Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мегафон ва Tcell дастрасӣ ба Google-ро маҳдуд кардаанд


Корбарони интернет дар Тоҷикистон гузориш додаанд, ки онҳо аз 12 июн ба хадамоти Google, аз ҷумла ба почтаи электронии Gmail дастрасӣ надоранд. Асомиддин Атоев-раиси Анҷумани пешкашкунандагони хадамоти интернетии Тоҷикистон гуфт, ки дастикам 2 пешкашкунандаи ин хадамот - Мегафон ва Tcell - дастрасӣ ба шабакаи Google-ро қатъ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки аз ду рӯз пеш дастрасӣ ба YouTube низ дар ин кишвар имконпазир нест. Рафиқҷон Шокиров-муовини раиси хадамоти Алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбате бо радиои Озодӣ 11 июн гуфт, ки хадамоти онҳо бо қатъи шабакаи YouTube дар Тоҷикистон ҳеҷ иртибот надорад. Вай афзуд, имкон дорад “баъзе мушкилиҳои фаннӣ” пеш омада бошад.

11 июн Дуня Миатович-намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот аз мақомоти зидахли Тоҷикистон хост, ки дастрасӣ ба YouTube-ро барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG