Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳайё Нозимова: Кори занони хабарнигор дар минтақаҳо мушкилтар аст. ВИДЕО


Муҳайё Нозимова

Муҳайё Нозимова

Анҷумани тозатаъсиси бонувони хабарнигори Тоҷикистон тасмим дорад, дар самти дифоъ аз ҳуқуқ ва боло бурдани касбияти онҳо саҳмгузор шавад. Дар ҳамоиши таъсисёбии ин ниҳод рӯзи 2 ноябр Мӯҳайё Нозимова, як хабарнигор ва журналисти пажӯҳишгар ба ҳайси раҳбари анҷуман интихоб шуд. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Муҳайё Нозимова гуфт, ки таъсиси чунин як созмони махсуси занони журналистро дар амри таъмини озодии баён ва рушди журналистикаи тоҷик муҳим мешуморад.

Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи ҷараёни интихоби раиси нави анҷумани нав, ӯ гуфт:

Муҳайё Нозимова: Ростӣ дирӯз вақте дар нишаст оид ба таъсиси ин анҷуман номзадии маро ба ҳайси раҳбар пешниҳод карданд, бароям ин каме ғайричашмдошт буд. Номзадии як-ду нафари дигар ҳам пешниҳод шуд. Аммо онҳо ин масъулиятро ба дӯш нагирифтанд. Тибқи низомнома тӯли ду сол масъулияти раҳбарии анҷуман ба дӯши ман хоҳад буд ва умедворам аз уҳдааш мебароям. Қадами аввали мо аз қайди давлатӣ гузаштан аст. Баъдан тибқи нақша мехоҳем, ки лоиҳаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи журналистони зан омода намоем. Ҳамчунин барои хабарнигорони оянда барномаҳои омӯзишӣ ва вохӯриҳо ташкил хоҳем кард.

Радиои Озодӣ: Маълум аст, ки имрӯз ҳам дар Тоҷикистон созмону шӯроҳои мухталифи журналистӣ фаъолият доранд. Ба таъсиси як анҷумани алоҳидае барои хабарнигорони зан то куҷо зарурат буд?

Муҳайё Нозимова: Медонед вақте дирӯз ҳамин суол ба миён омад, бисёре аз занон гуфтанд дар воқеъ ба чунин як анҷумане ниёз доштанд, то маҳз аз ҳуқуқу манфиатҳои онҳо пуштибонӣ кунад. Дуруст аст, ки имрӯз ҳам барои журналистон созмонҳои махсусе фаъолият доранд, аммо баъзан мушкилоте ҳаст, ки хоси занон аст ва агар занон бо ҳам муттаҳид шаванд, дар ҳалли чунин мушкилот саҳм бигиранд, муваффақтар хоҳанд шуд.

Радиои Озодӣ: Бонувони хабарнигор чӣ мушкил доранд?

Муҳайё Нозимова: Новобаста аз он ки мо дар як ҷомеаи муосир ва дунявӣ зиндагӣ мекунем, ҳанӯз ҳам андешаҳои шахшуда ҷой доранд. Чанде пеш ман дар як нишасти ҷаҳонӣ ширкат доштам ва ба ин хулоса омадам, ки мушкили занони хабарнигор якранг аст. Ин мушкилот ҳам шурӯъ мешаванд аз дохили идора. Яъне имтиёзҳое, ки ба мардон дода мешавад ба занон дода намешавад. Дастрасии мардон ба имкониятҳо бештар аз занон аст. Мисли рухсатии меҳнатӣ рухсатии нигоҳубини фарзанд. Ҳатто дар таҷрибаи кории худам ҳам ман чунин мушкиле доштам. Аслан чунин мушкилот хоси занони минтақаҳост. Дар шаҳр вазъи хабарнигорони зан беҳтар аст, албатта.

Радиои Озодӣ: Таъсиси анҷумани бонувони хабарнигор ба замоне рост омад, ки журналистикаи тоҷик давраи мушкилро пушти сар мекунад. Аз як сӯ бӯҳрон ва аз сӯйи дигар фишор. Шумо то куҷо бовар доред, ки фаъолият дар ин шароит бароятон ба осонӣ даст медиҳад ва ба ҳадаф хоҳед расид?

Муҳайё Нозимова: Албатта медонем, ки мушкил хоҳад буд. Дар ҳама кор мушкил ҳаст. Дуруст аст, ки имрӯз бӯҳрону фишор хабарнигоронро азият медиҳад. Яке аз ҳадафҳои аслии мо боло бурдани касбияти хабарнигорон аст, то тавонанд дар ҳама шароит фаъолияти касбии худро идома диҳанд. Новобаста ба ин шароит, мо талош хоҳем кард, то барои боло бурдани ҷуръати хабарнигорони зан мусоидат кунем. Барои ин ҷоизаҳои солона таъсис хоҳем дод. Мо талош мекунем, кори анҷуман шаффоф бошад ва бисёр умед дорем, ин созмон аз ҷониби занони хабарнигор дастгирӣ хоҳад ёфт. Якҷо ҳатман метавонем ба нақшаву ҳадафе, ки дорем, бирасем.

XS
SM
MD
LG