Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба таҳқиқи марги 7 муҳоҷири садамаи Саратов оғоз кард


Садамаи нақлиёт дар Русия
Садамаи нақлиёт дар Русия

Мақомти Русия мегӯянд, ки 7 муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар натиҷаи ба мошини дигар бархурдани "микроавтобус"-и онҳо, субҳи 15 январ дар минтақаи Саратов ба ҳалокат расиданд.

Ибтидо гуфта мешуд, ки дар ин ҳодиса шаҳрвандони Қирғизистон қурбон шуданд. Аммо баъдан мақомоти Русия ва Осиёи Марказӣ гуфтанд, ки чаҳор нафари онҳо қирғиз, ду нафар узбак ва як нафар тоҷик буд.

Хабаргузории ТАСС аз қавли пулиси маҳаллӣ гуфт, ки ду нафари ҳалокшудаҳо зан буданд.

Фақр ва бекории фарогир садҳо ҳазор зан ва мардро аз Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯи кор ба Русия бурдааст.

XS
SM
MD
LG