Пайвандҳои дастрасӣ

Ватанзода: "Аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани ҷангиёни ДИИШ асос надорад"


Муҳаммадалӣ Ватанзода

Муҳаммадалӣ Ватанзода

​Мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои нашршуда дар бораи гӯё аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кардани атбои Тоҷикистон ба далели ширкат дар ҷангҳои хориҷиро башиддат рад мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои нашршуда дар расонаҳои хориҷиву маҳаллиро, ки мегӯянд, бар асоси матни нави Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" атбои ин кишвар ба далели ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ метавонанд аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шаванд, бепоя меноманд.

Муҳаммадалӣ Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон рӯзи 10 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар тарҳи нави қонуни шаҳрвандӣ ба лағви шаҳрвандии онҳое, ки дар хориҷ меҷанганд, ягон ишорае нест.

"Номаъқул кардаанд ҳамааш. Дар ин бора ягон ҳарфе нест онҷо. Мо қаблан дар Кодекси ҷиноятӣ як муомилае ворид кардем, ки он шахсоне ки дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, дар гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ шомил мешаванд, агар ихтиёран ба Ватан баргарданд, яъне то анҷоми он мухолифатҳо, иштирокашон дар ин корҳоро қатъ кунанд, он гоҳ аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Агар мо ҳоло дар қонуни шаҳрвандиамон чунин муқаррарот гузорем, мо ин шаҳрвандонамонро умуман аз ҳуқуқи бозгашт маҳрум мекунем," -- афзуд ӯ.

Оқои Ватанзода гуфт, далели аслии бозбинии қонуни конститутсионӣ “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар моҳи июн рафъи бархе печидагиҳои марбут ба масоили бешаҳрвандӣ, яъне марбут ба афроде буд, ки ба далелҳои мухталиф аз мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум шудаанд.

Тарҳи нави ин қонун ҳанӯз 24 июни соли равон аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон тасвиб шуда, раисиҷумҳур рӯзи 8 август зераш имзо гузошт. Аксари расонаҳо, бахусус матбуоти русӣ дар шарҳи ин хабар навиштанд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ин ба баъд он шаҳрвандонашро, ки дар хориҷ, аз ҷумла дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” ё “Ҷабҳат-ун-нусра” меҷанганд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум хоҳад кард.

Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳанӯз соли 1995 қабул шуда, дар ин 20 сол ду дафъа – дар солҳои 2008 ва инак, джар моҳи июни соли 2015 – мавриди бозбинӣ қарор гирифт. Моддаи 29-уми ин қонун тартиби маҳрум кардан аз шаҳрвандии Тоҷикистонро низ муқаррар кардааст, ки ба ин тартиб аст:

"Моддаи 29. Маҳрум гаштан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кас аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин маҳрум мешавад:

а) агар дар мамлакати хориҷа ба хизмати ҳарбӣ, хадамоти амният, полис, мақомоти адлия ва мақомоти дигари ҳокимият ва идораи давлатӣ гузарад;

б) агар дар хориҷа доимӣ зиндагӣ кунаду дар давоми панҷ сол бе сабабҳои узрнок ба қайди консулӣ наистода бошад.

Кас аз рӯзи бешаҳрвандии ӯро ба қайд гирифтани мақомоти ваколатдори давлатӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум мешавад."

Ширкатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои хориҷӣ, бахусус дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” хеле боз мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. Ин кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои бегона ба Кодекси ҷиноятӣ тағйироте ворид кард, ки муҷозотро барои зархаридӣ шадидтар кард. Ҳоло барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон метавонанд аз 12 то 20 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Ҳамзамон ба ҷангиёне, ки ихтиёран бармегарданд, афви гуноҳ низ пешниҳод шудааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки то имрӯз 36 нафар аз ин пешниҳоди афв истифода бурда, ба Ватан баргаштаанд ва дар канори хонаводаҳои худ ба сар мебаранд. Ҳафтаи гузашта телевизиони давлатии Тоҷикистон силсилаи сӯҳбатҳо бо чандже аз ин баргаштаҳоро нашр кард.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дастикам 500 нафар аз ин кишвар барои ширкат дар “ҷиҳод” ба Сурия ё Ироқ рафтаанд ва асосан ба гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундгарои мазҳабист, ки дар соли 2014 қаламравҳои бузурге дар Сурия ва Ироқро ба даст оварда, дар ин сарзаминҳо эълони таъсиси “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо шеваи бераҳмонаи бархӯрд бо мухолифонаш, аз ҷумла қатлҳои дастаҷамъӣ ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондан ё гӯрондани асиронаш ном баровардааст. Кишварҳои дунё таҳти раҳбарии Амрико алайҳи ин гурӯҳи тундрав эътилофи байналмилалиеро таъсис додаанд, ки аз моҳи августи соли гузашта ба ин тараф сангарҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия ва Ироқ бомбборон мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG