Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдуҳалим Ғаффоров, ки ду бор дар интихоботи президентии Тоҷикистон шикаст хӯрда буд, дар интихоботи парлумонии 1 март аз феҳристи ҳизбӣ вакили Маҷлиси намояндагон шуд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон (ҲСТ), соҳиби як ҷой шудани ҳизбаш дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумонро ба нерӯи худи ин ҳизб рабт дод. Ӯ гуфт, дар интихоботи парлумонии рӯзи як март касе ба ӯ ва ҳизбаш кӯмак накардааст ва ҷои гирифтаашон дар Маҷлиси намояндагон ҳаққи ҳалоли онҳост.

Ҷаноби Ғаффоров, ки рӯзи 3 март бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, “вақте ҳизби мо дар муқоиса ба аҳзоби дигар соҳиби раъйи бештар шуд, ин маънои онро дорад, ки мардум ба барномаи мо эҳтиром гузоштааст. Барномаи мо дар ин интихобот хеле ҷиддӣ буд.”

Вай аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба унвони интихоботи озоду демократӣ тавсиф кард ва афзуд, “интихобот дар як фазои демократӣ ва тибқи қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ гузашт. Дар натиҷаи он ва фарҳанги сиёсии баланди интихобкунандаҳо ҳизбҳое, ки ба мардум такя мекарданд, бештар вориди парлумон шуданд.”

Ин бори аввал аст, ки ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров вориди парлумон мешавад. Бар асоси ҳисобҳои пешакии Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ин ҳизб дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 5,5 дарсад, яъне овози 210 ҳазор афроди қобили раъйро ба даст оварда, аз ҳизби коммунисту наҳзати исломӣ ва демократу сотсиал-демократ пеш гузаштааст. Ин ҳизб, ки садди 5-фоизиро убур кард, метавонад як намояндаашро ворид парлумон кунад.

Раиси ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон мегӯяд, онҳо ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дархӯри сокинон зиёд таваҷҷуҳ карда буданд ва маълум мешавад, мардум онҳоро ба хушӣ пазируфтааст.

Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, бино ба мушоҳидаҳои онҳо, ҳузури мардум барои раъйдиҳӣ дар интихоботи имсолаи парлумонӣ низ чашмрас буд: “Акнун интихобкунандагон ҳам дарк кардаанд, ки бояд ба кадом ҳизб овоз диҳанд ва ин ҳизб мақсадаш аз чӣ иборат аст. Мо дар асоси талошҳои худ ба ин муваффақ шудем.”

Сафаралӣ Кенҷаев

Сафаралӣ Кенҷаев

Дар мавриди он ки ҳизби сотсиалистӣ то куҷо ҳизби “кисагӣ” ва пирӯзии Абдуҳалим Ғаффоров то куҷо интихоби мардум ё “таъинист”, раиси ҲСТ гуфт, “ин ҷо ягон таъинот нест, балки интихоб аст. Тавре гуфтам, мо аз ҳисоби барномаи хубамон ба бовари халқ сазовор шудем. Барои мисол, барномаи ҳизби сотсиалистиро бо наҳзати исломӣ муқоиса кунед, барномаи мо чанд гардан аз онҳо болотар аст. Ин ҳизб барои он вориди парлумон нашуд, ки уламоҳое, ки дар сафи онҳо буданд, обрӯяшонро ба замин заданд. Ин андеша, ки ҳизби сотсиалистӣ бо нерӯи худ вориди парлумон шуда наметавонад, хатои маҳз аст. Вақте дигарон ба парлумон ворид шуда буданд, мо нагуфтем, ки онҳо ҳеч чиз ҳастанд.”

Абдуҳалим Ғаффоров шоми 28 январи соли ҷорӣ дар барномаи пеш аз интихоботии ҳизбаш тариқи ТВ-ҳои давлатӣ пешниҳод кард, ба ҳар як кӯдаки навзод то расиданаш ба синни балоғат бояд ҳукумат пул диҳад. Дар сурати иҷро шудани ин пешниҳодҳои ҳизби сотсиалист, ба бовари Ғаффоров, Тоҷикистон ба “биҳишти сотсиалистӣ” мубаддал мешавад. Раиси ҲСТ мегӯяд, ин пешниҳодҳояшро аз ёд набурдааст ва дар сурати ба кор оғоз карданаш дар парлумон онро дар миён хоҳад гузошт.

Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 90 аз сӯи Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари низ собиқи Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, таъсис ёфтааст. Баъди кушта шудани Кенҷаев дар соли 1999 раҳбарии ҳизби сотсиалистро Мирҳусайн Нарзиев бар ӯҳда гирифт. Дар пешорӯи интихоботи парлумонии соли 2005 ба раҳбарии ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров омад. Тарафдорони Нарзиевро инро "табаддулоти дохилиҳизбӣ"-е унвон карданд, ки ба ақидаи онҳо, мақомоти Тоҷикистон ба хотири ба ҳизби кисагии ҳукумат табдил додани ҳизби сотсиалист роҳандозӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG