Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Атоев: "Иттилоъ он вақт ба дард мехӯрад, ки дар вақташ ба мардум расонида шавад"


Акс аз сайти khovar.tj
Акс аз сайти khovar.tj

Мусоҳибаи ихтисосии радиои Озодӣ бо сардори нави Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ-и Тоҷикистон

Озодӣ: Вазифаи нав ба шумо муборак бошад. Ин вазифаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Корро аз чӣ шурӯъ кардан мехоҳед?

Атоев: Албатта, ин як вазифаи пурмасъулият дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин шабу рӯз мо дар як фазои иттилоотие қарор дорем, ки одам барои ҳар як ҳарфаш масъулияти калон дорад ва барои сухангӯи вазорат гуфтани ҳар сухан масъулият аст. Аз ин лиҳоз, вақте ин мақомро ба ман пешниҳод карданд, аз раҳбарияти вазорат пурсидам, ки шояд нафари аз мо ҳам шоистатаре бошад? Лекин раҳбарияти вазорат гуфт, ки “мо дар ин шабу рӯз ба таҷрибаи шумо боварӣ дорем”. Аз ин лиҳоз, ин мақомро пазируфтам ва ҳаракат мекунам, ки сазовори ин боварӣ шавам ва барои манфиати кишварам хизмат кунам.

Озодӣ: Оё дар назар доред, ки бо хабарнигорон – ҳамкорони ояндаатон мулоқоти хосе барпо кунед?

Атоев:
Албатта, алъон хеле зуд аст, ман акнун ба кор шурӯъ мекунам. Аммо дар оянда ман нияти чунин мулоқотро дорам. Албатта, шиносоӣ аз кормадони раёсат шурӯъ мешавад. Ман, албатта, аз соли 1992 то 2001 дар ин раёсат кор кардаам, котиби якум будам. Вале замона дигар мешавад, талабот дигар мешавад. Иттилое, ки он солҳо арзиш дошт, ҳоло тобиши дигар мехоҳад, ранги дигар мехоҳад. Дар муқоиса бо он солҳо, талабот ва фаҳмиши одамон ҳам дигар шудааст.

Озодӣ:
Манзури шумо ба роҳ мондани ислоҳот дар шеваи кори раёсати иттилоот аст?

Атоев: Аслан ҳамин тавр аст. Ман тақрибан шаш-ҳафт сол дар Афғонистон кор кардам ва шумо медонед, ки ин ҳамсояи наздики мо қариб 40 сол аст, чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронад. Ҳамаи ин чизҳо бояд мадди назари мо бошад, ки иттилоте, ки ин шабу рӯз пайдо мешавад, бояд дақиқкоронаву мӯшикофона ба самъи мардум ва расонаҳо расонида шаванд.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:48 0:00
Линки мустақим



Озодӣ: Роҷеъ ба раҳбари собиқи раёсати иттилоот Давлат Назрӣ аксари хабарнигорон назари мусбат доранд, мегӯянд, ки ҳамеша ба хабарнигорон дастрас буду ба саволҳояшон посух медод. Айни замон, бархе вазорати хориҷаро барои он танқид мекунанд, ки дар робита бо масоили доғе, ки ҷомеа посухи онро донистан мехоҳад, вокуниши сареъ нишон намедод. Шумо ба дақиқкор будани масъулини раёсати иттилоот ба ҳангоми пахши хабар таъкид кардед. Оё ин ба он маъно нест, ки кори раҳбарияти ин сохтор акнун каме эхтиёткор хоҳад шуд?

Атоев: На, иттилоъ ҳам он вақт ба дарди ҷомеа мехӯрад, ки дар вақташ ба мардум расонида шавад. Хабаре, ки дер мерасад, беҳтараш, ки нарасад. Ман орзу дорам, ки ин корро ба шакли дигар ба роҳ монем, то ки ҳар иттилову ҳар хабаре, ки ба вуқӯъ мепайвандад, сари вақт ба ҷомеа расонида шавад. Ман ният дорам, ки дар шеваи кор ин тағйиротро ҷорӣ кунам.

Озодӣ: Назаратон ба матбуоти тоҷик чӣ аст?

Атоев:
Назарам ба матбуот хеле мусбат аст. То ҷое ба матбуоти кишварҳои ҳамсояи пасошӯравӣ нигоҳ мекунам, матбуоти Тоҷикистон бисёр фаъол аст. Ҷомеа ҳам ба матбуот хеле дилбастагии зиёд дорад. Ҳукумати кишвар ҳам ба матбуот таваҷҷӯҳ мекунад, махсусан ба матбуоти мустақил.

Озодӣ: Аз матбуоти дохилӣ бештар ба кадом нашрияҳо ё сомонаҳои интернетӣ эътимод доред? Хабарҳои марбут ба Тоҷикистонро аз куҷо бештар мехонед?

Атоев:
Ба ҳамин сомонаи шумо бисёр эҳтиром ва эътимод дорем. Бисёр журналистони варзидаи мо дар радиои Озодӣ кор мекунанд, духтару бачаҳои тоҷик онҷо кор мекунанд, хабарҳои хуб менависанд. Дар ягон ҷои онҳо ғараз нест. Ман ба радиои Озодӣ эътиқод дорам.

Озодӣ: Ташаккур

Атоев: Боз ҳастанд расонаҳои дигар. Рӯзномаҳои дохилии “Миллат”, “Озодагон”, рӯзномаи Сайёфи Мизроб “СССР”. Мо онҳоро мутолеа мекунем. Бисёр хурсандам, ки вақтҳои охир рӯзномаҳои тоҷик аз чизҳои ғаразнок даст мекашанд, хабару мақолаҳои ба дарди ҷомеа мехӯрдагӣ чоп мекунанд. Ман хурсандам, ки аҳли қаламамон барои пештари кишварамон бисёр талош мекунанд.

Озодӣ: Мавзӯе, ки шояд дар оянда шуморо дар бораи он зиёд хоҳанд пурсид, инмасъалаи гирифтани аккредитатсия ё иҷозатномаи фаъолияти хабарнигор аст. Баъзеҳо мегӯяд, ки шояд ин мавзӯъ танҳо марбут ба Раёсати иттилооти вазорат набошад ва пушти он эҳтимолан баъзе сохторҳои махсус қарор доранд, ки эҳтимолан кори хабарнигоронро назорат мекунанд. Масалан, қазияе, ки вақтҳои охир хеле сару садо кард, марбут ба рад шудани аккредитатсияи хабарнигори радиои Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзод аст. Назари шумо ба мушкили гирифтани аккредитатсияи баъзе хабарнигорон чист? Шумо мехостед, ки ин мавзӯъ бозбинӣ шавад?

Атоев: Албатта, ҳанӯз ба ин савол ҷавоб додани ман зуд аст. Аз он лиҳоз, ки ман корро тоза шурӯъ кардам ва ин қазияро акнун аз шумо шунидам. Шояд ҳам дар рӯзҳои наздик ман ба ин масъала сару кор мегирам. Ман танҳо як чизро мегӯям, ки чӣ коре, ки бошад, дар чаҳорчӯбаи қонун бошад, ман шак дорам, ки ягон сохтор монеи он бошад. Ман бо ин қазия машғул мешавам ва шояд дар сӯҳбатҳои баъдӣ ба шумо ҷавоби дақиқтар дода тавонам.

Маълумот:
Абдулфайз Атоев, дипломати тоҷик, 10 апрели соли 2013 ба ҳайси сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ-и Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Соли 1953 дар ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст. Вай Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда ва дар вазифаҳои корманди масъули рӯзномаи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, котиби якуми департаменти вазорати корҳои хориҷӣ ва дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон кор кардааст. Солҳои 2009-2013 дар вазифаи Консули генералии Тоҷикистон дар вилояти Қундузи Афғонистон кор кардааст. Абдулфайз Атоев аз нахустин вакилони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати якум дар солҳои 1995-2000 буд.
XS
SM
MD
LG