Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, аз аввали имсол дар пайи назорати Интернет тавонистаанд, ки аз ҳашт ҳамлаи террористӣ дар кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар ниҳодҳои амнияти миллии Додситонии кулл, 16 сентябр ба Озодӣ гуфт, барои ин кор маҷбур шудаанд, матолиби шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ карда, почта ва Вайберу Мессенҷерҳоро санҷидаанд.​ Дар

Дар солҳои ахир 10 ҳодисаи бадном кардани журналистону ҳомиёни ҳуқуқи башар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида расидааст.

​мавриди то чи ҳад қонунӣ будани ин назорат ӯ гуфт, "назорати Интернет танҳо бо риояи қатъии қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон сурат гирифтааст".

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, истифодаи усули назорат бар Интернет аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро барои мубориза бо терроризм, таъмини амният ва суботи кишвар муҳим донист. Ӯ гуфт, ин усул дар чорчӯби Қонуни "Мубориза бар зидди терроризм", Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Қонуни "Фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ" сурат гирифтааст.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода

Холмуҳаммадзода афзуд, дар пайи қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Мубориза бар зидди терроризм” дар моҳи ноябри соли гузашта раванди назорат ба Интернет ва қатъи иртиботи телефонӣ ба ҳангоми анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон расмӣ шудааст.

Пешниҳоди таъсиси Маркази зидди ҷиноятҳо

Дар солҳои гузашта дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар водии Рашту Бадахшон алоқаи телефонӣ ва Интернет ба ин минтақаҳо қатъ шуда ва Фейсбук, Ютюб, Одноклассники ва торнамоҳои Озодӣ, Озодагон, Азия-Плюс масдуд шуда буданд. Аввали соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон эълон кард, ки қасд дорад, Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризмро таъсис диҳад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо Интернет ва бахусус шабакаҳои иҷтимоиро дар паҳн кардани ғояҳои ифротӣ муттаҳам карда ва хостори назорати ҷиддӣ бар шабакаҳои Интернет шуда буданд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар дар рӯзи 21 январи соли ҷорӣ гуфт, "тибқи таҳлилҳо макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд."

"10 журналистро бадном кардаанд"

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, назорати шабакаи Интернетро дар роҳи мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ муҳим хонд ва гуфт, маъмулан вақте масъалаи таъмини амният ва озодии баён ба миён меояд, афзалият ба аввалӣ дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ниҳодҳои масъул бояд матлабҳои шабакаҳои иҷтимоии Интернетро омӯхта, дар ҳолати вуҷуди ангезаҳои террористию ифротгароӣ корбаронро мушаххас кунанд ва бо онҳо суҳбат кунанд.

Қаршибоев афзуд, ҳамзамон набояд бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ озодии баён маҳдуд шуда ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ сиёҳу бадном кардани хабарнигорони мустақилу мудофеони ҳуқуқи башар истифода шавад. “Дар солҳои ахир 10 ҳодисаи бадном кардани журналистону ҳомиёни ҳуқуқи башар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида расидааст. Одатан ин гуна “фейк”-ҳо бо номҳои мустаор пахш шуда ва ниҳодҳои ҳифзҳи ҳуқуқро лозим аст аз ин гуна мавридҳо, ки ба хотири эҷоди мухолифату моҷаро ва ноором сохтани вазъияти кишвар сурат мегирад, пешгирӣ кунанд”, - гуфт ӯ.

Мубориза бо терроризм ё озодии баён?

Девид Кайе

Девид Кайе

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид Дейвид Кайе, ки аз 3 то 9 марти соли равон дар Тоҷикистон қарор дошт, гуфта буд, мақомоти тоҷик далели масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро “нигоҳ доштани амният” ва “мубориза бо терроризм” медонанд, аммо бо баҳонаи мубориза бо террор набояд озодии баён ва андеша дар кишвар маҳдуд шавад. Ӯ дар анҷоми ин сафараш зимни нишасти хабарӣ ба давлати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки дастрасӣ ба ҳамаи пойгоҳҳои хабарии интернетӣ ва аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоиро таъмин кунад.

Порлумони Аврупо низ зимни як қатънома дар моҳи июни соли ҷорӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, то мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифони давлат, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи бунёдии мардум дар кишвар эҳтиром бигузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG