Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Толибон ба орзуяшон нарасиданд. ВИДЕО


Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, мегӯяд, ки Толибон натавонистаанд ба орзуяшон бирасанд. Ӯ дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар Варшава - пойтахти Лаҳистон - гуфт, Толибон фикр мекарданд, дар соли 2015 метавонанд бахшҳои зиёде аз Афғонистонро таҳти итоати худ дароранд, аммо тирашон ба хок хӯрд.

Доктор Абдуллоҳ дар идомаи суҳбаташ дар бораи хатари "Давлати исломӣ" ба Афғонистону ҳамсояҳояш низ суҳбат кард ва гуфт, бо вуҷуди “дарди сар" буданаш ин гуруҳ оянда нахоҳад дошт.

"Давлати исломӣ" таҳдидест, ки ҳеч кишвар нодида гирифта наметавонад. Онҳо дар як-ду соли пеш дар шарқи кишвар фаъолиятро оғоз карда буданд. Аммо мардум дар баробарашон қиём карданд. Нерӯҳои давлатӣ ҳам хуб кор карданд. Дар инҷо оянда надоранд. Вале ҳамзамон шак надорам, ки ҳам барои мо ва ҳам барои кишварҳои дигар як мушкил боқӣ хоҳад монд," - гуфт Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Суҳбати комили хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ Мустафо Сиддиқро бо доктор Абдуллоҳ дар инҷо тамошо кунед:

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Толибон ба орзуяшон нарасиданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:31 0:00

XS
SM
MD
LG