Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷентлмен Аловиддин Абдуллоев


Ҳунарпешаи маъруф, ки имсол 50-сола шуд, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар бораи театр, мазҳакаҳо ва ҳам шароити зиндагии худ нақл кард

Радиои Озодӣ: Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки аксар толорҳои театр аз тамошобин холӣ шудааст. Шумо инро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Аловиддин Абдуллоев: Наомадани мардум ба театр айби тамошобин нест, дар худи ҳунармандон аст, ки бояд намоишномаи хуберо пешниҳод кунанд. Вазифаи театр тарбияи мардум аст, бояд намоишномаҳои хубро ба саҳна гузошт, то ки мардум бо ин роҳ ба теарт биёянд. Чанд соли пеш намоишномаи "Оршин Малалан" аз рӯи асари адиби озарӣ шуҳрати зиёде пайдо карда буд. Ҳарчанд як намоишномаи кӯҳна ё классикӣ аст.

Радиои Озодӣ: Ҳукумати вилояти Хатлон ба сохтани бинои нави театр дар Қӯрғонтеппа оғоз кардааст. Дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммаҷонов вазъ чӣ гуна аст?

Аловиддин Абдуллоев: Дар театр бо нерӯи нави ҷавон кор мекунем,

дар утоқи корӣ
дар утоқи корӣ

хатмкардаҳои донишгоҳи саъати ба номи Мирзо Турсунзода ва шогирдони худамон, ки дар студияи назди театр тарбия гирифтаанд, кор мекунад. Намоишномаи "Алибобо ва 40 роҳзан"-ро барои наврасон омода мекунем, намоишномаҳои зиёде дорем.

Радиои Озодӣ: Шуморо ҳамчун офарандаи саҳнаҳои ҷолиби бисёрчеҳраии қаҳрамонҳоятон мешиносанд. Дар як вақт ҳам муллои никоҳгар, ҳам пиразан ва ҳам "ҷентелмен"-ро мебозед. Лутфан, бигӯед, ки ин образҳоро чӣ гуна меофаред?

Аловиддин Абдуллоев: Ин як равия ё жанре аст, ки қаблан Игор Илинский, як ҳунарпешаи машҳури рус иҷро мекард. Ман ҳунари ӯро пайгирӣ мекардам ва оҳиста-оҳиста ин сабкро ба худ ихтисос додам. Убайдулло Раҷабов низ ба ҳамин монанд нақшҳо офаридааст, Бахтиёр Раҳимов низ як наворе дорад, ки чанд нақшро иҷро мекунад, хеле хуб иҷро кардааст.

Радиои Озодӣ: Ҳунармандон барои машҳур шудан, барои такмили ихтисоси худ, маъмулан талош мекунанд, киаз минтақа ба пойтахт

Шарҳи ҳоли Аловиддин Абдуллоев

Аловиддин Абдуллоев, 15 маи соли 1965 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Соли 1989 донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Аввалин устодаш Майрам Исоева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон будааст, ки бо мусоидати ӯ кори ҳирфаии актериро дар саҳнаи театр замони донишҷӯӣ шурӯъ кардааст. Вале мегӯяд, ки аввалин нақши кӯтоҳашро дар як филме бозидааст, ки синамогарони рус дар водии Вахш бардоштаанд ва ӯ он замон хонандаи синфи дуюм будааст.

Соли 2004 директори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммаҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуд, баъди як муддат танаффус соли 2009 дубора ба ин вазифа баргашт. Соли 2013унвони ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро насиб шуд.

Бештар бо монолог ва ё саҳначаҳое машҳур шудааст, ки танҳо худаш дар нақши чанд қаҳрамони як асар зери унвони "Шухиҳои Аловиддин" тақдим мекунад.

бикӯчанд ва дар саҳнаҳои калон кор кунад. Вале ҷои кори аслии шумо муддатҳост шаҳри Қӯрғонтеппа аст ва аз ҳамин ҷо истода тавонистед ба як чеҳраи ҳунари миллӣ табдил шавед. Ин роҳ бароятон мушкил набуд?

Аловиддин Абдуллоев: Нисабати худам хеле сахтгир ҳастам. Талош мекунам, ки рӯи худам зиёд кор кунам, фикрҳои дигаре дорам, ки бояд амалӣ шаванд. Рӯдакӣ дар Бухоро машҳур шуд. Ба ман пешниҳод карда буданд, ки ба марказ равам, аммо инҷо корам хуб аст, агар ягон пешниҳоди ҷиддитаре шавад, боз фикр мекунам.

Радиои Озодӣ: Дар таҳияи образҳои занон, бахусус пиразанҳо бароятон шояд касе ҷудогона кӯмак мекунад?

Аловиддин Абдуллоев: Бале, ҳамкоронам ҳамеша шароит фароҳам меоранд, ки саҳнаҳои "Шухиҳои Аловиддин"-ро сабт кунам. Инчунин фарзандон ва ҳамсарам ҳам кӯмак мекунад. Аслан хонаводаи мо як тиме аст, ки ҳама аз театр огаҳӣ доранд. Ҳатто вақти сабти барномаҳову филмҳо бачаҳову ҳамсарам бо ман ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Зимнан, дар робита бо иҷрои нақши зан кадом эроде ва ё пешниҳоде шунидаед?

Аловиддин Абдуллоев: Эрод нашунидаам, вале пешниҳод мекунанд, ки нақшҳои дигаре офарам. Бозидани нақши зан душвор аст. Аксари тамошобинон ҳам зан ҳастанд ва онҳо набояд аз нақши офаридаи ман таҳқир шаванд. Онҳо бояд фикр кунанд, ки ман як нафари худи онҳо ё як дугонаашон ҳастам. Аз ҳамин хотир, кӯшиш мекунам, ки дар вақти тақдими нақши чеҳраҳонозу зебоӣ, назокат, хислатҳои хоси занонро нишон диҳам, то ки ба дили тамошобин роҳ ёбам.

Радиои Озодӣ: Саҳначаҳои "Шӯхиҳои Аловиддин" на танҳо мавзӯъҳои сабуки маишӣ, балки мушкилоти иҷтимоии мардумро ҳам матраҳ мекунанд. Шумо ҳамчун як ҳунарманд то куҷо бовар мекунед, ки як саҳначаи ҳаҷвӣ метавонад мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеаро ҳал кунад?

Аловиддин Абдуллоев: Ҳар шӯхие, ки мекунем, як зермаъноеро дорад. Рисолати ҳаҷв ҳам тарбияи ҷомеа ва роҳнамоӣ кардани мардум аст. Вақте дар саҳнаи ҳаҷвӣ кори духтур ва ё корманди пулис намоиш дода мешавад, ба таври ғайримустақим ин нафарон бояд бидонанд, ки муносибати мардум ба онҳо, бардошти ҷомеа аз кори онҳо чист. Як саҳнае, ки доштем, муносибати раҳбареро ба зердасташ нишон медод. Баъди ин намоишнома чандин нафар ба ман занг зада гуфтанд, ки онҳо ҳамингуна як раҳбаре доранд.

Радиои Озодӣ: Шояд тамошобинон фикр кунанд, ки шумо, як ҳунарпешаи маъруф ҳастеду бояд дар давоми ин солҳои коратон хеле сарвандманд шудаед. Вале мо медонем, ки шумо хонаи алоҳидаи худро ҳам надоред ва бо бародаратон зиндагӣ мекунед.

Аловиддин Абдуллоев: Бале, ман феълан бо бародарам дар шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунам. Бароям замин ваъда карда буданд, вале намедонам, ки кай ба ваъдаашон вафо мекунанд. Умед дорам, ки рӯзе ин масъала ҳам ҳал мешавад ва дар атрофи Қӯрғонтеппа бароям пораи замине ҷудо карда мешавад.

Аловуддин Абдуллоев: "Баъзан маро ҷентлмен мегӯянд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:40 0:00

XS
SM
MD
LG