Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ланд: Ба хориҷ рафтани ҷавонони тоҷик набояд мояи нигаронӣ бошад. ВИДЕО


Профессор Тиит Ланд
Профессор Тиит Ланд

Профессор Тиит Ланд – раиси Донишгоҳи Таллинн – барои даъвати ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳҳои Эстония ба Душанбе омадааст. Вай рӯзи 28 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аллакай бо намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот кардааст ва зоҳиран роҳи ҳамкории ояндаи онҳо то ҳадде ҳамвор шуд.

Ҳама “Skype”-ро медонанд, вале хеле ками одамон медонанд, ки ин барнома дар Таллинн сохта шудааст. Аз ин рӯ, фанновариҳои иттиллоотӣ қатъан заруранд.

Тиит Ланд: “Бояд миёни ду донишгоҳ қарордод ба имзо бирасад. Яке аз барномаҳои мо “Erasmus+” аст, ки аз тарафи Комиссияи Аврупо ҳимояти молӣ мешавад. Барномаи таълимӣ ҳам барои табодули донишҷӯён мушаххас мешавад. Баъдан донишҷӯён метавонанд ба Донишгоҳи Таллинн санад супоранд ва мо метавонем донишҷӯён ва ҳайати илмии худро ба инҷо фиристем. Умед дорам, ки ин кор дар оянда сурат мегирад.”

Профессор Ланд: Аз хориҷ рафтани ҷавонон нигарон набошед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Радиои Озодӣ: Оё касе берун аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам метавонад, ба Донишгоҳи Таллинн ҳуҷҷат супорад? Барои мисол, баъд аз хатми мактаби миёна...

Тиит Ланд: “Бале, панҷ дар сади донишҷӯёни Донишгоҳи Таллин аз кишварҳои хориҷӣ ҳастанд. На танҳо барои барномаҳои табодулӣ, балки дар барномаҳои пурраи ин донишгоҳ таҳсил мекунанд. Барои ин, хеле аз барномаҳои таълимиро ба забони англисӣ ба роҳ мондем. Замоне ки қарордод имзо мешавад, масъалаи пули таҳсилро ҳам дар миён мегузорем. Донишҷӯёне, ки бар асоси ин қарордод ба Донишгоҳи Таллинн меоянд, пули таҳсилро намепардозанд. Донишгоҳи мо баъзан дар мавриди таъмини хобгоҳ ҳам кумак мекунад. Дар айни замон донишҷӯён имкон доранд, ки аз созмонҳои гуногун бурсия дарёфт кунанд.”

Лаҳзае аз сӯҳбати Сайфи Сафар бо Тиит Ланд
Лаҳзае аз сӯҳбати Сайфи Сафар бо Тиит Ланд

Радиои Озодӣ: Кадом ихтисосро барои донишҷӯёни тоҷик пешниҳод мекунед?

Тиит Ланд: “Дар ин маврид чизе гуфтан барвақт аст, вале имрӯз ихтисоси “ҳуқуқи байналмилал”-ро баррасӣ кардем. Ғайр аз ин, барномаҳои дигари мӯътабар ба забони англисӣ дорем. Сифати таълим дар системаи маорифи мо дар авлавият қарор дорад. Ихтисосҳои дигаре ба монанди филмсозӣ ва технологияи иттилоотӣ аз барномаҳоест, ки мо метавонем пешниҳод кунем. Ҳама “Skype”-ро медонанд, вале хеле ками одамон медонанд, ки ин барнома дар Таллинн сохта шудааст. Аз ин рӯ, фанновариҳои иттиллоотӣ қатъан заруранд. Ғайр аз ин аз таҷрибаи шахсии худам мегӯям, ки баланд бардоштани дониши омӯзгорон ва гузаронидани давраҳои омӯзишӣ барои онҳо хеле зарур аст. Ба он хотир ки хонандагони мактаби миёна бояд то омадан ба донишгоҳ заминаи хубӣ таълимӣ дошта бошанд.”

Радиои Озодӣ: Аммо масъалаи ба расмият шинохтани гувоҳномаҳои таҳсил чӣ гуна аст?

Тиит Ланд: “Ин масъалаи дигар аст, ки бояд миёни ҳукуматҳо ҳаллу фасл шавад. Вале, мадракҳои таҳсилии мо арёзбии байналмилалӣ доранд ва дар бештаре аз кишварҳо ба расмият шинохта шудаанд.”

Эстония ҳам дучори “фирори мағзҳо” буд ва ҳанӯз ҳам аст. Ман 16 сол умри худро дар хориҷ гузарондам ва саранҷом ба кишвар баргаштам. Мо набояд ба берун рафтани ҷавонон зиёд назари интиқодӣ дошта бошем. Ин аз рушди ҷомеа вобаста аст, ки чӣ қадар аз нигоҳи иқтисодӣ кишвар рушд мекунад.

Радиои Озодӣ: Интизориҳои Шумо аз ин мулоқотҳо чӣ аст? Кай нахустин гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик ба Донишгоҳи Таллинн хоҳанд рафт?

Тиит Ланд: “Умед дорам, ки ин чиз дар соли таҳсили оянда, яъне соли 2018 шурӯъ мешавад. Мо мушоҳида кардем, ки аз ҳар ду ҷониб майл ва манофеи муштарак вуҷуд дорад. Чӣ қадар қабул кардани донишҷӯён аз барномаи таълимӣ вобаста аст. Агар дар бораи донишҷӯёни риштаи ҳуқуқ суҳбат кунем, метавонем аз 5 то 10 донишҷӯ қабул кунем. Бояд гӯям, ки мо имрӯз фаъолиятҳои тафреҳиро ҳам баррасӣ кардем. Тоҷикистон як кишвари бо табиати зебо аст ва соҳаи сайёҳӣ ба монанди Эстония ҷо афтодааст. Дар ин замина ҳам метавонем ҳамкорӣ кунем.”

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо мушкили аслӣ дар заминаи ҳамкорӣ чӣ хоҳад буд?

Тиит Ланд: “Албатта, масъалаи молӣ мушкили аслӣ аст. Мо медонем, ки табодули донишҷӯён маблағи иловагӣ мехоҳад. Ба ҷуз аз ин, масъалаи мушаххас кардани барномаи таълимӣ аст, ки бояд хеле муассир бошад. Ин гуна корҳое ҳастанд, ки мо ҳар рӯз бо онҳо сару кор дорем ва ман намехоҳам онҳоро чолиши бузург ном бибарам.”

Радиои Озодӣ: Кишварҳое мисли Тоҷикистон дучори “фирори мағзҳо” шудаанд. Оё кафолат медиҳед, ки донишҷӯёни тоҷик ба Тоҷикистон бармегарданд ё талош мекунед, ки онҷо бимонанд?

Тиит Ланд: “Суоли хеле хуб аст. Ин як чизи нав нест. Эстония ҳам дучори “фирори мағзҳо” буд ва ҳанӯз ҳам аст. Ман 16 сол умри худро дар хориҷ гузарондам ва саранҷом ба кишвар баргаштам. Мо набояд ба берун рафтани ҷавонон зиёд назари интиқодӣ дошта бошем. Ин аз рушди ҷомеа вобаста аст, ки чӣ қадар аз нигоҳи иқтисодӣ кишвар рушд мекунад. Бале, дар аввал ҷавонон берун мераванд, аммо набояд онҳоро иҷборан овард. Баъд аз 10 ё 15 сол ба кишвар бармегарданд. Ба хориҷ рафтани ҷавонон ва бозгашташон як чизи табиӣ аст. Ин чиз рӯшан аст, ки ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ мераванд. Тавсияи ман ин аст, ки кишвар бояд барои ҷавонон имкон фароҳам оварад, вале ҳама чиз дар як замон имкон надорад.”

XS
SM
MD
LG