Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эштон ва "хатти сурх"-и равобити Аврупо бо Осиёи Марказӣ


Кетрин Эштон

Кетрин Эштон

Дар остонаи сафар ба Осиёи Марказӣ раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба саволҳои Озодӣ посух дод.

Ҳафтаи оянда қарор аст раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан кунад. Дар фурсати байни 26 то 30 ноябр ӯ ният дорад бо раҳбарони сиёсии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дидору гуфтугӯ кунад. Рӯзи 29 ноябр ӯро дар Душанбе интизор ҳастанд.

Дар остонаи ин сафар хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бруссел Рикард Возвяк бо хонум Эштон сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод:

Озодӣ: Дар ҷараёни сафар ба Осиёи Марказӣ шумо стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар ин минтақаро бо раҳбарони сиёсӣ баррасӣ хоҳед кард. Барои мунаққидон ин стратегия бештар як феҳрасти тӯлонии масоилеро мемонад, ки охир надорад. Беҳтар нест, ки ба ҷои матраҳ намудани масоили зиёд бевосита ба мушкилоти дарднок муроҷиат кунед?

Эштон:
Як феҳрасти тӯлониро монад ҳам, дар асл мо мехоҳем, ки тарафҳои гуногуни ин мушкилотро матраҳ кунем. Ҳақ ба ҷониби шумост, ки мо бояд кореро кунем, ки натиҷаи муваффақ дошта бошад. Чӣ тавр мо мефаҳмем, ки ба натиҷае даст ёфтаем? Бояд гуфт, ки як сабаби дигари ин сафар мулоқот бо вазирон аст, то ки бо онҳо баррасӣ кунем, ки аз кадом роҳ метавонем бештар ба ҳадаф бирасем. Мо дар масъалаҳои марзӣ, масалан, кори зиёде анҷом медиҳем. Мехоҳам, ки дар бахши маориф кор кунем. Талош дорем, ки аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам пешрафтҳои иқтисодии ин давлатҳо пуштибонӣ кунем. Мо бояд мутмаин бошем, ки ин тадбирҳо дар ҷои зарурӣ, бо иртиботот ва захираҳои муносиб анҷом шудаанд.

Озодӣ:
Шумо дар ин сафар ба ҳалли масоили ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пофишорӣ карданӣ ҳастед?


Эштон: Ин мавзӯъ ҳамеша як бахси гуфтугӯҳои ман аст. Ва ин сӯҳбатҳо ба шакле карда мешавад, ки баъдан дар амал татбиқ шавад. Мо бояд бидонем, ки аҳамияти ин гуфтугӯҳо дар ниҳоят барои занҳо, барои таъмини на танҳо ҳуқуқи сиёсии онҳо, балки ҳуқуқи иқтисодии онҳо чист? Зимнан, ман бовар дорам, ки иқтисодиёт дар сурати иштироки фаъоли занҳо бо пешрафти беҳтар рӯбарӯ мешавад. Онҳо маъмулан муваффақтаранд. Муҳим аст, ки бидонем, оё ин гуфтугӯҳо барои нафароне, ки аз сиёсат сӯҳбат мекунанд, чӣ аҳамият хоҳанд дошт? Ба озодии мазҳаб, ба маълулон ва онҳое, ки дигаргуна ҳастанд, чӣ паёмаде хоҳанд дошт? Вақте мо дар бораи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо ин кишварҳо дар оянда сӯҳбат мекунем, аз ҷониби ман ин мавзӯъҳо калидӣ шинохта мешаванд.

Озодӣ:
Оё шумо барои ин кишвар марзи ба истилоҳ “хатти сурх”-ро муайян мекунед? Оё роҳи дигари ташреҳи он вуҷуд дорад, ки фарз кардем, кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд ба ину он чиз даст зананд?

Эштон: Вақте шумо бо кишваре кор мекунед, дар ҳудуди байни инзиво ва муколама қарор доред ва дар бисёр нуқоти ҷаҳон, ки мо кор мекунем, аз рӯи ҳамин меъёр амал кардаем. Ман шахсан, ба ин боварам, ки дар ҳолатҳои хеле кам посухи масъала бояд инзиво бошад. Ҷалбу муколама роҳи беҳтарини ҳаракат ба пеш аст, ки бояд бар пояи баъзе принсипҳо бунёд шавад. Албатта ҳамаи ин вақт мехоҳад ва ин кори осон ҳам нест. Ин ҷо масъалаи боло бурдани эътимоди мардум аст, ки роҳи беҳтари дигаре вуҷуд дорад ва ҳамчунин шумо бояд ҳамеша эҳтироми он кишварро ба ҷо овардед, чун тасмимгиранда он тараф аст. Ин ҷо масъалаи таҳмили афкор буда наметавонад. Ин ҷо инчунин масъалаи муколамаву гуфтугӯ ва баҳс ҳам ҳаст, ки моро ба анҷоми корҳои дурусти сиёсӣ ба хотири пешрафт водор мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG