Пайвандҳои дастрасӣ

Бен Слей: Пули муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон кор намекунад. ВИДЕО


Як гузориши Барномаи рушди СММ мегӯяд, мизони нобаробарии даромадҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон баланд аст, аммо ин ҳолат дар оморҳои расмӣ бозтоб намеёбад.

Гузориши дафтари Барномаи рушди СММ, ки рӯзи 9 март дар Душанбе муаррифӣ шуд, мегӯяд, пас аз эълон шудани оморҳои носаҳеҳ ва мухолиф бо вазъи воқеӣ, “шаҳрвандон ба ин хулоса мерасанд, ки дар кишварҳояшон дар сари қудрат гурӯҳҳои олигархӣ ҳукмронанд ва мизони фасод хеле боло аст”. Аз ин рӯ, СММ аз давлатҳои минтақа даъват кард, ки мудирияти омори давлатиро беҳтар кунанд, то ки барномаи раҳоӣ аз фақр босуръаттар амалӣ шавад.

Гузориши Барномаи рушди СММ мегӯяд, мизони нобаробарии даромадҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон баланд аст, аммо ин ҳолат дар оморҳои расмӣ бозтоб намеёбад.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ яке аз муаллифони гузориши "Нобаробарӣ ва рушди инсонӣ дар Аврупоӣ шарқӣ, Туркия ва Осиёи Миёна" Бен Слей, мушовири стратегии Барномаи рушди минтақави СММ дар Истанбул, дар бораи нобаробарии иҷтимоӣ дар иқтисод ва бозори кори Тоҷикистон сӯҳбат кард.

Бен Слей: Ба назари ман нобаробарӣ дар Тоҷикистон бештар дар бозори меҳнат, дар дастрасӣ ба барқ дар зимистон ва дастрасии озод ба замини хубу обии полезӣ зоҳир мешавад. Фикр мекунам, маҳз дар ҳамин арсаҳо дар Тоҷикистон нобаробарӣ зуҳур мекунад. Оморҳои расмӣ фарқияти зиёдро дар даромади аҳолӣ нишон намедиҳанд. Аммо ба назарам, ин оморҳо чандон баёнгари воқеият нестанд ва ҳақиқатро дар дигар ҷо бояд ҷуст.

Радиои Озодӣ: Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ягона кишваре дар ҷаҳон номида буд, ки интиқоли пулҳои муҳоҷиронаш нисфе аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил мекунад. Аммо Шумо дар маърӯзаи хеш гуфтед, ки интиқоли пули муҳоҷирон нобаробариро коҳиш намедиҳад. Шумо ин тазодро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Бен Слей: Бонки ҷаҳонӣ танҳо созмоне нест, ки сатҳи хеле ва хеле болои интиқолҳои пулии муҳоҷирони кориро нишон медиҳад. Чанд сарчашмаи дигар низ инро мегӯяд. Аммо ман танҳо чанде пеш ба ин феномен вохӯрдам, ки дар Тоҷикистон пулҳои интиқолии муҳоҷирон нобаробариро кам намекунад. Ин барои ман хеле ногаҳонӣ буд ва ин факт бар асоси таҳлилҳои Бонки ҷаҳонӣ ба даст омадаанд. Аҷиб ин аст, ки масалан, дар Қирғизистон ва Молодова, ки дар он кишварҳо низ мизони интиқоли пулии муҳоҷиронашон хеле бузург аст, ин маблағҳо баръакс ба коҳиши нобаробарӣ кӯмак мекунад. Аммо дар Тоҷикистон чунин нест. Мо бояд решаи ин мушкилро биомӯзем, чунки натиҷаҳои он ниҳоят муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Бархе донору коршарикони Тоҷикистон пас аз рукуди иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши қобили мулоҳизаи мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки сиёсати иқтисодиашро бозбинӣ кунад, то зиёд аз Русия ва иқтисоду бӯҳронҳои он вобаста набошад. Шумо дар ин робита чӣ назар доред?

Бен Слей: Вақте ман мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро дар харита мебинам, бисёр мушкилиҳо пеши назар меоянд... Вобастагӣ аз Русия, аз Чин. Аммо аз сӯи дигар ба харита зеҳн монем, ҳамсоягӣ бо Чин, наздикӣ бо Ҳиндустон ва робитаҳо бо Русияро мебинем. Ин кишварҳо ҳамагӣ ояндаи иқтисоди дунё ҳастанд. Чунки ояндаи иқтисодиёти дунё - Аврупо ва Амрико нестанд, чунки дар ин минтақаҳо ҳадди аксари рушд тақрибан 2 дарсад хоҳад буд. Аммо Чин ва Ҳиндустон солона рушди 6-7 дарсадӣ доранд. Бинобар ин, Тоҷикистон бояд аз наздикии ҷуғрофиаш бо ин кишварҳо хуб истифода кунад. Бале, Тоҷикистон чун як кишвари хурд ва иқтисоди боз вобастаи Русия аст, мисли Мексика аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ирландия аз Олмон. Аммо дар дунё кишварҳои зиёди хурде ҳастанд, ки аз ҳамсоягӣ бо кишварҳои бузург бой шудаанд. Тоҷикистон низ бояд аз ин истифода кунад.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама чӣ кор кунад?

Бен Слей: Нахуст бояд ба сохтмони роҳи оҳану мошин ба ин кишварҳои ҳамсоя сармоягузорӣ кард. Баъдан, соҳаи мухобиротро бояд рушд дод, то ки алоқа дар сатҳи ниҳоят баланд бошад. Баъдан, фазои сармоягузорӣ бояд беҳтар шавад, то ки нахуст худи муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз хориҷа бо пул бармегарданд, барои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои ояндадоре ҳавасманд бошанд. Чунки мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирон чанде пеш ба 50 дарсади кулли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шудааст ва ин маблағи ниҳоят калон аст. Аммо он дар иқтисоди Тоҷикистон кор намекунад ва ба берун меравад. Барои чӣ? Тоҷикистон дар фурсатҳои наздик бояд ба ҳалли ин мушкил талош варзад.

Радиои Озодӣ: Бархе аз соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ аз мизони баланди андоз дар Тоҷикистон шикоят мекунанд. Назари шумо ба ин масъала чист?

Бен Слей: Дар гузориши хеш мо танҳо масъалаи андозбандии қувваи кориро баррасӣ кардаем ва ман метавонам гӯям, ки дар қиёс бо дигар кишварҳо андозбандӣ хеле баланд аст. Ин боиси сар задани чанде аз мушкилоти дигар мешавад. Аз ҷумла, афзоиши шуғли ғайрирасмӣ ва иқтисоди пасипардагӣ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG