Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди Гулмурод Ҳалимов парвандаи "муздурӣ" боз шуд


Яке аз охирин аксҳои Гулмурод Ҳалимов бо шахси номълум.
Яке аз охирин аксҳои Гулмурод Ҳалимов бо шахси номълум.

Мақомоти Тоҷикистон аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди Гулмурод Ҳалимов, сардори собиқи ОМОН-и Тоҷикистон хабар медиҳанд, вале Интерпол маълумоти марбут ба ӯро аз сомонааш пок мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон зидди сардори пешини Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сарҳанг Гулмурод Ҳалимов бо иттиҳоми "зархаридӣ" ва ширкат дар амалиёти ҷангӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, бо назардошти он ки Ҳалимов вазифаи давлатӣ дошт, ба ин парванда ҳамчунин иттиҳомоте чун "хиёнат" ва "терроризм" низ шомил шуда метавонанд, ки ҷамъан зиёда аз 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунанд.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки субҳи 2-юми июн аксҳо ва маълумоти марбут ба Гулмурод Ҳалимов аз торнамои Полиси байнулмилал -- Интерпол нопадид гаштаанд. Бо нашри онҳо Интерпол хабар дода буд, ки пайгарди қонунӣ ё ҷустуҷӯи ин полковники собиқи Тоҷикистонро сар кардааст. Эълони Интерпол рӯзи 1-уми июн, замоне нашр шуда буд, ки ҳанӯз рӯшан набуд, мақомоти Тоҷикистон зидди Ҳалимов парванда боз кардаанд ё на. Ғайб задани эълони Интерпол дар ҳоли ифтитоҳи парванда суолбарангез ба назар мерасад.

Хабаргузории русии “ТАСС” рӯзи 1-уми июн бо такя ба манобеъи худ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар авохири моҳи апрел бо ду тан аз ҳамроҳонаш тариқи Туркия вориди Сурия шуда ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Ин манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир додситонии куллии Тоҷикистон дар нисбати Гулмурод Ҳалимов парвандаи ҷиноятӣ боз намуда ва ҳамчунин тафтишот барои ошкор кардани ду шахсияти ҳамроҳи ӯ, ҷараён дорад. Сардори собиқи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов дар авохири моҳи апрел бо ду тан аз ҳамроҳонаш тариқи Туркия ба Сурия ворид шуда ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст.​Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки вай шаби 27-уми май бо нашри видео эълон кард, ки аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳимоят мекунад.

CNN: Ҳалимов бо таҷрибаҳои замонавӣ ба ДОИШ ҳамроҳ шуд

Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Гулмурод Ҳалимов - сардори собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз соли 2003 то 2014 панҷ давраи омӯзиши усулҳои нави зидди терроризмро гузаштааст.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико тамринҳои зиддитеррористии Гулмурод Ҳалимов, сардори собиқи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаро тасдиқ кард. Пуҷа Ҷунҷунвала, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Амрико ба телевизиони CNN гуфтааст, Ҳалимов бо пешниҳод ва замонати ҳукумати Тоҷикистон ба ин тамринҳо роҳ ёфта буд.

Ба қавли Ҷунҷунвала, "ҳадаф омӯзиш додани номзадҳо бо навтарин шеваҳо ё тактикаи навтарини мубориза бар зидди терроризм буд, ки инак худи Ҳалимов ба сафи онҳо пайвастааст." Ӯ афзудааст, Гулмурод Ҳалимов аз соли 2003 то 2014 панҷ давраи омӯзишии зиддитеррористиро дар Амрико ва Тоҷикистон гузаштааст.

Полковник Гулмурод Ҳалимов рӯзи 27 май, баъди як моҳи бе ному нишон шуданаш, бо нашри видео эълон кард, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст ва ҳушдор дод, ки бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон бармегардад. Дар ин навори тақрибан 13-дақиқаӣ фармондеҳи пешини ОМОН мегӯяд, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва, инчунин,

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико

тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷаи Амрико низ иддаои Ҳалимовро таъйид намуд.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, машқҳои Гулмурод Ҳалимов ба марҳилаи бӯҳронии мубориза бо терроризм дар лаҳзаҳои ҳассос ва дар ҳодисаҳои махсус ва дар чунин лаҳзаҳо ба ихтиёри худ гирифтани фармондеҳӣ дар ҷараёни чунин муборизаҳо иртибот дошт.

CNN мегӯяд, акнун коршиносон нигаронанд, ки ин сарҳанги фирорӣ на танҳо аз нуқтаи назари таблиғотӣ ба тундравҳои "Давлати исломӣ" ёрӣ мекунад, балки тактикаҳоеро ифшо ва ёд хоҳад дод, ки Амрико дар мубориза бар зидди тундравҳои ДОИШ ба кор мебарад. Майкл Брин, афсари пешини хадамоти ҷосусии Амрико дар сӯҳбат бо CNN, гуфт, "чунин қобилияту тавоноӣ хатарнок аст. Ин кори хуб нест, ки як фарди боломақоми зиддитерроризм худаш террорист шавад. Чунин ба назар мерасад, ки вай гӯё машғули ҳимоят аз мардуми эҳсосотӣ будааст."

Гулмурод Ҳалимов ба ҳангоми кор
Гулмурод Ҳалимов ба ҳангоми кор

Майкл Брин баъд аз бознишастагӣ дар Вашингтон дар Truman Project ё лоиҳаи Трумен кор мекунад. Ӯ мегӯяд, "Ҳалимов медонад, ки амалиёти зиддитеррористӣ чӣ тарз барномарезӣ ва таҳия мешавад. Барои ҳамин, вай медонад, одамоне, ки аз ҳадафҳои арзишманд дифоъ мекунанд, дар бораи чӣ фикр мекунанд. Вай медонад, одамоне, ки аз сафоратхонаҳо дифоъ мекунанд, дар бораи чӣ фикр мекунанд."

Коршиноси дигар, тирандоз Пол Шарре, ки ҳоло дар Маркази амнияти навини Амрико кор мекунад, мегӯяд, Гулмурод Ҳалимов ба тундравҳои "Давлати исломӣ" на танҳо шеваҳои нави муборизаро ёд медиҳад, балки вай афроди навро ба сафи ин тундравҳо ҷалб мекунад.

Пуҷа Ҷунҷунвала, корманди расмии Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Ҳалимов ва аъзои дигари нерӯҳои таъиноти махсуси зери фармондеҳии вайро барои омӯзиш ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд. Пеш аз оғози ин давраҳои омӯзишӣ онҳо ҳамаи замонатҳои заруриро дода буданд.

Рӯзи 31 май Интерпол ё Пулиси байнулмилалӣ эълон кард, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон фармондеҳи собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимовро таҳти пайгард қарор додааст. Дар сомонаи расмии Интерпол чаҳор акси Ҳалимов дар ҳолатҳои гуногун ва бахусус дар либоси сиёҳ нашр ва сабаби пайгардаш ҳам "узвият дар гурӯҳи террористӣ" гуфта шудааст.

Интерпол мегӯяд, Гулмурод Ҳалимов забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисиро медонад ва қадаш 1 метру 80 сантиметр ва вазнаш ҳаштод килост.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дарафонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. + дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст. Ҳамсар ва 8 фарзанд дорад.

Ҳоло барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов ва пахши як видео бо изҳороти ӯ, ки мегӯяд, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, бо ҷалби мутахассисони Вазорати умури дохилӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ситоди махсус таъсис ёфтааст.

Сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода мегӯяд, ин пажӯҳиш на танҳо навореро, ки рӯзи 27 май нашр шуд, балки ҳамаи маълумоти дигари ба гурӯҳи террористӣ пайвастани Ҳалимовро дар бар хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG