Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сюзан Эллиотт: Норозиҳо набояд мушкили худро бо хушунат ҳал кунанд


Сюзан Эллиотт в таджикской национальной одежде

Сюзан Эллиотт в таджикской национальной одежде

Баъди се соли кору зиндагӣ фаъолияти дипломатии Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон авоили моҳи октябр ба поён мерасад.

Дар поёни рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ба чанд суоли радиои Озодӣ, бо шумули суолҳо дар робита ба таҳаввулоти ахир дар ин кишвар посух дод.

Нахуст аз хонуми сафир пурсида шуд, ки фаъолияти худро чун як дипломат дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунад ва оё аз кораш дар ин кишвар қаноатманд аст?

Сюзан Эллиотт: Аз фаъолияти дипломатии худ дар Тоҷикистон хеле қаноатмандам. Се сол пеш, вақте ки ман ба Душанбе омадам, равобити Амрико бо Тоҷикистон ва мардуми он хуб буд, вале фикр мекунам дар ин муддати фаъолияти ман дар ин кишвар муносибатҳо боз ҳам мустаҳкаму қавитар шуданд. Робитаи дуҷонибаи мо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла амният, иқтисоду тиҷорат ва ғайра густариш меёбад. Фикр мекунам, робитаҳо дар ин соҳаҳо солҳои оянда боз ҳам бештар тақвият хоҳад ёфт.

Радиои Озодӣ: Дар кадом бахшҳо аз нигоҳи шумо имрӯз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИМА ба таври чашмгир густариш наёфтааст ва чӣ мушкилоте дар ин самтҳо вуҷуд дорад?

Сюзан Эллиотт: Дар муддати фаъолиятам дар Тоҷикистон ба монеа ё мушкиле рӯ ба рӯ нашудам. Медонед, ҳар кишвар мавқеъ ва ақидаи худро дорад. Дар баъзе масоил мо ҳамандеша ҳастем ва албатта масъалаҳое ҳам ҳаст, ки ақидаҳои мо дар робита ба онҳо мухталиф ҳастанд. Аммо чизи хубу муҳим дар равобити миёни Тоҷикистону Амрико ин аст, ки мо сари як миз нишаста ин мавзӯъҳоро матраҳ ва бо роҳи табодули назар хулосагирӣ мекунем. Бинобар ин, ман бовар дорам, ҳамкориҳо ҳамин гуна идома ва таҳким меёбанд.

Радиои Озодӣ: Агар дар дар робита ба вазъи ҳуқуқи башар ва таъмини озодии баён дар Тоҷикистон сӯҳбат кунем, тавре мушоҳида мешавад, сиёсати Тоҷикистон дар қиболи ҳуқуқи башар ва озодии матбуоту баён шадидтар шудаст. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Сюзан Эллиотт: Амрико озодии баёну виҷдонро ҷонибдорӣ мекунад ва аз ҳама давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон даъват мекунад, то ба қадри имкон дар ин масъала озод бошанд ва хабарнигороне монанди шумо фаъолияти озод дошта бошанд ва афроде, ки ақидаҳои мухолиф бо ҳукумат доранд, назароти худро баён карда тавонанд.

Радиои Озодӣ: Солҳои ахир таҷрибаи масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ба як кори маъмулӣ табдил шудааст. Аз ҷумла дар як соли ахир, чанд бор сомонаи Озодиро низ масдуд карданд. Аз чаро Амрико натавонист дар масъалаи озодии матбуоту баён, ба Тоҷикистон таъсири мусбат гузорад?

Сюзан Эллиотт: Пеш аз ҳама мо ба масдуд кардани ҳеҷ як ВАО розӣ нестем. Аммо ман ба ин фикр ҳам розӣ нестам, ки Амрико дар ин маврид таъсири мусбат нарасонидааст. Чун ман ин масъаларо чандин бор бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар миён гузоштаам. Мо бовар дорем, ки маҳдуд сохтани дастрасӣ ба иттилоот, ин роҳи ҳалли мушкил нест. Мунтазам аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки озодии баён ва озодии матбуотро маҳдуд насозанд ва ба афроди мутасаддӣ дар ин соҳа низ мулоқотҳо анҷом медиҳем.

Радиои Озодӣ: Хонум сафир, назари шумо ва ё мавқеи Амрико ба ҳаводиси ахир, ба иттиҳом дар мавриди даст доштани раҳбарону фаъолони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ошӯбҳои ахири мусаллаҳона чист?

Сюзан Эллиотт: Пеш аз ҳама, мо ҳама навъи хушунату зӯровариро маҳкум мекунем ва аз номи ҳукумати ИМА мехоҳам ба онҳое, ки пайвандону наздикони худро дар ҳодисаҳои ахир аз даст доданд, ҳамдардӣ баён кунам. Махсусан ба онҳое, ки дар сохторҳои низомиву қудратии Тоҷикистон, мисли КДАМ ва Дастаи таъиноти махсус хизмат карда, аз давлати худ ҳимоя мекарданд. Агар касе аз вазъи кишвари худ розӣ нест, набояд тавассути ҷангу хушунат, балки бо роҳи муколама ё диалог мушкилашро ҳал кунад. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ҳодисаи рухдодаро пурра таҳлил кунанд ва бо афроде, ки ақидаҳои мухолиф доранд, муколамаи озод дошта бошад.

Радиои Озодӣ: Шумо ин мавзoъро бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ кардаед?

Сюзан Эллиотт: Бале дар ин масъала бо мақомоти Тоҷикистон сӯҳбат доштам. Дар давлати озоду демократӣ ва мустақил бояд ақидаҳои мухолиф ҳам ҷой дошта бошад. Мо аз ҳукумат хостем, ки дигарандешонро низ гӯш кунад ва плюрализми сиёсиро ба эътибор гирад.

Радиои Озодӣ: Дар муддати чанд соли ахир ҳамкориҳои ИМА бо кишварҳои ОМ, аз ҷумла Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм чашмгир буд. Дар ин росто, Амрико дар чорчӯби ҳамкориҳои низомӣ ба Узбакистон таҷҳизоту муҳимоти лозимии ҷангӣ медиҳад, аммо ба Тоҷикистон, ки аз шарикони боэътимоди Амрико дар мубориза бо тероризм аст, аз ин кӯмакҳо маҳрум мондааст. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Сюзан Эллиотт: Ман бо ин назар розӣ нестам, ки Тоҷикисон аз кӯмаки низомии ИМА маҳрум буд. Мо барномаҳои зиёди ҷиддие дар самти таъмини амният дорем, ки ҳадафашон мубориза бо тероризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Дар чаҳорчӯби ин ҳамкорӣ, яъне кӯмаки амниятӣ, ки аз ҷабҳаҳои гуногун иборат аст, мо барои марзбонону масъулони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ давраҳои омӯзишӣ ташкил мекунем ва кӯмакҳо мерасонем, то Тоҷикистон тавонад марзҳои худро дар сатҳи зарурӣ ҳифз намояд. Ҳамчунин ИМА бо дигар кишварҳои минтақа муносибати хуб дорад ва кӯшиш мекунад, дар расонидани кӯмаки амниятӣ мувозинатро нигоҳ дорад ва ироаи кӯмак ба кишварҳо мунсифона ва одилона бошад.

Радиои Озодӣ: Як мушкили ҷиддие, ки ҳоло дар баробари кишварҳои дигари ҷаҳон Тоҷикистонро ҳам ба ташвиш овардааст, густариши фаъолияти “Давлати Исломӣ” аст. Зеро гурӯҳҳое аз ин созмон ва ҳатто Толибону ҳаммаслакони онҳо ба марзи Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон низ расидаанд. Дар Тоҷикистон бархе бар ин боваранд, ки агар Амрико бихоҳад, дар як муддати кӯтоҳ “Давлати исломӣ”-ро нобуд хоҳад кард. Ин ақида дуруст аст?

Сюзан Эллиотт: Албатта ман ба ин ақида, ки Амрико метавонад дар як рӯз “Давлати Исломӣ”-ро нобуд созад, розӣ нестам. Чун мушкили ифротгароӣ ё терроризм хеле ҷиддӣ аст ва дар як муддати кӯтоҳ рафъи он номумкин аст. Ин ҳам боз як далели он аст, ки мо бояд зидди ин таҳдидҳо мубориза барем ва боз ҳам барои густариши ҳамкориҳо ниёз дорем. Зеро терроризм ва ифротгароӣ на танҳо ба як кишвар, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон хатар дорад ва эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи тероризм бо он мубориза мебарад, то хатари ин гурӯҳҳо коҳиш ёбад ва ё аз байн бардошта шавад.

Радиои Озодӣ: Як мавзӯи ташвишовари дигар барои Тоҷикистон ин даргириҳои ахир дар Кундузи Афғонистон аст. Толибон ин минтақаро як муддат таҳти назорат дароварданд ва ҳоло низ даргириҳо дар ин мавзеҳо идома дорад. Амрико барои кӯмак ба Тоҷикистон, ки дар марз бо манотиқи шимоли Афғонистон қарор дорад, чӣ иқдоме рӯи даст хоҳад гирифт?

Сюзан Эллиотт: Мо аз хабарҳо дар робита ба Кундуз ва дигар минтақаҳои шимоли Афғонистон хеле нигаронем. Мо бо ҳукумати Афғонистон дар Кобул ҳамчунин бо қувваҳои амнияти милии Афғонистон ҳамкорӣ мекунем ва зидди таҳдидҳое, ки аз ҷониби Толибон ва дигар гурӯҳҳои ғайриқонуние, ки дар Афғонистон фаъолият доранд, мубориза мебарем. Ин таҳдидҳо ба Тоҷикистон ҳам хатар доранд ва ин ҳам як далели дигарест, барои густариш додани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Амрико.

Радиои Озодӣ: Бояд эътироф кунем, ки дар муддати бист соли ахир Амрико дар минтақаи Осиёи Миёна сармояи зиёдеро гузоштааст. Аммо дида мешавад, Путин дар талоши ташкили "мини СССР" (манзур Созмони иқтисодии АвруОсиё) аст. Дар ин ҳол Амрико барои тақвияти нуфузи худ дар минтақа чӣ коре мекунад?

Сюзан Эллиотт: Мавзӯе, ки мо бештар ба он мусоидат мекунем ва даъват ҳам мекунем ин аст, ки Тоҷикистон на танҳо бо мо - Амрико, балки бояд бо ҳама кишварҳо дӯст бошад, аз ҷумла бо Русия ва Чину дигар ҳамсояҳо. Ман фикр мекунам, агар Тоҷикистон тавонад бо ҳама ҳамсояҳо ва инчунин кишварҳои бузурги дигар муносибати хуб ба роҳ монад, ин метавонад ба мустаҳкаму қавитар шудани Тоҷикистон мусоидат кунад. Корҳои мо дар Тоҷикистон ҳам ин маъниро надорад, ки алайҳи Русия мубориза мебарем, балки мо кӯшиш мекунем барои суботи минтақа ва афзоиши рушди иқтисоди кишвар кӯмаку мусоидат намоем. Ҳадафи мо ин аст, ки Тоҷикистон дар оянда бо ҳама кишварҳо ҳамкории хуб дошта бошад.

Радиои Озодӣ: Хонуми сафир, дар Тоҷикистон аксарият аз таваҷҷӯҳи шумо ба либоси миллӣ ва забону фарҳанги ин кишвар таъриф мекунанд. Шумо ҳам бештар дар мулоқоту сафарҳоятон бо либоси миллии тоҷикӣ зоҳир мешавед. Ҳоло бигӯед, ки дар Тоҷикистон бештар аз ҳама чиро дӯст доштед ва чиро бо худ ба ватанатон ба армуғон мебаред?

Сюзан Эллиотт: Пеш аз ҳама бояд бигӯям, дар Тоҷикистон ман бештар мардумро дӯст доштам. Дуввум, фарҳангу анъанаи ин мардум бароям бисёр писанд омад. Либоси миллии тоҷикон бисёр зебост ва барои ҳамин ҳам ман либосҳои зиёди тоҷикӣ дорам. Вақте аз Тоҷикистон ба Амрико ва ё кори ояндаи худ ба Олмон меравам, ҳатман ин либосҳоро бо худ мебараму ба бар мекунам.

Умедворам ин тарғиб ва кори ман ба он мусоидат мекунад, ки барои занҳои тоҷик ҷои корӣ бештар шавад ва саноати либосдӯзии Тоҷикистон рушд кунад. Ман матоъро барои куртаҳоям худам интихоб мекунам ва ба чанд духтари бомаҳорат курта фармоиш додам. Мехоҳам то охири умр ин куртаҳоро ба бар кунам. Ман на фақат барои намуди зебо доштан, ин куртаҳоро мепӯшам, балки ҳар бор дар ин куртаҳо ман тамоми кору зиндагиамро дар ин кишвар ва мардумони онро ба хотир хоҳам овард. Ман ба тамоми мардуми Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам, ки шумо дар дили ман мемонед. Ман кӯшиш мекунам кору кӯмакҳои худро барои беҳтар шудани зиндагии ин мардум ва насли ояндаи Тоҷикистон идома диҳам ва талош мекунам, равобити байни ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар гардад.

Радиои Озодӣ: Агар тасмим шавад, ки шумо дубора ҳамчун сафир ба Тоҷикистон баргардед, чӣ гуна қабул мекунем ин пешниҳодро?

Сюзан Эллиот: Одатан мо наметавонем дар як давлат беш аз як маротиба сафир тайин шавем. Вале умедворам дар оянда ҳамчун дӯст ё барои сайру сайёҳат ба Тоҷикистон биёям ва ё корамро дар масоили Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ идома диҳам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG