Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

131 донишҷӯи баргашта дар Донишкадаи исломӣ таҳсил мекунанд


Масъулони Донишкадаи исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 131 нафар аз он донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ таълимӣ динӣ мегирифтанд ва ба кишвар баргаштанд, дар ин донишкада таҳсил мекунанд. Тоҷиддин Асомиддинзода, ректори ин донишкада рӯзи 20 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин донишҷӯён пас аз мувофиқ намудани санадҳо, ба таҳсили худ дар ин донишкада идома медиҳанд. Вай афзуд, дигар донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои исломӣ мехонанд, дар сурати бозгашт метавонанд ба таҳсили худ дар ин донишкада идома бидиҳанд. Дар як пайи як муроҷиати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2010, садҳо тан аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

XS
SM
MD
LG