Пайвандҳои дастрасӣ

​Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ, ки номзад ба мақоми вазири зироату молдорист, дар феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштааст. Ӯ ба сарпечӣ аз пардохти андоз муттаҳам мешавад.

Интерпол, ё пулиси байналмилалӣ Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ -- номзад ба мақоми вазири зироату молдории Афғонистонро дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Ин ниҳод мегӯяд, Ҳайдарии 52-сола барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ё андоз дар Эстония таъқиб мешавад.

Дар саҳифаи расмии Интерпол акси Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ ҷой дода шуда, аммо ҷузъиёти бештар дар мавриди ҷустуҷӯи ӯ гуфта нашудааст. Танҳо ин иттилоъ рӯи даст аст, ки қазияи таҳти пайгард қарор гирифтани номзад ба мақоми вазирӣ дар Афғонистон ба додугирифти ӯ дар соли 2003 бармегардад.

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, худи Ҳайдарӣ тасдиқ кардааст, ки номаш дар феҳристи Интерпол вуҷуд дорад, аммо ба бегуноҳияш исрор варзидааст. Ӯ инчунин таъйид намудааст, замоне раҳбарии як ширкати содироту воридотро ба уҳда дошт ва он дар Аврупои шарқӣ ва Русия фаъолият мекард.

Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ аз сӯи Ашраф Ғанӣ -- раисиҷумҳури Афғонистон ба ҳайси номзад ба мақоми вазири зироату молдорӣ дар кобинаи нави ҳукумати ваҳдати миллӣ дар ин кишвар пешниҳод шудааст. Аз 25 номзад ба мақоми вазирӣ, ки пас аз тақрибан севуним моҳи мушаххас шудани раиси ҷумҳури Афғонистон эълон шуданд, 13 нафар аз сӯи Ашраф Ғанӣ ва 12 тани дигар аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ муаррифӣ шуданд.

Назифуллоҳ Солорзай, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон, ба Ройтерс гуфтааст, онҳо дар мавриди феҳристи Интерпол иттилое надоштанд ва ҳоло онро таҳқиқ хоҳанд кард.

Мушовири аршади фарҳангӣ ва иҷтимоии раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҳам дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳам парлумон ва ҳам ниҳодҳои дахлдор ё зирабт ин мавзуъро пайгирӣ хоҳанд кард. “Чун оқои Муҳаммадяъқуб Ҳайдарӣ аз тарафи тими Таҳвил ва тадовум ба ҳайси вазир муаррифӣ шуда буд, дар ин хусус бояд таҳқиқоти зарурӣ бояд сурат мегирифт. Аммо табъан ҳоло ин масъала дар сатҳи расонаҳо ва матбуот ҳаст. Фурсаст ҳаст, ки ин қазияро ҳам парлумон ва ҳам ниҳодҳо таҳқиқ кунанд”, - афзуд мусоҳиби мо.

Қарор аст, номзадии вазирон рӯзи сешанбе, 20 январи соли ҷорӣ, ба таври расмӣ ба Вулуси Ҷирга ё парлумони Афғонистон муаррифӣ ва сипас аз тарафи вакилон таъйид шаванд. Пас аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар моҳи сентябри соли гузашта, ки дар раъси он Ашраф Ғанӣ ба унвони президент ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия қарор гирифтанд, вазоратхонаҳои Афғонистон аз сӯи сарпарастон идора мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG