Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулқодирзода: "Истифодаи қувва дар муқобили ифротиҳо кори дуруст буд". ВИДЕО


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сиёсати ҳукумат дар масъалаи мубориза бо ақидаҳои ифротӣ ҳимоят кард ва гуфт, истифодаи қувва дар қиболи гурӯҳҳои тундгаро як кори дурусту мантиқӣ буд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сиёсати ҳукумат дар масъалаи мубориза бо ақидаҳои ифротӣ ҳимоят кард ва гуфт, истифодаи қувва дар қиболи гурӯҳҳои тундгаро як кори дурусту мантиқӣ буд. Ӯ мегӯяд, агар бо чунин шева бо гурӯҳҳои тундгаро дар Тоҷикистон муқобилият намекарданд, ҳоло онҳо ин кишварро ноором мекарданд.

Радиои Озодӣ рӯзи 8 декабр бо муфтии Тоҷикистон як сӯҳбати ихтисосии видеоӣ орост. Ин сӯҳбат дар пасманзари қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи таҷлили мавлуди пайёмбари ислом дар ҳафтуми декабр сурат гирифт.

Абдулқодирзода: Ин қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сурат гирифтааст. Дар қонуни мазкур гузаронидани мавлуд бе додани таом дар масҷидҳо иҷоза дода шудааст. Албатта, солҳои қаблӣ тақрибан то шаш моҳ, бо қарори Шӯрои уламо дар масҷидҳо бонавбат ҷашни мавлуд баргузор мешуд. Мавлудхонӣ, васфу сифати пайёмбари гиромии мо гуфта мешуд ва мардум бо пайёмбарашон бештар шинос мешуданд. Ҳоло раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор баровард, ки ин ҳафта рӯзи ҷумъа (9 декабр) мавлуди паёмбари гиромии ислом гузаронида шавад. Дар ин мавлуд роҳнамоиҳои паёмбар ба сӯи дӯстӣ, роҳнамоиҳояшон ба сӯи бародариву раҳму шафқат зикр хоҳад шуд.

Абдулқодирзода: "Истифодаи зӯр дар муқобили ифротиҳо кори дуруст буд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:32 0:00

Радиои Озодӣ: Таъкиди шумо дар ин фатво ин буд, ки мавлуд бояд бидуни додани ғизо сурат бигирад. Магар солҳои пеш додани ғизо дар мавлуди паёмбар дида мешуд?

Абдулқодирзода: Албатта, дар Қонуни танзими анъана зикр шудааст, ки қайд кардани мавлуди паёмбар(с) бе додани таом баргузор мешавад. Одатан, мувофиқи мазҳаби Имом Абу Ҳанифа дар масҷидҳо хӯрдани таом кароҳият дорад. Дар ҷои ибодат набояд бӯю нишонаҳои таом бошад. Аз ин нуқтаи назар мо таъкид кардем, ки рӯзи ҷумъа бе додани таом баргузор шавад. Аз тарафи дигар, мо бояд қонунро риоя кунем, ки онро вакилони мардумӣ қабул кардаанд. Муҳим аз баргузор кардани мавлуд он аст, ки мардум аз амалу корҳои пайёмбари худ бештар огоҳ шаванд, аз тавсияҳою насиҳатҳо ва ҳадисҳои саҳҳеҳ бохабар бошанд. Имрӯз мебинем, ки олами ислом хеле ноором шудааст ва фитнаву душманигарӣ миёни гурӯҳҳои гуногуни мусалмонӣ авҷ гирифтааст. Мутаассифона ва бадбахтона вазъи рӯзгори бархе мусалмонҳо чунин шудааст. Барои роҳ надодан ба чунин фитнаҳо бояд мардум аз дини ростини худ, дини мӯътадили хайр огоҳ бошанд ва ба фитна дода нашаванд.

Радиои Озодӣ: Аз даргириҳои кишварҳои исломӣ ёдовар шудед. Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош дорад аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия ва Ироқ ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин миён, нақши шумо ва Шӯрои уламо барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав чӣ буд?

Абдулқодирзода: Банда борҳо ба воситаи расонаҳо ва сомонаи махсуси Шӯрои уламо, дар сӯҳбату вохӯриҳо бо ҷавонону фаъолон дар минтақаҳо сӯҳбат доштам. Дар мактабҳои миёнаву ҷамоатҳо низ дар ин бораҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доштем. Таъкид кардем, ки онҳое, ки ба ин гурӯҳҳои тундгаро, гурӯҳҳои террористӣ пайваст шуданд, аслан аз дин огоҳ нестанд, аз воқеияти дин огоҳ нестанд. Ҳарчанд, амали худро ҷиҳод ҳам номида бошанд, аммо ҷиҳод ин нест, ки инсон биравад ва як инсони осоиштаро, ки ба касе зиён надорад, бикушад ва ё чанд ҳазор километр роҳ бираваду як мусалмонро ба қатл бирасонад. Болои ин гуна инсонҳо азоби Худованд хеле зиёд аст. Бо ин роҳҳо, мо саҳми худро гузоштем. Ҳамчунин, ҳар ҳафта дар рӯзҳои ҷумъа, мавъизаҳое, ки мо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин ва танзими анъана омода мекардем, дар ин мавзӯъҳо сӯҳбат мешуд. Соли ҷорӣ онҳое, ки шомили ин гурӯҳҳо мешуданд, то ҳаде камтар шуд. Ин офат, ин мусибат махсуси Тоҷикистон ҳам нест. Давлатҳои пешрафта ва тараққикарда аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ба ин фитнаҳо гирифтор шуданд. Ин фитна фитнаи аср аст. Ба ҳар ҳол, хушбахтона ходимони дин, зиёиён дар фаъолият ҳастанд, ба хотири пешгирии ҷавонон аз пайваст шудан ба ин гурӯҳҳои зиёновар ба мусалмон.

Радиои Озодӣ: Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон бинобар сабаби аз зӯр кор гирфитан гурӯҳҳои ифротӣ ба пинҳонкорӣ гузаштанд. Шумо чӣ фикр доред, оё бо ин гурӯҳҳо бояд аз зӯр кор гирифт ва ё бо шеваи ташвиқу тарғиб ва муборизаи идеологӣ онҳоро аз ақидаашон баргардонд?

Абдулқодирзода: Ҳеҷ ҳукумате бе сиёсат ва бе ташвиқу тарғиб пойдор буда наметавонад. Аз як тараф ташвиқу тарғибот ҳатмӣ бояд бурда шавад ва инсонҳое, ки дарк доранд, ақл доранду гуфтаҳоро мефаҳманд, барояшон ошкоргӯӣ кори хуб аст. Ин гуна мардум бо фаҳмидан мефаҳманд ва аз роҳи бад бармегрданд. Аммо дар ҷомеа панҷ панҷа як нест. Инсонҳои муғриз низ ҳастанд, инсонҳое ҳастанд, ки рӯҳу равоншон фарқ мекунад. Онҳо фикр мекунанд, ки бо кадом роҳе набошад, бояд қаҳрамон шаванд. Хоҳ бо роҳи ҳаром, хоҳ бо роҳи зӯрӣ. Ё ин ки инсонҳое ҳастанд, ки фирефтаи маблағ мешаванд ва ба ин роҳ мераванд. Ин роҳҳо ҳаст. Маълум аст, ки ҳукумат қувваҳои қудратӣ дорад. Ҳукумате, ки қувваи қудратӣ надорад, ҳукумат намебошад. Ҳоло, ки қувваҳои қудратӣ ҳастанд, онҳо ҳам бояд дар оромии ҷомеа саҳми асосӣ гузоранд, чуноне, ки ходимони дин низ бояд бетараф набошанд. Муҳим барои тамоми мусалмонон ин оромӣ ҳаст. Дар натиҷаи оромӣ мо метавонем ҳам дину ҳам дунёамонро дигар кунем. Дар оромӣ мо метавонем пешравии диниву дунявӣ ба даст биорем. Мебинем, ки аз ин нооромиҳо қувваҳои бадхоҳ чӣ гуна истифода мекунанд. Аз он нооромиҳо фоида ба даст меоранд. Ба хотири ҳамин ба фикри ман ҳам ташвиқу тарғиб бошад, ҳам истифодаи қувва низ бошад. Агар истифодаи қувва набошад, ин гурӯҳҳо аз ҳад мегузаронанд. Шумо дида будед, ки ин гурӯҳҳо дар масҷидҳо ба таҳқиру дашном ва мушрику кофиргӯии баъзе гурӯҳҳо овоз баланд карда буданд. Ҳатто сафҳои намозгузорон ноором шуда буд. Ҳоло бубинед, кишварҳоеро, ки ноором карда буданд, масҷидҳои таърихиро аз байн бурданд. Масҷидҳое, ки ҳазор соли пеш сохта шуда буданд. Ҳоло дар он кишварҳо куҷост ибодат, куҷост бародариву ухуват, куҷост дигар ободкориҳо? Агар исломро ҳадафи аслиаш тавҳиду ягонагии парвардигор бошад, яке аз ҳадафҳои асосиаш ин ухувату муҳаббат миёни мусалмону дигарҳо аст. Пайёмбари ислом ҳам гуфта буданд, ки мусалмон ҳамон мусалмоне аст, ки аз дасташ на мусалмон, на ғайри мусалмон, ҳатто кофир озор набинад. Мутаассифона, мо ин рафторҳоро дидем. Агар истифодаи қувва намебуд, ин тарғибу ташвиқ намебуд, ҳоло шоҳиди нооромӣ дар масҷидҳо мешудем. Ба хотири ин ки зиндагӣ ором пеш биравад, диндорӣ ором пеш биравад, ибодат бо ҳузури дил бошад, бояд ҳатмӣ аз ҳама ҷиҳат кор бурд. Ҳамчуноне, ки мукаммалкунандаи ин давлат ҳама қишрҳои ҷомеа аст, ба хотири оромии ин давлат бояд ҳама қишрҳо дар ҳаракат бошанд

XS
SM
MD
LG