Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Амакиев: Рустам пеш аз марг бо ман хайру хуш карда буд


Падари фармондеҳи кушташудаи гурӯҳи “Алфа” мегӯяд, то замони шунидани хабари марги фарзандаш намедонист, ки ӯ дар дараи Ромит қарор дорад.

Холалӣ Амакиев, падари фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 25-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду соат қабл аз марг фарзандаш бо ӯ сӯҳбати телефонӣ дошт, вале шояд ба хотири мушавваш нашудан гуфтааст, ӯ дар Душанбе қарор дорад. Аммо Рустам Амакиев ғайриинтизор аз падараш тақозо мекунад, то ба дидорбинии набераҳояш биояд.

Ӯ гуфт: “Пурсидам, ки дар куҷоӣ, гуфт дар Душанбе. Гуфт, намеоӣ набераву келинатро хабар гирифта, як ду рӯз дар хонаи мо биистӣ. Гуфтам, ҳоло дар мактаб дарс дорам ва агар фурсат шуд, ҳатман меоям. Бо ҳамин хайру хуш кард ва баъдан ман фаҳмидам, ки ҳамон рӯз амалиёташон шурӯъ шудааст. Яъне, ду соат пеш аз маргаш бо ман хайру хуш карда буд.”

Бо гузашти панҷ соат аз гуфтугӯ бо писар ӯро Мусо Ғаффор, раиси ноҳияи Восеъ ба қабулаш даъват мекунад. Ӯ мегӯяд, раиси ноҳия пас аз сӯҳбати тӯлонӣ хеле эҳтиёткорона гуфт, “миёнатро маҳкам банд, ки фарзандат қаҳрамонона дар Ромит ҳалок шуд”. Танҳо пас аз ин, падар хабар ёфтааст, ки писараш дар Ромт қарор доштааст.

Падари Амакиев мегӯяд, писараш дар бораи нақшаҳои корӣ ҳеҷ гоҳ бо ӯ сӯҳбат намекард ва ҳатто таъйин шудан ба мақоми фармондеҳии гурӯҳи “Алфа”-ро аз ӯ пинҳон дошта буд:

“Вақте командири “Алфа” шуд, як ё ду рӯз пеш танҳо аз ман дуо гирифт. Гуфт, дуо бидеҳ, ки ба вазифаи дигар гузаштам. Гуфтам, ки кадом вазифа, гуфт, ин сӯҳбати телефонӣ нест. Баъдан, чанд рӯз пас дар ноҳия маро дигарон табрик карданд. Гуфтам ба Соли нав табрик мекунед, ки гуфтанд, не Рустам командири “Алфа” шудааст. ”

Полковник Рустам Амакиев бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” таъин шуда буд. Ӯ то синфи 8-ум дар мактаб-интернати ноҳияи Шӯрообод таҳсил карда, баъдан омӯзишгоҳи касбии техникии ноҳияи Восеъро хатм мекунад. Холалӣ Амакиев, падари Рустам мегӯяд, вақте фарзандаш мактаби миёнаро хатм кард, тоза Колеҷи ҳарбӣ таъсис ёфта буд.

Холалӣ Амакиев бо ёддоварӣ аз он рӯзҳо гуфт: “ Ману модараш хостем, дар он ҷо таҳсил кунад. Бисёртар модараш барои таҳсили ӯ дар коллеҷи ҳарбӣ ҳаракат мекард. Аз он ҷо баъдан таҳсилашро дар шаҳри Рязани Русия давом дода, он ҷоро хатм кард ва ҳамин тавр як шахси ҳарбӣ шуд. Дар ягон кор монеаш набудам. Ӯ дар кадом вазифа кор мекунад, чӣ кор мекунад, монеаш намешудам, зеро ӯ дар ақидааш устувор буд ва медонист, ки чӣ кор мекунад.”

Полковник Рустам Амакиев, ки 35 сол дошт, рӯзи 16-уми сентябр бар асари як даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукумати ва гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат кушта шуд.

Ӯро рӯзи 17-уми сентябр дар зодгоҳаш ноҳияи Восеъ ба хок супурданд. Рӯзи 25-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо афсарону сарбозон пас аз марг ба ӯ рутбаи генерал-майор ва ордени Спитамен, дараҷаи аввал супурд. Ҳамчунин, ба ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғаш дар Душанбе як манзили се ҳуҷрагӣ ҳадя карда шуд.

Рустам Амакиев дар ҳоле кушта шуд, ки гурӯҳи зери раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистонро дар Дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат пайгирӣ мекард.Пайгирии гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода рӯзи 4-уми сентябр пас аз як ҳамлаи хунбор ба ШКД-и ноҳияи Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ оғоз ёфт.

Рӯзи 16-уми сентябр пас аз чанд соати кушта шудани Рустам Амакиев Абдуҳалим Назарзода ҳамроҳ бо даҳ тан аз ҳамроҳонаш кушта шуд.Дар пайи 12 рӯзи ин амалёт тибқи иттилои расмӣ 14 корманди мақомоти интизомӣ ва 32 тан аз афроди гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуд.

Гуфтугӯ бо падари Рустам Амакиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:54 0:00

XS
SM
MD
LG