Пайвандҳои дастрасӣ

Грозин: Чаро Русия дарёфти шаҳрвандиашро осон мекунад?


Андрей Грозин

Андрей Грозин

Пешнависи қонуни нав дар бораи дарёфти шаҳрвандии Русия қироати аввал дар Думаи Давлатӣ гузаштаст ва акнун намояндагони мардумӣ барои қироати дуввум омодагӣ мегиранд.

Коршиносон мегӯянд, ки ин қонун хеле бо аҷала таҳия мешавад ва он бо рӯйдодҳои ахири Украина иртибот дорад. Андрей Грозин - мудири бахши Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи стротегии Русия дар Маскав мегӯяд, баъд аз муддате вазъ дар Украина ба ҳолати оддӣ бархоҳад гашт. Дар он сурат Русия маҷбур мешавад, ки дар ҳолати маъмулӣ ва бо ҷалби коршиносон ва ҳуқуқдонини муътабар ин қонунро бори дигар такмил кунад. Вале қонуни кунунӣ, ки хеле саросема омода мешавад, мумкин аст, баъзе камбудиҳо низ дошта бошад. Чун қонуне, ки бо аҷала таҳия мешавад, баъзе муқаррарот аз чаҳорчӯбаи он хориҷ мемонанд ва нофаҳмиҳо ё сӯитафоҳум низ дар пай хоҳад дошт.

Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо баши тоҷикии Радиои Озодӣ аз Андрей Грозин аввал пурсидем, чӣ касоне метавонанд бар асоси пешбиниҳои қонуни нав шаҳрвандии Русияро дар асоси имтиёз дарёфт кунанд?

Грозин: Ба таври расмӣ ҳоло гуфта мешавад, ки чунин шахс бояд дар қаламрави Русия хешовандони худро дошта бошад. Дуввум, одаме, ки шаҳрвандии кишвари дигарро надорад ва дар робита бо ин ҳоло доштани шаҳрвандии кишвари дигар низ баррасӣ мешавад. Ва гурӯҳи севвум онҳое хоҳанд буд, ки забони русиро хуб медонанд ва аз имтиҳони комиссияи босалоҳият гузаштаанд. Вале истисно дониста намешавад, ки дар ҷараёни тафтиши ҳуҷҷатҳо шояд ягон масъалае пайдо шавад ва тавзеҳот бихоҳанд ва ё шояд баръакс баъзе муқаррарот мумкин аст нисбат ба шахсоне бозбинӣ шавад.

Озодӣ: Дар бораи шаҳрвандони ғайрируси кишварҳои Шӯравии пешин, ки дар мактабҳои русӣ таҳсил кардаанд ва забони русӣ забони аслии гуфтугӯи онҳо ба шумор меравад, чӣ гуфтан мумкин аст?

Грозин: Дар бораи миллият дар қонун чизе гуфта намешавад. Дар бораи бартариҳо барои рустаборон ё мардуми славянӣ нуқтае вуҷуд надорад. Ин қонун барои ҳама аст. Вай тоҷик аст, узбак аст, молдовану укроинӣ аст ва ё сокини Мозамбик фарқ надорад, агар забони русиро хуб донад ва дар Русия хешовандонаш зиндагӣ кунанд.

Озодӣ: Ононе, ки дар кишварҳои дигари Шӯравии пешин зиндагӣ мекунанд, баъд аз гирифтани шаҳрвандӣ дар кишвари худ зиндагӣ мекунанд ва ё бояд ба Русия кӯч банданд?

Грозин: Кӯч бастан ба Русия ҳатмӣ нест. Шаҳрвандони Русия дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Ҳоло баъд аз танзими қарордоди байни Маскаву Ашқобод шаҳрвандони Русия дар Туркманистон зиндагӣ мекунанд. Вале шаҳрвандони Русия, ки дар Туркманистон ба сар мебаранд, тибқи қарордод бояд шаҳрвандии яке аз ин ду кишварро қабул кунанд. То ҷое, ки ман хабар дорам, ононе, ки дар Туркманистон шаҳрвандии ду кишварро доранд, ба шаҳрвандии Русия бартарӣ медиҳанд. Масъалаи дигар ин аст, ки дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандии дуввуми сокинони худро чандон хуш надоранд. Барои ҳамин ба чунин шаҳрвандон лозим аст, ки имкони кӯч бастан ба Русияро дар назар бигиранд.

Озодӣ: Вале дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тавр, агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки ин кишвар бо Русия қарордоди душаҳрвандӣ дорад?

Грозин: Ман истисно намедонам, ки дар сурати иҷро ва ҷо афтодани ин қонуни нав, дар он баъзе муқаррароти марбут ба тавофуқоти мавҷуда роҷеъ ба душаҳрвандӣ бо баъзе кишварҳо дар назар гирифта мешавад. Комилан имкон дорад, ки чунин имтиёзи душаҳрвандӣ барои Тоҷикистон боқӣ бимонад. Зарурат надорад, ки барои шаҳрвандии Русия аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашанд. Ба назари ман, чунин равиш дуруст ва мантиқӣ хоҳад буд. Вақте ки қонуни нав ба тасвиб мерасад, дар он гуфта мешавад, ки бояд аз шаҳрвандии кишвари дигар даст кашанд. Вале ман фикр мекунам, ки тавофуқоти пешини байни Маскав ва Душанбе бояд ҳифз ва муқаррароти он дар қонуни нав дар назар гирифта шавад. Дар пешнависи қонуни нав гуфта мешавад, ки бояд аз шаҳрвандии кишвари дигар даст кашанд. Ба назари ман чунин кор мантиқӣ ва дурандешона нест.
XS
SM
MD
LG