Пайвандҳои дастрасӣ

Мардумшиноси олмонӣ: "Занони тоҷик бо вуҷуди сахтиҳо худро хушбахт меҳисобанд". ВИДЕО


Светлана Торно, мардумшиноси олмонӣ.

Светлана Торно, мардумшиноси олмонӣ, ки тақрибан як сол сохтори хонаводаҳои суннатӣ ва нақши зан дар оила дар Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, занони тоҷик бо вуҷуди онки сахтӣ мекашанд, худро хушбахт меҳисобанд. Светлана Торно аз соли 2014 то соли 2016 чанд дафъа ба Тоҷикистон ва бахусус вилояти Хатлон рафта ва онҷо суннатҳои хонаводагӣ ва нақши зан дар онро таҳқиқ кардааст. Радиои Озодӣ бо Светалана Торно дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоташ сӯҳбат кард.

Воқеан, вақте дар Тоҷикистон будам, ҳамин чиз маро ҳамеша таҳти таъсир қарор медод, ки мардум чӣ гуна худро хушбахт эҳсос мекунанд.

Радиои Озодӣ: Таҳқиқи Шумо чиро нишон дод, оё суннатҳо дар хонаводаҳои тоҷик тағйир ёфтааст?

Светлана Торно: "Таҳқиқи ман нишон дод, ки дар Тоҷикистон хонавода ҳанӯз ҳам як ниҳоди фавқулодда муҳим барои мардум аст. Азбаски мавзӯи асосии таҳқиқоти ман нигоҳубини аъзои хонавода буд, ман дарёфтам, ки дар Тоҷикистон мардум барои таъмини ояндаи хуб дар оила ба якдигар бисёр такя мекунанд. Айни чиз дар зиндагии рӯзмарра ҳам дида мешавад ва аъзои хонавода бо ёрии моливу иҷтимоӣ ва равонӣ ва бо такя ба ҳамдигар зиндагиро пеш мебаранд. Масалан, волидон барои бузург кардану таҳсили фарзандон сармоягузорӣ мекунанд, то дар оянда фарзандонашон онҳоро нигоҳубин намоянд."

Навори сӯҳбат дар инҷост:

Радиои Озодӣ: Онгуна ки дидед, бисёре аз мардони тоҷик дар Русия ҳастанд, занҳо низ дар хона бо бачаҳо танҳо. Кӣ бештар азоб мекашад, зан ё мард, ё ҳарду?

Светлана Торно: "Воқеан, Шумо дуруст гуфтед, ҳардуяшон азоб мекашанд. Барои ҳарду тараф мушкил аст, ҳам барои мард ва ҳам барои зан. Ҳарду тараф вазъи мушкил доранд, аммо аз ҷиҳатҳои комилан гуногун. Вақте хонавода мегӯем, зану шавҳарро дар назар дорем. Вақте шавҳар меравад, ҳам ӯ ва ҳам завҷа аз назари равонӣ азоб мекашанд ва бояд роҳҳои таҳҳаммули дурӣ аз ҳамдигарро пайдо кунанд. Завҷа дар хона бояд ба нигоҳубини фарзанд, кори хона ва саробонии хусуру хушдоман машғул мешавад ва шавҳар дар Русия кор мекунад, то ба онҳо пул бифристад. Ҳарду тараф ранҷ мекашанд ва бояд роҳҳои иртибот бо ҳамдигарро пайдо кунанд. Ҳоло Интернету Скайп ва телефонҳои ҳушманд ба ҷуфтҳои ҷавон кумак мекунад, ки аз роҳи дур бо ҳам дар иртибот бошанд. Ба фикри ман барои ҳарду мушкил аст."

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо се мушкили аслии занони тоҷик кадомҳоянд?

Светлана Торно: "Се мушкили асосии занони тоҷик, ба назари ман, дастрасии кам ба кор бо маоши хуб, муҳоҷирати корӣ ва мушкилоти он барои зиндагии оила аст. Ва ҳам қимати баланди таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ дар Тоҷикистон аст. Ба фикри ман, ҳамин се мушкили асосии занон дар Тоҷикистон аст."

Радиои Озодӣ: Мо бисёр шунидаем, ки дар бораи занони тоҷик мегӯянд, бисёре аз онҳо бо вуҷуди тамоми сахтиҳое, ки мекашанд худро хушбахт меҳисобанд. Оё ҳамин гуфта воқеият дорад?

Светлана Торно: "Бале. Ба фикри ман чунин аст. Воқеан, вақте дар Тоҷикистон будам, ҳамин чиз маро ҳамеша таҳти таъсир қарор медод, ки мардум чӣ гуна худро хушбахт эҳсос мекунанд. Медидам, ки вақте занон дар байни аъзои оила ва ё дӯстон ҳастанд, бисёр хушҳоланд. Бо назардошти шароити сахти зиндагӣ ва айни замон худро хушбахт эҳсос кардани онҳо, воқеан, маро таҳти таъсир қарор медод. Албатта дар зиндагиашон мушкилот пеш меояд, шояд узви хонавода мефавтад, ингуна ҳолатҳо ҳастанд. Вале дар умум мардум механданд, аз паси зиндагиашон ҳастанд ва ба оянда бисёр хушбин ба назар мерасанд."

Радиои Озодӣ: Дар муддати тақрибан як сол, ки дар Тоҷикистон будед, аз занони тоҷик чиро омӯхтед?

Светлана Торно: "Аввал пухтани ғизоҳои тоҷикиро ёд гирифтам, дуввум инки хонавода як чизи бисёр муҳим аст ва барои Шумо дар зиндагӣ шодии зиёд ва умед ва амният меорад. Зимни таҳқиқот ман арзиши инро фаҳмидам. Ман аз занони тоҷик пӯхтани хомшӯрбо, албатта, ош ва мантуро ёд гирифтам. Омода кардани гулманту маро, воқеан, ба ҳайрат овард, ман ҳеҷ гоҳ чунин мантуро надида будам."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG