Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шокирҷони Ҳаким бо унвони доктори илм 3 сол боз кор намеёбад


Шокирҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким

Муовини раиси Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, се сол боз дар ягон идораи ин кишвар ӯро ба кор намегиранд. Ба ақидаи Шокирҷони Ҳаким, далели ин оппозитсия будани ӯст.

Шокирҷони Ҳаким, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ ва муовини раиси Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, аз замони ҳимояи рисолаи докториаш дар Маскав 3 сол гузашт, вале ӯро то ҳол дар ягон идораи чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ ба кор намегиранд.

Шокирҷони Ҳаким рӯзи 18 август дар сӯҳбат бо Озодӣ дар шарҳи саргардониҳояш дар ҷустуҷӯи кор гуфт, дар ин муддат барои кор ба Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишгоҳи тиҷорат, Донишгоҳи иқтисод ва молия, Донишгоҳи славянӣ, филиали Донишгоҳи Ломоносов ва 3 филиали дигари донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон барои кор муроҷиат кардааст. "Аммо дар муқобили ман номзади илмро ба кор мегиранд, вале маро, ки доктори илмам ё аслан даъват намекунанд ваё ҳатто посухе намедиҳанд, ки чаро дархости ман барои кор рад шуд? Ман ҳатто то унвони докториам барои курсии ассистенти кафедра ариза додам, вале қабул накарданд. Ба назари ман, ин ҳама як навъ таъқиби дигарандешон ва талоши маҳрум кардани мухолифин аз тамоми манбаъҳои даромад аст, ки ҳатто дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба чунин шева дида намешуд. Ин хоси давлатҳои тоталитарист ва ягон ҷои ифтихор барои Тоҷикистоне, ки худро давлати демокративу ҳуқуқбунёд эълон кардааст, надорад," -- афзуд ӯ.

Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани шикоятҳои расмии хаттӣ ва мулоқотҳои рӯбарӯяш бо ду президенти ахири Академияи илмҳо Мамадшо Илолов ва Фарҳод Раҳимов ва дидори низ рӯбарӯ бо вазири маориф Нуриддини Саид маҷбур шуд бо шикояти расмӣ ба сатҳи олии ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кунад: “Ба назари ман, ин идораҳое ки арзиаи маро сарфи назар карданд, бидуни кафолат аз “боло” чунин ҷуръат намекунанд. Ду ҳафта пеш бо муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ ва масъулони дигари ҳукумат сӯҳбати рӯбарӯ доштам. Онҳо бо изҳори ҳайрат аз саргардониҳои ман гуфтанд, набояд кор ба ин ҳад расида бошад. Вале бо гузашта ду ҳафта ҳанӯз аз ҳукумат ҳам ба шикоятам посухе наомадааст.”

Вале Хайриддин Идиев, муовини раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон оид ба илм рӯзи 18 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тайи се моҳе, ки ӯ дар ин мақом кор мекунад, аз Шокирҷони Ҳаким дархосте барои кор ба онҳо нарасидааст: “Шокирҷонро хуб мешиносам, чунки қаблан ҳамроҳ дар ҳамин Пажӯҳишгоҳ кор кардаем. Муҳити Академияи илмҳо озодтар аст ва мамониати сиёсӣ ҳангоми ба кор гирифтан дар ин муассиса вуҷуд надорад. Агар Шокирҷони Ҳаким барои кор муроҷиат кунад, вобаста ба инки дар кадом шӯъбаҳои ҷои холӣ ҳаст, дархосташ ҳатман дар доираи қонун баррасӣ мешавад. Мушкиле дар инҷо вуҷуд надорад.”

Ин дар ҳолест ки аз айни мушкили наёфтани ҷои кор намояндагони дигари мухолифин, бахусус аъзо ва пайравони ду ҳизби сотсиал-демократ ва наҳзати исломӣ пайваста шикоят мекунанд. Аз раҳбарони аввали ҳизби сотсиал-демократ раисаш Раҳматуллоҳ Зоиров асосан аз ҳисоби фаъолияти адвокатӣ ва он ҳам бештар дар хориҷ аз Тоҷикистон рӯз мебарад. Амнияти Абдулназар, собиқ раҳбари раёсати вазорати умури хориҷа 5 сол боз бекор аст. Давлат Шоҳнусайриев, ки қаблан дар СММ кор мекард, низ бекор мондааст ва Алим Шерзамонов, омӯзгори фанни математика ва раиси сотсиал-демократҳои Бадахшон ҳатто маҷбур шуда буд, худаш барои мардикорӣ ба Русия биравад.

Масъалаи поймол шудани ҳаққи оппозитсия ба кор дар Тоҷикистон бори аввал дар соли 2009, вақте Донишгоҳи байналмилалии “Садр” дар Душанбе баста шуд, дар забонҳо уфтод. Садриддин Акрамов, муассиси он донишгоҳ дар сӯҳбат бо Озодӣ иддао карда буд, ки як далели аслии бастани ин муассиса ба ҳайси мударрис даъват кардани намояндагони мухолифин, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматуллоҳ Зоиров ва Шокирҷони Ҳаким мебошад.

Ин иддаоро мақомоти Вазорати маориф рад карданд, вале воқеият ин аст, ки баъди баста шудани “Садр” Шокирҷони Ҳаким дигар дар ягон донишгоҳ ё идораи дигари Тоҷикистон кор пайдо карда натавонистааст.

Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, солҳои пеш як манбаи таъмини рӯзгори ӯву ҳамҳизбонаш иҷрои тарҳҳо барои созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ буд, вале ин созмонҳо низ ҳоло ба далели пайдо накардани мушкилот бо мақомоти Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо намояндагони мухолифин худдорӣ мекунанд.

Аз ӯ мепурсам, ки пас зиндагии хонаводаи онҳо аз кадом ҳисоб аст? Шокирҷони Ҳаким мегӯяд: “Мо 7 нафар – ману ҳамсару модари 80-сола ва 4 фарзандам бо 1100 сомонӣ рӯз мегузаронем. 600 сомонӣ маоши духтари аспирантам ва 500 сомонӣ - маоши писари донишҷӯям, ки баъди дарсҳо дар як мағоза ҳаммолӣ мекунад. Ҳамсарам китобдор аст, вале ӯро ҳам дар ягон китобхона ба кор қабул накарданд. Ишора кардаанд, ки ҳамсари Шокирҷони Ҳаким аст. Ҳарчанд ҳамсари ман узви ягон ҳизб нест ва таваҷҷӯҳе ба масъалаҳои сиёсӣ надорад.”

Шокирҷони Ҳаким ахиран китоби наваш бо номи “Асосҳои таърихию фарҳангӣ ва вижагиҳои ташаккули конститутсионализм дар Тоҷикистон”-ро дар 500 саҳифа чоп кард. Ин китоб махсуси Қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки моддаи 35-умаш мегӯяд: “Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад... Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст."

Бо ин ҳол, ин сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси мухолиф мӯътақид аст, ки поймол кардани ҳаққи мухолифин ба ҷои кор ва бартарӣ додан ба аслҳои маҳалгароиву садоқатсолорӣ дар сиёсати кадрӣ боиси фирори бештари мағзҳо аз Тоҷикистон мешавад. Худи ӯ ҳам акнун ҳарчӣ бештар дар фикри пайдо кардани ягон ҷои кор дар хориҷ аст: "Охир вақте шуморо дар Тоҷикистон оппозитсия гуфта ҳатто ба ҳайси фаррош ба кор намегиранд, чӣ кор кунем? Фарзандон ба воя расида истодаанд, онҳоро бояд хононам, хонадор кунам... Охир, ман чӣ кор кунам дигар?"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG