Пайвандҳои дастрасӣ

Видеои падари “ҷиҳодӣ”: Шумо мебудед, чӣ мекардед?


Тӯйчибой Абдуллоев

Тӯйчибой Абдуллоев

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Суғд бо Тӯйчибой Абдуллоев -- сокини 59-солаи ноҳияи Спитамен сари сӯҳбат нишаст, ки баъд аз “ҷиҳодӣ” шудани фарзандаш аз ӯ даст кашидааст.

Тӯйчибой Абдуллоев, сокини 59-солаи ноҳияи Спитамен, баъд аз он ки фаҳмид писараш “ҷиҳодӣ” шудааст, тариқи тамоми телевизионҳои Суғд гуфт, аз баҳри ӯ гузаштааст. Писари ӯ - Ҷавлон Юсуфов, маъруф бо лақаби “Абдулло Увайс”, охирҳои соли гузашта ҳамроҳ бо нуҳ тан аз ҳамроҳонаш боздошт шуда буд. Мақомот ӯро барои таъсис ва раҳбарии як гурӯҳи 10-нафарии мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва даъвати ҷавонон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия айбдор мекунанд.

Тӯйчибой Абдуллоев дар оғози суҳбат бо хабарнигори Озодӣ чӣ гуна тағйири ақида кардани Ҷавлон ва баъди он аз ҳам пошидани оилаи як замон сарҷамъашро нақл кард. Ин сӯҳбат дар канори сандалӣ манзили Абдуллоев дар шаҳраки Нови маркази ноҳияи Спитамен сурат гирифт.

Озодӣ: Чӣ боис шуд, ки аз баҳри писари худ гузаштед?

Абдуллоев: “Ҷудоӣ байни мо барвақттар сар шуда буд. Вақте писарам ақидаашро дигар кард ва ба роҳи хато рафт. Соли 1999 аз вазнинии шароити оилавӣ ба Маскав барои мардикорӣ рафта будам. Он вақт нав дар Русия сартарошидаҳо баромада буданд. Боре як гурӯҳи онҳо маро дошта, то мурданам зада, ба даруни ҷангал партофту рафт. Баъд аз 3 сол ба ватан баргаштам. Маъюб, бо дандонҳои шикаста. Дидам, ки писари калониам - Ҷавлон ба оина нигоҳ карда, суруд мехонад. Он вақт 16-сола буд. Сурудхониаш он қадар ба дилам таъсир кард, ки ҳама меҳри диламро ба вай бахшидам. Рости гап, пеш шароб менӯшидам. Гуфтам, писарам, ман акнун шаробнӯширо мепартоям, буду шудамро ба ту мебахшам, ба тарбияи ту машғул мешавам. Он вақт ду духтари хонадон қадрас шуда буданд, онҳоро ба шавҳар додан даркор буд. Мани маъюб як тин пул надоштам. Бо Ҷавлон дар хонаҳои мардуми худамон кор карда, хонадор кардем. Баъд, аз Тошканд асбоби мусиқии қимат харида оварда додам. Овози худодод дошт, одамон меомаданд, ба тӯйу маъракаҳоияшон даъват мекарданд. Ҳатто раҳбари театри ноҳияи Спитамен ба театр барои кор даъват кард. Соли 2005 ё 2006 шароити иқтисодиамон танг шуд, Ҷавлонро ҳамроҳи тағояш ба Русия равон кардам. Ҳамааш нағз буд, кор мекард, ба хона пул мефиристод. Ҳамин тавр 3 сол давом кард. Баъд аз ин, як вақт Ҷавлон аз Русия занг зад, ки дадо, суруд хондан ҳаром будааст, ман намозхон мешавам, ба роҳи Худо дохил мешавам. Дигар ҳеч вақт суруд намехонам. Гуфтам, писарам, ин чӣ гап, суруд ҳаром нест. Ман ба намозхониат муқобил не, аммо сурудахониатро ҳам давом деҳ.”

Озодӣ: Оғози бад шудани робитаатон бо Ҷавлон ҳамин буд?

Абдуллоев: “Ҳа. Баъд аз 6 моҳ телефон кард, ки бармегардад. Ба фурудгоҳи Хуҷанд пешвозгирӣ рафтам. Мебинам, почаи шимаш аз ошиқи по - боло, дар сараш - тоқичаи сафед, риш мондааст. Мо 1 сол якдигарро надида будем. На салом, на алайк. Гуфтам, писар, ба тӯ чӣ шуд. Вай худашро аз мо канор мегирифт, дар як кунҷи хона менишаст. Гуфтам, орзуву ҳаваси маро поймол накун, чашм кушо, халқ намоз мехонад, ман ҳам Худо хоҳад, як рӯз намозхон мешавам. Чизе нагуфта, ба ман теғ кашида менигарист. Бачае, ки ягон бор ба чашми ман нигоҳ

Маъсуми Муҳаммадраҷаб (рост) ҳангоми суҳбат бо Тӯйчибой Абдуллоев (чап)

Маъсуми Муҳаммадраҷаб (рост) ҳангоми суҳбат бо Тӯйчибой Абдуллоев (чап)

карда гап назада буд. Гуфтам, писар, ман ҳам шеър менависам, ҳамонҳоро мусиқӣ дароварда бихон. Дар ин дунё дуои падарро гирӣ, он дунёятро ҳам Худои таъоло обод мекунад. Мегуфт, не, "сурудхонӣ ҳаром", намехонам.”

Озодӣ: Баҳсу талошатон фақат сари намозу мусиқӣ буд ё аз ин ҳам фаротар?

Абдуллоев: “Муносибати мо аз ҳамин бад шуд. Мегуфтам, як дунёи равшанро бин, ҳофизони номдор: Ҷӯрабекҳо Муродов ва Набиев, Шералӣ Ҷӯраев Ҳаҷ карда омадаанд. Наход онҳо ними медонистагии туро надонанд. Якравӣ карда қабул намекард.”

Озодӣ: Оё фаҳмидед, ки писаратон дар куҷо ва чӣ тавр ба Ҳаракати исломии Узбакистон ҳамроҳ шудааст?

Абдуллоев: “Дар ҳамон Новосибирски Русия. Вале ӯро кӣ ба ин роҳ даровард, чӣ тавр, намедонам. Вақте баргашта ба хона омад, аз муносибаташ 6 моҳ азоб кашидам. Аммо он вақт намедонистам, вай ба кадом гурӯҳе ҳамроҳ шудааст.”

Озодӣ: Ҷавлон баъд аз хатми мактаб ҷое таҳсил карда буд, касбу ихтисосе дорад?

Абдуллоев: “Не, ба вай Худо ҳамин ҳунари овозхониро дода буд. Ман худам устои дуредгар. Ба як - ду кор вайро ҳамроҳам бурдам, дидам, ки беқувват, азоб мекашад. Худаш ҳам гуфт, устоӣ маъқулаш нест, ҳофиз шудан мехоҳад.”

Озодӣ: Хуб, баъд чӣ шуд?

Абдуллоев: “Писарам, ки гапи маро ҳеҷ қабул накард, як рӯз дар берун ҳар ду писару 3 духтарам ва занамро ҷамъ кардам. Гуфтам, ман арақхӯр, дузд ё нашъакаш нестам, барои ба роҳи рост даровардани Шумо ҳаракат дорам. Ман сардори хона, ин ҷо гуфтагии ман мешавад. Пурсидам: ман барои Шумо кӣ ҳастам? Гуфтанд: падари мо. Пас, гуфтам, ба роҳи гуфтаи ман зиндагӣ мекунед. Аммо ҳамин писарам, Ҷавлон рӯирост гуфт, падар надорад. Якшаппотӣ задам. Гуфтам, "оқ" кардам. Модараш ба миён даромад, вай баромада рафт аз хона. Вай он вақт дар масҷидҳо хоб мекард. Модараш ва як хоҳараш ҳам, ки гапи вайро ҳақ дониста ҳиҷоб гирифта буданд, маро тарк карда баромада рафтанд.”

Озодӣ: Ҳоло онҳо ҷудо зиндагӣ мекунанд?

Абдуллоев: “Бале, танҳо мондаам. Ҳозир дар ҳавлӣ бо писари хурдиаму як духтари дигарам зиндагӣ мекунам.”

Озодӣ: Баъд аз он кори дигаре накардед?

Абдуллоев: “Ман ба модарашу фарзандонам гуфтам, Ҷавлонро ба хидмати ҳарбӣ мефиристам. Ба як корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки дӯстӣ доштем, қиссаро нақл кардам. Вай ваъда дод, Ҷавлонро аз масҷид дошта, ба хидмати ҳарбӣ мебаранд.”

Озодӣ: Хидмати ҳарбиро адо кард?

Абдуллоев: “Не, хидматро ҳам адо карда натавонистааст ё нахостааст. Ин ба ман номаълум. Ман баъд аз 3 моҳи ин воқеа каме хотирҷамъ шуда, ба Новосибирск рафтам барои мардикорӣ. Мешунавам, ки Ҷавлон ҳам ҳамон ҷо. Ҳайрон шудам. Нафаҳмидам, ки баъди 2- 3 моҳ чӣ тавр халос хӯрда, ба Русия рафтааст. Як бор барои дидор наздам омада буд, он вақт ҳам аз вай илтимос кардам, гапамро гирад ва ба ҳамон касби сурудхониаш давом диҳад, розӣ нашуд. Ман он вақт намедонистам, ки вай ба кадом гурӯҳе ҳамроҳ шудааст.”

Озодӣ: Аз боздошти писаратон ба иттиҳоми таъсиси гуруҳи мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва даъвати ҷавонон ба Сурия кай огоҳ шудед?

Абдуллоев: “Ягон моҳ пештар буд. Як пагоҳӣ 2 корманди милиса бо мошин омада, ӯро гирифта бурданд. Байнамон муносибат набошад ҳам, вай (Ҷавлон) баъзе шабҳо омада, дар ҳамин ҷо хоб мекард. Чунки худаш хона надошт. Бурданд, ягон 10 рӯз гузашт, намеомад, рафтам ба ШКД, сардорашон гуфт, хафа нашвед, амак, вале писаратон 10 касро ба ҷанги Сурия бурданӣ буд. Ин бачаҳо ба мардикории Русия рафта буданд. Аммо аз Маскави Русия Шумо пеш депортшуда гуфта, баргардонида буданд. Намедонам, аз Русия хабар додаанд ё дар ҳамин ҷо чӣ тавр фаҳмидаанд, ки баъди баргаштанашон ҳамаи инҳоро дастгир карданд.”

Озодӣ: Шумо ба кори ин гуна ҷавононе, ки гурӯҳҳои тундрав таъсис дода, дигаронро ба барои иштирокдар ҷанги Сурия даъват мекунанд, чӣ тавр баҳо медиҳед?

Абдуллоев: “Ман дар пеши Худо рӯирост мегӯям, инҳо - одамони кӯрнамак, оқипадаранд. Дар мисоли ҳамин писари худам (Ҷавлон), ки мегӯяд, "ҳар кас кӣ намоз нахонад, вай кофир аст." Аммо ман гуфтам, не, агар ин тавр гӯем, дар рӯи замин кӣ мусалмон мемонад. Не, кофир касе, ки аз падару модари худаш рӯ гардонад. Худатон як фикр кунед. Писаратонро 20 сол бо меҳру муҳаббат, сарашро сила карда, ба по рост мекунед. Орзуву умед мебандед. Аммо як рӯз омада, ба рӯятон мегӯяд, ки "ту падари ман нестӣ!" Ҳолатон чӣ мешавад? Ҳозир ман ба қавле, "зиндаи мурда"-ам. Пагоҳӣ як пиёла чойу як бурда нон мехӯраму аз хона мебароям. Шаб, ки чароғ хомӯш шуд, ба хона бармегардам.”

Озодӣ: Ҷое кор ҳам намекунед, зиндагӣ чӣ тавр мегузарад?

Абдуллоев: “Бори зиндагӣ ҳозир ба дӯши писари дуюмам – Фаррух аст, ки аз пайи ман рафт, устои дуредгар шуд. Ва духтарам, ки бо як кӯдакаш ҳамроҳи мост. Ҳоло мебинед, аз химча сабад мебофад, дӯзандагӣ ҳам мекунад. Аммо ман ба фарзандонам мегӯям, ин то баҳор. Ман усто ҳастам, 5 панҷаам ҳунар, ба як кас як хона сохта диҳам, ҳам раҳмат мегирам, ҳам пулашро мегирам. Аммо ҳозир дар зисмистон кор карда наметавонам, чунки бемории тарбод дорам.”

Озодӣ: Агар рӯзе писаратон аз кардааш пушаймон шуду баргашт, мебахшед?

Абдуллоев: “Ҳар чӣ бошад, падар падар аст. Ҳарчанд орзуву ҳавасҳои ба фарзанд бастаатон амалӣ нашавад, дилатон аз дунё ҳам сард мешудааст. Вақте Ҷавлон таваллуд ва калон мешуд, аз ман одами хушҳол набуд дар ноҳия. Аммо акнун ин корҳояш оқибат маро хонашин карда монд. Кӯча мебароям, одамон аз писарам мепурсанд, ин ба дилам таъсир мекунад. Дар сарам чизе ҷо намегирад, фаромӯшхотир ва хаёлпараст шудаам. Падару модар – сутуну тоҷи хона. Агар насиб бошаду рӯзе даромада биёяд, пушаймон шуда, ба роҳи санъат медароям гӯяд, гуноҳашро мебахшам. Набошад, на худашу на модараш, на хоҳарашро намебахшам. Баъзе хешон маро мазаммат мекунанд, ки Тӯйчибой, кори хато кардӣ, аз зану писарат ҷудо шудӣ. Аммо ман мегӯям, агар Шумо ба ҷои ман мебудеду писаратон ба рӯятон мегуфт, ки "ту падари ман нестӣ", рӯяшро сила карда, ба оғӯш мегирифтед?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG