Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Сатторӣ: Ман бояд тарҳи қонуни интихоботро таҳия мекардам. ВИДЕО


Акс аз саҳифаи хусусии Бахтиёр Сатторӣ дар Фейсбук гирифта шудааст
Акс аз саҳифаи хусусии Бахтиёр Сатторӣ дар Фейсбук гирифта шудааст

Як фаъоли сиёсӣ Бахтиёр Сатторӣ аз касалхонаи Маскав ба саволҳои Озодӣ посух дод

Бахтиёр Сатторӣ, як фаъоли сиёсӣ аз Тоҷикистон, ки солҳои охир дар Маскав зиндагӣ мекунад, шоми 19 феврал мавриди ҳамлаи нафари ношиносе қарор гирифт. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар хона машғули таҳияи тарҳи қонуни интихоботи президентӣ буд, то ки баъдан онро тавассути матбуот ба сокинони Тоҷикистон ироа кунад.

Дар тасвири ҳамлаи шабонгоҳии нафари ношиносе дар назди манзили зисташ дар Маскав гуфт, шахси ношиносе, ки либоси торик дар тан дошт, ба ӯ аз пушт ҳамла кард. Дар натиҷаи ин ҳамла, чаҳор зарби корд ба ноҳияи шикам ва ду зарб ба рӯяш расидааст. Сатторӣ гуфт:

  • Шабона ҷарроҳӣ карданд ва ҳоло ман дар утоқи эҳёгарӣ қарор дорам. Чашмам қариб намебинад. Ҳамлагар як нафар буд, вале бисёр чолок буд. Ман бояд як гузоришро таҳия мекардам ва ният доштам, ки то субҳ кор кунам. Бо либоси сабуки хонагӣ ба фурӯшгоҳи назди хона фаромадам, ки сигор харам. Фикр мекунам, ки мунтазири ман буд. Аз паси ман омаду дар пушти фурӯшгоҳ дар як ҷои торик, аввал ба чеҳраи ман нигоҳ карду баъд заданро шурӯъ кард. Як бачаи қадбаланд буд, аз ман каме паст, лекин варзишдида буд. Телпаки сиёҳ, гарданбанд дошту рӯяш қариб пурра пӯшида буд. Мисле, ки кори худро хуб медонист, хеле чолокона ва босуръат мезад.

Сатторӣ гуфт, дар лаҳзаҳои ҳамла талош кард дилашро аз ҳамлаи корд ҳифз кунад, аз ин рӯ, зарбаҳои корд бештар ба ноҳияи шикамаш расидааст.


Б. Сатторӣ: "Ҳанӯз моҳияти ин ҳамларо дарк накардаам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:32 0:00
Линки мустақим


Бахтиёр Сатторӣ гуфт, ҳамлагар ҳеҷ ҳарфе ба забон наовард ва маълум набуд, ки ба кадом забон сӯҳбат мекунад. Вале аз чеҳрааш аён буд, ки як марди шарқӣ будааст. Вай гуфт, ҳанӯз ҳеҷ кас ё гурӯҳро дар ин ҳодиса айбдор карда наметавонад. "Ҳоло дар бораи ин ҳодиса гапу хабари зиёд ва воҳимаи зиёд мекунанд, аммо ман ҳанӯз касеро - на ҳукумат ва на оппозитсияро дар ин ҳодиса гунаҳгор карда наметавонам. Бубинем, тафтишот чӣ мегӯяд", гуфт ӯ. Аз рӯи иттилои ӯ, ҳанӯз намояндагони гурӯҳӣ тафтишотӣ бо ӯ мулоқот накардаанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
Линки мустақим




Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳодисаи ҳамла ба Бахтиёр Сатторӣ изҳори нигаронӣ кард

Сафорат хабар медиҳад, ки Бахтиёр Саттории 49-сола, зодаи шаҳри Хуҷанд, дирӯз поси шаб дар хиёбони Варшавское шоссе, 156-и шаҳри Маскав мавриди ҳамла қарор гирифт. Ҳоло муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии "Чертаново- Южное" мдар яке аз кӯчаҳои шаҳри Маскав мавриди ҳамла қарор гирифт. Парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нагатино-Садовникии пойтахти Русия ба баррасии ин қазия шурӯъ кардаанд. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки аз мақомоти Русия тафтиши ҳарчи зудтари ин қазия ва дарёфти ҳамлагаронро тақозо кардааст.

Бахтиёр Сатторӣ, ки қаблан котиби сеюми Сафорати Тоҷикистон дар Русия буд ва сипас сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия таъин шуд, дар моҳи июли соли 2012 аз вазифа барканор гашт ва ин иқдомро ноодилона номида, бо як аризаи матбуотӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кард, аммо ба мақомаш барқарор нашуд.

Сатторӣ ахиран ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул буда, аз аъзои фаъоли Маҳфили омӯзишии "Ҳукумати ояндаи Тоҷикистон" буд ва охири моҳи январ аз тарафи полиси Русия боздошт шуда, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG