем ба мардум расонем."

"Мусулмонон ахлоқ ва принсипро аз даст додаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:44 0:00

Радиои Озодӣ: Дар бораи гароиши муҳоҷирони корӣ ба равияҳои ифротӣ чӣ мегӯед? Мақомоти Тоҷикистон ба ин назаранд, аксари онҳое, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, дар Русия зери таъсири афкори ифротӣ мондаанд...

Элдар Алоуддинов: "Ман ҳамеша мегӯям, ки бояд бо мардум наздик буд. Ҷамъиятро бояд дарк кард. Намешавад аз ҳуҷраҳои корӣ, дохили мошинҳои сиёҳшиша нишаста садо баланд кард. Агар ҷамъият худро таҳқиршуда ҳис кунад, чунин мушкилӣ ҳамеша пеш меояд. Афсӯс, ки мардум аз Тоҷикистон мегурезанд. Ин аз зиндагии хуб нест, албатта. Дуруст? Одамон наметавонанд ҳатто бо маоши 15-20 доллар ҷойи кор ёбанд. Инҷо онҳо мисли ғулом кор мекунанд. Кадоме аз онҳоро фиреб медиҳанд, паст мезананд, таҳқир мекунанд. Намедонад худро чигуна вонамуд кунад? Ӯ дар инҷо ҳеч аст. Ва ҳангоми ба Ироқу Сурия рафтан, автомат дар дасташ, тасаввур мекунад, ки зидди ҳамон нафароне меҷангад, ки ӯро таҳқир карда буданд. Ӯ дар назари худаш қаҳрамон аст. Ҳар фарде, ки онҷо қарор дорад, касе сабабгори рафтани ӯст - кадом як ходими давлатӣ, вазир, вакил ва ё имом. Ба касе аслро расонда натавонистем, касеро таҳқир кардем, оилаашро паст задем. Дигар сабаб нест. Барои мардуми муҳоҷир инҷо душвор аст, вале дар ватанашон мушкилтар. Чаро мо инро дарк кардан намехоҳем? Чаро сафирон, президентҳо, вазирон намехоҳанд фаҳманд, ки барои ҷамъият душвор аст? Ҷамъият рушд намекунад, давлат ҳам. Ҳама ороманду беташвиш. Пеш аз ҳама ман дар бораи Тоҷикистон мегӯям. Ман боре дар Тоҷикистон набудам, вале қисми зиёди намозгузорони масҷид тоҷиконанд. Барои ман бисёр дарднок аст шунидани нақли онҳо.”

Радиои Озодӣ: Бардошти мардуми ғайримусулмон аз афзоиши шумораи мусқлмонон чигуна аст, ва чи тавр ин омил таъсир дорад ба муколамаи адён дар Русия?

Элдар Алоуддинов: “Мусулмонон ахлоқ ва принсипҳои худро аз даст додаанд. Якчанд нафар якҷо ҷамъ омаданд, рафтори ноҷо мекунанд. Ин албатта ба обрӯи онҳо дар байни мардуми ғайримусулмон таъсир мерасонад, онҳо худро нороҳат ҳис мекунанд. Ин ки мебинем зидди сохтмони масоҷиди нав мебароянд, ҳақ ҳастанд. Ҷаҳолат, дағалрафторӣ барои дар сатҳи дуруст доир шудани муколамаи адён монеа эҷод мекунад. Ва тавре қаблан зикр кардем, мардумро тарбия кард, ахлоқашонро боло бурд ва ҳатман дар онҳо принсипҳои диниро ҷой кард."

XS
SM
MD
LG