Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Касе, ки идея ва андеша дорад, пушти парда мондааст"


Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Сӯҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири собиқи Телевизиони "Пойтахт", ки ҳоло раҳбари Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин шудааст.

Радиои Озодӣ: Шумо, ки тӯли чанд соли охир яке аз чеҳраҳои матраҳ дар расонаҳо будед, бахусус замоне ки аз як вазифа ба вазифаи дигар таъин мешудед. Ин бор чӣ шуд, ки як вазифаро дар шаҳрдории Душанбе ба раҳбарии китобхонаи ба номи Лоҳутӣ иваз кардед?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Ман ба ҳайси сардори шуъбаи фарҳанг дар ҳукумати шаҳр як сол фаъолият кардам. Ростӣ, тақрибан маҳсули кори худамро дар ин соҳа надидам. Аслан ҳар инсон вақте мебинад, ки натиҷа нест, аз кораш кайфият намебарад ва навгоние карда наметавонад, беҳтараш ин пеша ва мақомро ба нафари шоистатар пешниҳод намояд. Дар телевизиони “Пойтахт” ба ҳайси журналист фаъолият доштам, аммо дар ташкилоти зертобеи ҳукумати шаҳр дигар расона набуд. Аз ин хотир, каме ба фаъолияти ман наздиктар шуъбаи фарҳанг буд, вале он чизе ки аз журналистика ману Шумо мегирем, гирифта натавонистам. Вақте якчанд вазифа аз ҷониби мақомот пешниҳод шуд, китобхонаро интихоб намудам. Зеро худам китобхониро хеле дӯст медорам. Ҳатто як қиссаи аҷиб ҳам дар ин маврид дорам. Ҳангоме ба донишгоҳ дохил шуда натавонистам, як дипломат китобро гирифта ба аскарӣ рафтам. Ҳатто маро масхара мекарданд ва мегуфтанд, ки шояд носолим бошам. Ҳамин тавр шуд, ки дар Сибир хизмат кардам ва то охири хизмат бештар аз 160 китоби классикӣ ва Шӯравиро ба китобхонаи қисми ҳарбиямон аз номи худам тӯҳфа кардам."

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки Шумо бо хоҳиши худ аз вазифаи сардори шӯъбаи фарҳанграфтед, пас, тақдири нақшаҳову иқдомҳоятон чӣ шуд?

Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа бо Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа бо Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Гумон мекунам дар ҷойи ман як шахси шоиставу ҳирфаӣ таъин шудааст ва шояд ӯ он ормон ва хостаҳои маро, ки амалӣ карда натавонистам, то охир бирасонад. Дарвоқеъ, нақшаҳо хеле зиёд буданд, вале барои амалӣ намудани онҳо ҳам вақт кам буд, ҳамчунин ҳайат вуҷуд надошт. Чаро ки дар ҳукумати шаҳр раёсат не, балки шӯъбаи фарҳанг амал мекунад, ки дар он ҳамагӣ 5 ё 6 нафар кор мекунанд. Шӯъбаи фарҳанг кох надорад, ки дар он ҷо барои мисол муҳити эҷодӣ фароҳам орем ва аҳли санъату ҳунарро ба ҳам биёрем, то ин ки аз тариқи баҳсҳову радду бадалҳо сенарияҳо, тарҳҳо ва нақшаҳо пешниҳод шаванд. Хеле мехостам маблағҳое вуҷуд медошт, ки беҳтарин сенаристҳоро аз Наврӯз то ба Истиқлолияту Ваҳдат ҷалб мекардем, аммо ин имконият набуд. Гумон мекунам, аз ӯҳдааш набаромадам ва ҷойро холӣ кардам."

Радиои Озодӣ: Метавон гуфт, ки Шумо дар қафас будед ва имкони озод амалӣ намудани идеяҳои худро надоштед?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Як навъ озодӣ буд, вале имконияти молӣ тақрибан вуҷуд надошт. Аз тарафи дигар, вақте тасмим мегирӣ, аммо ин тасмим аз ҷониби раҳбарият фавран қабул намешавад ва ё ҳар чизе, ки раҳбарият мехоҳад, бояд ҳамон гуна сурат бигирад. Дар ин ҳолат мову Шумо медонем, ки эҷодкор наметавонад нақшаҳояшро амалӣ намояд. Барои мисол, мо даҳ-дувоздаҳ мутахассис ҷамъ мешудем ва таҷлили ин ва ё он идро чунин медидем, вале аз нигоҳи роҳбар ин хел бояд набошад ва бояд бо дигар тарз сурат бигирад. Бо ҳамин, ҳам илҳом мемирад ва ҳам дигар ҷуръат пайдо намешавад. Зеро вақте ба суханони худат ҷавоб гуфта наметавонӣ, чӣ гуна аҳли эҷодро даъват мекунӣ ва мегӯӣ, ки ман ваъда медиҳам ҳатман ин пешниҳод қабул мешавад? Муҳити озоди эҷодӣ дар амалӣ кардани тарҳҳои миллӣ нақши зиёд мебозад."

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, ҳар куҷое меравед, корро аз таҳаввулот шурӯъ мекунед. Хато намекунам агар бигӯям, китобхонаи Лоҳутӣ имрӯз ба кам касоне ошност ва дар ин ҷо корро аз чӣ оғоз кардед?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Шумо тасаввур кунед, ин китобхона аз нахустин муассисаҳои фарҳангӣ дар кишвар аст ва фондаш камтар аз як миллион китобро дар бар мегирад ва дар замони Шӯравӣ дар 35 кӯчаву нуқтаҳои шаҳр филиал доштааст. Баъд аз истиқлолият ҳар куҷое чизи нав сохтанд, китобхонаи Лоҳутиро фаромӯш карданд ва ҳоло ҳамагӣ 11-филиалаш фаъол асту бас. Пас аз он ки бо иқдоми раисиҷумҳур Китобхонаи бузурги миллӣ бунёд шуд, боз ҳам фикр мекунам мақоми ин китобхона поин рафт. Вале аз нигоҳи ман дар чанд даҳсолаи ахир китобхона тарғиби дуруст нашудааст. Мутаассифона, бечора китобхона ҳам пушти дарахтҳову биноҳо мондааст ва на симои дуруст доштааст. Мо ҳам аввал пештоқи биноро таъмир карда ва навиштаҷоти Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутиро насб намудем. Тасмими дигаре ки гирифтаам, қисса, ҳикояҳо, адабиёти бузургон ва осори классикиро дар шакли брошюраҳо ва ё китобҳои хурд дар ҳаҷми 10-12 cаҳифа чоп карда, рӯзҳои шаневу якшанбе ба боғҳои фарҳангӣ пешниҳод намоем."

Радиои Озодӣ: Ин идеяҳое, ки гуфтед, ҷолиб аст, аммо бовар доред, ки барои роҳандозии ин маблағ пайдо мекунед?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Чизи дигаре, ки боиси нигаронист, китобхона муассисаи давлатӣ аст ва муҳосиботи худро надорад. Мо тасмим дорем, ба ҷаноби раис дархост пешниҳод намоем, ки китобхона бояд мустақилияти молиявӣ дошта бошад. Маблағҳо тибқи дархости мо аз тариқи марказ ва шӯъба ҷудо мешаванд, вале он чизе ки худи раҳбарияти китобхона ва коллектив мехоҳад, бояд худаш амалӣ намояд."

Радиои Озодӣ: Яъне бовар доред, ки бо Китобхонаи миллӣ, ки комилан муҷаҳҳазу замонавист ва тамоми шароитҳоро дорост, метавонед рақобат кунед ва хонанда ҷалб намоед?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Бале. Шумо бубинед, ин китобхона дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Китобхонаи миллӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор доранд, ки тақрибан миёни онҳо панҷ ва ё шаш километр роҳ аст. То он ҷо рафтан аз нақлиёт бояд истифода бурд, навбат пойид ва ғайраҳо. Аммо ин китобхона дар назди хона ва шабонарӯзӣ кор мекунад, тақрибан 60 ва ё 70 фоизи адабиёт, ки дар он ҷо аст, дар мо низ ҳаст. Ман гумон мекунам агар таблиғу тарғиб дуруст ба роҳ монда шавад, китобхона хонандаро пайдо мекунад. Ҳамзамон мехоҳем курсҳои омӯзиши забонҳо ва шабҳои эҷодии эҷодкоронро ташкил намоем."

Радиои Озодӣ: Агар ин талошҳои Шумо ҳама дар нимароҳ монанд, дилгиру рӯҳафтода намешавед?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Бале, баъзан инсон дилмонда ҳам мешавад. Чун гоҳ-гоҳ намегузоранд худфидоӣ кунӣ ва худашон низ амалӣ намекунанд. Ҳастанд нафароне, ки солҳо дар мақом бе идея, бе андеша ва назар нишастаанд, вале касе, ки идея ва андеша дорад, пушти парда мондааст."

Радиои Озодӣ: Нияти баргаштан ба майдони рӯзноманигориро надоред?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Ростӣ, ман худро дар соҳаи радио ва телевизион ба мисли моҳӣ дар об ҳис мекунам. Умед доштам, ки ба Кумитаи радио ва телевизион бармегардам, яъне маро даъват мекунанд. Яке аз сабабҳои дигари аз шӯъбаи фарҳанг рафтанам ин буд, ки вақте ҷаноби Убайдуллоев дар оғози сол тими навро таҳия мекард, худам ба он кас гуфтам, ки маро дар мақомҳои калидӣ таъин накунад. Чунки ният доштам, агар даъват кунанд, бармегардам ва ҳатто дар ин бора бо раҳбари кумита ҷаноби Муҳаммадсаид Пиров сӯҳбат низ доштам. Вале шояд дар он ҷо кадрҳои хеле қавӣ ва мутахассисони баландпоя буданд, ки то ба имрӯз ҳам даъват нашудам. Ҳатто имкон низ ҳаст, ки дар он ҷо ягон барномаи муаллифӣ пешниҳод шавад, аммо гумон мекунам, ки инашро ҳам намехоҳанд. Чунки ман аллакай чунин дархостро карда будам, вале беҷавоб монд."

Радиои Озодӣ: Шумо ин хомӯширо ба чӣ бастагӣ медиҳед, ба он ки зиёд аз худ мустақилият нишон медиҳед ва озодандеш ҳастед ё чизи дигар?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: "Ҳеҷ намефаҳмам. Бигзор бо касе бархӯрд кунанд, ки мухолифи идеяҳои миллӣ бошад. Аммо ман ҳаргиз ба ҳеҷ мавзӯъҳои сиёсии ҷиддӣ даст назадам ва ҳеҷ гоҳ коре, ки муқобили андешаву манофеи миллӣ бошад, пешниҳод накардаам. Танҳо мехоҳам ҳамчун мутахассис ин ё он тарҳро пиёда созам. Вақте аз тарафи моҳвора тамошо мекунӣ, ҳазорҳо шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои ҷолиб таҳия мекунанд, аммо чун шабакаҳои миллиро мебинӣ, дар сатҳи лозимӣ нестанд. Мехоҳӣ дигар кунӣ, дар баробари дигар шабакаҳо қарор бидиҳӣ, чун зарфият, хирад, дониш ва ҷавонони соҳибистеъдод, муҳимтар аз он фазои иттиллоотӣ ва худи расона вуҷуд дорад. Вале шабакаҳои мо рақобатпазир нестанд. Ҳоло агар назарсанҷӣ гузаронем, шояд 70- 75 дарсади зиёиёни мо мафтуни шабакаҳои русӣ ҳастанд. Ман як ормони дигар дорам. Хеле мехоҳам ки Ҷаноби Олӣ чун Китобхона ва Осорхонаи миллӣ сохт, як Маҷмаи радио ва телевизиони миллиро низ бунёд гузорад. Зеро то кунун ягон бинои шабакаҳои телевизионӣ махсус барои телевизион сохта нашудааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG