Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис ба муҳоҷирон: "Так вам и надо!"


Амалиёти пулис дар радиобозори Митинои Маскав

Амалиёти пулис дар радиобозори Митинои Маскав

Рӯзҳои ахир дар шаҳри Маскав ва атрофи он боздошти муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз афзоиш ёфтааст.

Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. 29--уми июл дар ҷараёни як амалиёти боздошт аз бозори “Матвеевский”-и Маскав ва баъд аз он дар бозорҳои дигар дар чунин амалиёт пулис бештар аз 500 нафарро боздошт кард.

Дар остонаи ин боздоштҳо ду амалиёти дигари боздошт дар намозгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар Митиш ва Печатники анҷом гирифт. Дар Митиш тақрибан 200 нафар ва дар Печатники тақрибан 300 нафарро боздошт ва бо автобусҳо ба шӯъбаҳои пулис интиқол доданд. Шоҳидони ин боздоштҳо мегӯянд, ҳангоми боздошт кормандони пулис онҳоро таҳқир ва ҳатто лату кӯб мекунанд. Намунаҳоеро ҳикоят мекунанд, ки пулис ҳуҷҷатҳоро барои тафтиш мегирад, вале барои баргардонидан ришва талаб мекунад, бо вуҷуди ин ки ҳуҷҷатҳо дурустанд. Мо бо яке аз чунин боздоштшудагони намозгоҳи Митиши вилояти Маскав мусоҳиб шудем ва хостем дар оғоз худро шинос кунад:

Маҳмуд: Номи ман Каримов Маҳмуд. Онҳо (пулис) ба мо мегӯянд: “Вот так вам надо. Ба шумо нишон додан даркор, ки мо кӣ ҳастем”. Мо дар намози таровиҳ будем. Дар он ҷо мо ҷамъ мешавем, як муллои баққувват дорем. Мо ҳам намоз мехонем ва ҳам сабақ мегирем. Омада аз ҳамон ҷо моро бурданд.

Озодӣ: Намозгузорон тақрибан чанд нафар буданд.

Маҳмуд: Аз 150 нафар зиёд буданд.

Озодӣ: Ин ҷо намозгоҳи муваққатӣ буд?

Маҳмуд: Дар ҳамин моҳи Рамазон як биноро иҷора гирифтаанд. Рости гап инҷоро кай кушода бошанд, ман намедонам.

Озодӣ: Он ҷо киҳо мераванд?

Маҳмуд: Ҳамаи миллатҳо ҳастанд. Узбакҳо, қирғизҳо, чеченҳо, доғистониҳо ва банглодешиҳо ҳам ҳастанд.

Озодӣ: Он ҷоро киҳо иҷора гирифтаанд?

Маҳмуд: Тоҷикон иҷора гирифтаанд. Як чечен ҳам ҳаст.

Озодӣ: Ҳоло ин намозгоҳро бастаанд?

Маҳмуд: Не, бачаҳо рафта хонда истодаанд. Мо дуртар дар Маскав зиндагӣ мекунем. Ҳар рӯз рафтан мушкил аст. Дар роҳҳо мошин зиёд. Тафтиш мекунанд. Баъд аз ин ҳодиса дигар нарафтем. Пештар як ду мошин одам рафта меомадем.



Озодӣ: Вақте, ки ба шӯъбаи пулис мебаранд, чӣ талаб мекунанд?

Маҳмуд: Тафтиш мекунанд, гапҳои бемаънӣ мезананд. Гап бисёр... Мегӯянд, ки “приехали, понаехали. Ватантон баргашта равед. Моро безор кардед”. Мо гуфтем, Ватанамон чӣ хел меравем. Якҷоя дар ҷанг бар фашизм ғалаба кардем. Имрӯз намехоҳед, ки бо мо якҷоя зиндагӣ кунед. Моро одамони махсус оварда ба шӯъбаи пулис супурданд, дар ин ҷо се-чор соат тафтиш карданду сар доданд.

Озодӣ: Оё ҳангоми пурсиш таҳқир ҳам мекунанд?

Маҳмуд: Бале, албатта.

Озодӣ: Ин кадом шӯъбаи пулис аст, ҳамон маҳале нест, ки тақрибан 200 нафар намозгузорро боздошт карданд?

Маҳмуд: Бале, бале.

Озодӣ: Ба назари шумо ҳамин боздоштҳо аз куҷо сарчашма мегирад?

Маҳмуд: Аз ин пеш ҳам боздошт мекарданд, гапҳои бемаънӣ мезананд. Пештар якуним ду ҳазор медодӣ, ҳоло 5 ҳазор рубл мепурсад.

Озодӣ: Агар ҳуҷҷат набошад, 5 ҳазор мепурсад?

Маҳмуд: Бале.

Озодӣ: Агар ҳуҷҷатҳоятон дуруст бошаду дар хона фаромӯш шуда бошад, чӣ мегӯянд?



Маҳмуд: Се чор соат вақт медиҳанд, ки ягон шиносатон оварда нишон диҳад.
Озодӣ: Оё дар ҳамин ҳолатҳо ҳам пул мегиранд?

Маҳмуд: Бале, агар 5 ҳазор диҳӣ, ту одами нағз. Вақте, ки одамонро дар автобус шинонданд, паспортҳоро ҷамъ карданд. Касе, ки пул дод, паспорташро доданд, хеста рафт. Ҳамин доғистониро ҳам сабаб карданду мардумро боздошт карданд. Пул ҷамъ карданду онҳоро сар доданд. Мана, бегоҳӣ хонаи мо участковий омад, ҳуҷҷатҳоро тафтиш кард, хонаро дид. Ҳозир хона ба хона тафтиш сахт рафта истодааст.

Озодӣ: Сабабаш чӣ бошад?

Маҳмуд: Сабабашро намедонам. Ман дар ин ҷо бо зану бачаҳоям зиндагӣ мекунам. Хонаро расман иҷора гирифтаам, дар нотариус сабти ном шудагӣ. Ҳуҷҷатҳо ҳамааш дуруст.

Озодӣ: Шумо шаҳрвандӣ доред?

Маҳмуд: Не, не. Ҳоло шаҳрвандӣ надорем. “Вид на жительство” дорем.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG