Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 25 апрел дар синни 63-солагӣ аз вазифаи худ истеъфо дод ва бонишаста шуд.

Муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 25 апрел дар синни 63-солагӣ аз вазифаи худ истеъфо дод ва ба нафақа баромад. Ҷумъабой Сангинов, ки аз рӯи ихтисос духтури ҷарроҳ аст, дар синни 32-солагӣ корро дар системаи вазорати беҳдошт шурӯъ кардааст. Соли 2000-ум ӯ ба намояндагӣ аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ узви Маҷлиси намояндагон шуд ва ду мӯҳлат дар курсии депутатии порлумон фаъолият кард. Сангинов 7 январи соли 2011 ба мақоми муовини аввали раиси вилояти Суғд таъйин гардид ва дар баробари корҳои маъмурӣ, яке аз муҳимтарин чеҳраҳо дар ҳайати комиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон буд. Дар аксар масоили ҷанҷолбарангези марзӣ аввалин шуда ба ҷои ҳодиса ҳозир мешуд ва талош мекард, аз тавсеаи низоъҳо ҷилавгирӣ шавад.

Доктори илми тиб, профессор, соҳиби оила, 3 фарзанд ва 8 набера аст. Баъди рафтан аз вазифа, ба макони зисти доимияш дар Душанбе бармегардад.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Ҷумъабой Сангинов аз ӯ дар бораи сабаби истеъфо ва ҳам нигоҳашро ба корномааш суол кардем.

Озодӣ: Ҷаноби Сангинов, хабари аз вазифа рафтани шумо рост аст?

Ҷумъабой Сангинов: Ман ба нафақа рафтам. Бо хости худ. Синну соли нафақаро қонун муайян кардааст ва сиёсати имрӯзаи давлат ва умуман таҷрибаи давлатдории ҷаҳони имрӯза ин аст, ки ба ҷавонон роҳро боз бояд кард.

Озодӣ: Он таҷрибаву малакае, ки Шумо доред, дипломатияе, ки дар музокирот бо масоили ҳассоси мисли равобит бо кишварҳои ҳамсоя чӣ мешавад?

Ҷумъабой Сангинов: Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон. Фикр мекунам, нафаронеро, ки баъдан таъйин мешаванд, аз ин имкониятҳо истифода мекунанд. Таҷриба кам бошад, мисли мо ҳам замоне, меомӯзанд. Ин ҷо, ба фикрам, ягон мушкиле намешавад. Тими ӯҳдабарои сиёсатмадорон дар муддати истиқлолият ба воя расиданд. Аз рафтану омадани шахсиятҳои алоҳида дар маҷмӯъ сифат ва татбиқи сиёсати дохиливу беруна осеб намебинад. Тими пурқуввате ташаккул ёфт ва онҳо корро пеш мебаранд.

Озодӣ: Шумо, инак, чанд рӯз аст дар хона ҳастед ва шояд аз корҳое, ки дар тӯли солҳо анҷом додаед, натиҷагирӣ кунед. Кадом масъулиятро хуб иҷро кардед ва дар кадом кор номуваффақ будед?

Ҷумъабой Сангинов: Дар кори як мансабдори давлатӣ ҳамеша муваффақият ва ноомади кор вуҷуд дорад. Тақдир ҳамин хел кард, ки ман аввалин бор 32-33 сол доштам ва ба идораи кадрҳои муассисаҳои таълимии тандурустӣ ба кор рафтам. Ду сол пас дар як муассисаи давлатӣ роҳбар шудам, баъди вазорат раҳбарии як муассисаи тандурустӣ барои ман мушкилӣ надошт. Баъди 11 соли кор дар парлумон барои ман кор кардан дар мақоми иҷроия мушкил набуд, ман ботинан инро эҳсос

Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, дар мулоқот бо аҳолии Чоркӯҳ дар Исфара

Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, дар мулоқот бо аҳолии Чоркӯҳ дар Исфара

мекардам. Дигар паҳлуи муҳими фаъолияти мо ин буд, ки роҳбарияти вилояти Суғд дар як муҳити созандаву ҳамдигарфаҳмӣ ва мустақил дар татбиқи вазифаҳо кор кардем, ки дар маҷмӯъ, барои мо шароити хеле хуби корбарӣ буд.

Озодӣ: Яъне Шумо худро дар ин вазифа воқеан ҳам мустақил эҳсос мекардед?

Ҷумъабой Сангинов: Албатта, мустақил ҳис мекардем. Мо бо ду раиси вилоят кор кардаем, ягон супориш мешуд, аммо роҳи татбиқи он набуд. Натиҷаи кор баҳогузорӣ мешуд. Аз ин лиҳоз, ҳар инсон дар ҳукумати вилояти Суғд, агар қобилияту масъулият дошта бошад, барои расидан ба натиҷааш дар доираи барномаҳои корӣ талош мекунад.

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, дар тамоми муддати фаъолияти корӣ – ҳам дар кори ҷарроҳӣ, ҳам дар парлумон, ҳам дар ҳукумати Суғд - аз кадомаш бештар хушатон меомад?

Ҷумъабой Сангинов: Мо бори аввал бо академик Усмонов ҷарроҳии найчаҳои шушро ба роҳ мондем. Ин дар солҳои 1983-85 буд, ки нахустин бор дар Тоҷикистон ва баъди чандин таҷрибаи омӯхтаамон дар Киеву Санкт-Петербургу Маскав анҷом шуд. Барои банда ин дастоварди хуб буд. Дар фаъолияти парлумонӣ бошад, мақсади асосии мо такмили қонунгузории нави тиббӣ ва иҷтимоӣ буд. Банда муаллифи 12 қонун дар бораи самтҳои гуногуни фаъолиятҳои тибби ҷумҳурӣ мебошам. Ман аз ин чиз ифтихор дорам. Дар мақомоти иҷроия бошад, минтақаи Суғд хеле минтақаи ҳассос аст. Аз он лиҳоз, ки аз як шафаташ ҷумҳурии Ӯзбакистон ва аз шафати дигар Қирғизистон ҷойгир аст ва масоили марбут ба хатароти ифротгароӣ ва бесуботӣ ҳам дар миён аст. Барои ман муҳимтарин кор ба тафаккури ҷомеа вобаста буд, ки корҳои мафкуравӣ ё ба ном идеологӣ мегӯянд. Яке аз корҳои аввалин дар ин самт ин буд, ки мо консепсияи корҳои мафкуравиро бо ҷалби сиёсатшиносону ҷомеашиносон, шахсиятҳои барҷаста таҳия кардем. Дар доираи ин консепсия, ки аз ҷониби маҷлиси вилоятӣ ҳам пуштибонӣ ёфт, мо корро бо ҷавонон ба роҳ мондем ва дар ҳамин марҳилаи муҳими устуворкунии пояҳои давлатдорӣ нақше дар ташаккули тафаккури мардум гузорем.

Озодӣ: Рӯзи ҷумъа, ки мулоқоти ҳайатҳои калони марзбонҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар Хуҷанд ҷараён гирифт, охирин рӯзи кории Шумо буд. Ба андешаи Шумо, дар пушти ин мулоқот кадом дурнамои барномаҳои калоне дида мешавад ва ё ин як расмиёте беш нест?

Ҷумъабой Сангинов: Ман бевосита дар ҷараёни баргузории ин мулоқот будам, ҳарчанд ҳамзамон ҳамон шабу рӯз мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳам сурат мегирифт. Андешаи ман ин аст, ки ҳар як масъул бояд ҳадди аксар барои беҳбудёбии равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон кӯшиш кунад. Мулоқоти сарҳадбонон идомаи мантиқии ҳамон сӯҳбат ва мулоқоти хуби раҳбарони Тоҷикистону

Ҷаласаи ҳукумати Суғд, соли 2014

Ҷаласаи ҳукумати Суғд, соли 2014

Ӯзбакистон дар ҷараёни ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (дар Душанбе, сентябри соли 2014) буд. Ман бовар дорам, ки ин мулоқотҳо натиҷаи хуб медиҳанд, чунки бори аввал 12 афсари баландрутбаи сарҳади Ӯзбакистон аввал хостанд дар ноҳияи наздисарҳадии Масчо ин мулоқотро баргузор кунанд. Мо ба Хуҷанд даъваташон кардем, хуб қабул карданд, омаданд, хеле сӯҳбати нағз шуд. Протоколи ҳусни тафоҳум ва ҳам шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Онҳо бо рӯҳияи хеле болида баргаштанд.

Озодӣ: Дурнамояш чӣ буда метавонад?

Ҷумъабой Сангинов: Мо ҳанӯз то охир аломатгузории қитъаҳои баҳсии марзро бо Ӯзбакистон ба анҷом нарасонидем. Шояд 90 % хатти марз аломатгузорӣ шудааст. Вале давоми ҳамин 4 соле, ки ман кор мекунам, ба истиснои убури рамаҳо дар Панҷакент, ягон ҳодисае дар марзи муштарак рӯй надодааст. Ду тараф ба ҳамдигар ботаҳаммул ва боэҳтиром ба ҳамдигар муносибат мекунанд.

Озодӣ: Мегӯянд, чаро ба чунин шакл “хомӯшу бесадо” Шуморо ба нафақа гусел карданд?

Ҷумъабой Сангинов: Фикр намекунам, ки барои ягон нафар дар сатҳи муовини аввали раиси вилоят сару садо бояд шавад. Ин як тартиби муқаррарӣ аст. Мо 4 солу 3 моҳ дар вилояти Суғд кор кардем. Оилаву фарзандони ман дар Душанбе зиндагӣ мекунанд. Оилаам ҳамеша омада мерафтанд. Ва ман зарур донистам, ки ду моҳ баъд аз расидани синни нафақаам, ҷашни Наврӯзро баргузор карда, бо истифода аз пастшавии шиддати кор, ба нафақа равам.

Озодӣ: Яъне ҳеҷ таассуф намехӯред?

Ҷумъабой Сангинов: На, агар саломативу шароит имкон диҳад, ба касби худам машғул мешавам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG