Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бисёре аз корбарони интернет дар Тоҷикистон аз якбора коҳиш ёфтани суръати ин шабакаи ҷаҳонӣ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ки як ҳафта боз вебсайтҳо ба осонӣ боз намешаванд ва тамошои наворҳои видеоӣ ба сахтӣ даст медиҳад.

Намояндагони бархе аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзоиши шикоятҳоро дар мавриди кундии суръати интернет тасдиқ карданд

Ба кӣ муроҷиат кунем?

Олим Раҳимов, як сокини Душанбе, рӯзи 23 ноябр гуфт, ҳатто сомонаи ҷустӯҷии Гугл, ки дафъатан боз мешуд, ҳоло то чанд дақиқаро дар бар мегирад. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, ӯ барои истифодаи интернет ҳар моҳ 270 сомонӣ пардохт мекунад, вале дар иваз хидмати муносиб расонда намешавад. “Вақте ба ширкати интернетрасон муроҷиат мекунем, дар ҷавоб мегӯянд, аз сӯи онҳо ҳеҷ мушкил вуҷуд надорад. Онҳо тариқи шартномае, ки доранд, интернетро бо суръати муайян пешниҳод мекунанд. Дигар ба куҷо муроҷиат карданамонро намедонем”, - афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, истифода аз барномаҳои муоширатӣ ба монанди Вайберу Скайп ҳам мушкил шудааст. Барои ирсоли як паёмак барнома то панҷ сония ё бештар аз ин ҳам “фикр” мекунад. Салима Раҳимова, яке аз дигар сокинони пойтахт, гуфт, наметавонад бо фарзандонаш, ки дар муҳоҷиратанд, бе мушкил тариқи Вайбер сӯҳбат кунад. Корбарони интернет мегӯянд, дар ин авохир истифода аз филтиршиканҳо низ барои боз кардани сомонаҳои масдудшуда душвор шудааст.

Сукут аломати ризост?

Бархе аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзоиши шикоятҳоро дар мавриди кундии суръати интернет тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, мушкил дар онҳо нест. Ин ширкатҳо аз шарҳи бештар худдорӣ карданд. Ҳарчанд корбарони интернет мегӯянд, ин ширкатҳо ба онҳо сабаби аслии заиф шудани суръати интернетро ба фаъол гардидани Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ яке аз масъулони ширкатҳо тасдиқ кард, ки, воқеан, мушкил аз ҳамин марказ маншаъ мегирад. Шикоятҳои корбарон ҳам дуруст баъди он пайдо шуд, ки масъулони Хадамоти алоқа Тоҷикистон аз ба таври санҷишӣ ба кор андохтани Маркази ягонаи коммутатсионӣ хабар доданд ва ҳамакнун тамоми мухобирот тариқи як равзана мегузарад.

Бо фаъол шудани ин марказ зоҳиран пешбиниҳои коршиносон амалӣ мешавад, ки мегуфтанд, зарбаи аввалин ба сифати хадамоти интернетӣ дар кишвар мерасад. Чанд сол пеш, ҳангоми матраҳ шудани ин мавзӯъ сафири вақти Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд гуфт, баробари ба кор андохтани Маркази ягонаи коммутатсионӣ кайфияти алоқа ва ҳамчунин интиқоли иттилоот коҳиш хоҳад ёфт. Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, ин марказ роҳро барои фасод дар бахши мухобирот боз мекунад.

Коршинос: Сабаби ташкили “мӯрӣ” фоидаи молӣ аст

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Нафарони огоҳ аз кори Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегӯянд, Хадамоти алоқа дар баробари назорати гуфтугӯ ва иртиботи интернетӣ мақсад дорад, аз гуфтугӯҳои байналмилалӣ ва маҷрои шабакаи ҷаҳонӣ даромади бештар ба даст орад. Константин Бондаренко, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт, “ин марказро ширкати давлатии Тоҷиктелеком идора мекунад. Ширкатҳои дигари интернетрасон барои истифодаи хадамоти ин марказ пул месупоранд. Ин ба он маъност, ки бозори мухобиротии кишвар зери инҳисори як ширкат қарор мегирад ва даромаде, ки қаблан ширкатҳои дигар мегирифианд, ҳоло ба ин ширкат мерасад.”

Ба қавли коршиносон, ҳатто бо вуҷуди дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ширкати давлатии Тоҷиктелеком натавонистааст то кунун ба панҷгонаи ширкатҳои беҳтарин ворид шавад. Тибқи ҳисобҳо барои таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ, ки дар заминаи ширкати Тоҷикителеком бунёд шудааст, давлати Тоҷикистон ба камӣ 50 миллион доллар харҷ кардааст.

Рустам Гулов

Рустам Гулов

Таҷрибаи истифодаи Маркази ягонаи коммуниктсионӣ ба ҷуз аз ду кишвар – Беларус ва Венесуеэла – дар ҷойи дигар истифода намешавад. Ба таъкиди таҳлилгарони умур, ҳамин гуна марказ қаблан дар Узбакистон низ вуҷуд дошт, ки баъдан ноком шуд.

Мегабайтҳо гарон мешаванд?

Рустам Гулов, поягузори вебсайти Блогистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вобаста будани суръати интернети ҳамаи ширкатҳо аз имконоти техникии як марказ рақобатпазирӣ дар бозори мухобиротро аз байн мебарад.

Мухобирот шояд ягона соҳае дар Тоҷикистон аст, ки солҳои охир рушди чашмгире дошт ва аз бахшҳои пурдаромад ва тиҷорати муътадил ба ҳисоб мерафт. Бино ба иттилои охирини Хадамоти алоқа дар Тоҷикистон, 3 миллион истифобарандаҳои интернет мавҷуданд. Муштариёнро чор ширкати «Бабилон», «Мегафон», «Тселл» ва «Билайн» бо интернети бесим ва ҳафт ширкати дигар тавассути cим бо интернет таъмин мекунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба онки дигар кулли траффикҳои интернет аз тариқи Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад ва суръати онро коҳиш медиҳад, айни ҳол маълум нест, мегабайтҳо пас аз гузаштан аз ин “мӯрӣ” то чӣ ҳад гарон хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG