Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Cокинони Суғд: Рамзи 3G ҳаст, аммо Интернет боз намешавад


Сокинон мегӯянд, ҳарчанд дар телефонҳояшон рамзи 3G пайдо мешавад ва хабар медиҳад, ки ба Интернет пайвастанд, аммо саҳифаҳоро боз карда наметавонанд. Гӯиё аслан интернет нест.

Аксар сокинони Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз субҳи 5 октябри соли ҷорӣ ба ин сӯ аз дастрасӣ ба шабакаи Интернет маҳруманд ва ё ба сахтӣ фақат баъзе аз саҳифаҳоро боз карда метавонанду бас. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ду рӯз боз “интернет-кафе”-ҳои маркази Суғд ҳам , ки қаблан як ҷои серодам ва вохӯрии ҷавонон буд, холиянд.

Хабарнигори мо афзуд, дар Хуҷанд саҳифаҳои расмии мақомот дар Интернет, аз ҷумла сайти раиси ҷумҳур, ҳукумати Суғд ва Хуҷанд зуд боз шуда, торнамоҳои дигар ё баста шудаанд ва ё дар тӯли 15-20 дақиқа боз мешаванд ва он ҳам бидуни аксу видео.

Бисёре аз сокинони шимоли кишвар тариқи телефонҳои мобилиӣ аз Интернет истифода мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд нишона ё рамзи 3G дар телефонҳояшон ҳаст ва хабар медиҳад, ки ба шабакаи Интернет пайвастанд, аммо саҳифаҳоро боз карда наметавонанд. Як корманди "интернет-кафе" дар наздикии Фурӯшгоҳи марказии Хуҷанд низ гуфт, дар компютери онҳо мавҷи Интернет дида мешавад, аммо саҳифаҳо боз намегарданд.

Масъулони ширкати “Бабилон” дар шаҳри Хуҷанд гуфтанд, иллати дастнорас будани баъзе аз саҳифаҳои интернетӣ барояшон маълум нест ва намедонанд ин мушкил кай ҳалли худро хоҳад ёфт. Шумораи торнамоҳои басташуда дар Тоҷикистон дақиқ нест ва баъзе аз хабаргузориҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ теъдоди сайтҳои дастнорасро 300-то гуфтаанд.

Аммо Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ниҳоде, ки масъулияти танзими бозори Интернет ва телефонҳои мобилро дар ин кишвар бар дӯш дорад, даст доштани идорааш дар бастани шабакаҳои иҷтимоие, чун Фейсбук, ВКонтакте ва даҳҳо сомонаҳои хабариро рад кардааст. Ӯ рӯзи 6 октябр ба ИТАР-ТАСС гуфтааст: "Ман ягон хел амр барои бастани Фейсбук ва шабакаҳои дигар надодаам."

Раиси Хадамоти алоқа ҳамчунин бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро айбдор кардааст, ки "аз ҳад зиёд сиёсатзада шудаанд ва ба ҷои таблиғи сулҳу оромӣ дар ҷомеа низоъ бармеангезанд ва ҳамчунин даъватҳову гуфтаҳои ифротиро нашр мекунанд." Аз ин пештар Раҷиқҷон Шокиров, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “хабари баста шудани сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, дар қаламрави Тоҷикистон асос надорад ва нодуруст аст.” Оқои Шокиров афзуд: ”Ин хел гапу корҳо нест. Мо дар хона ҳастем, дам мегирем. Имрӯз истироҳат аст.”

Ҳарчанд раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва муоинаш мегӯянд, барои бастани кадом сайте амр надодаанд, аммо аз субҳи якшанбе ба ин тараф дар Тоҷикистон, ба гуфтаи корбарон, шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, ВКонтакте, Ютюб ва даҳҳо сомонаи дигар дастнорас шудаанд. Корбарон аз ҷумла аз дастнорас шудани сомонаҳое, чун Википедиа, Амазон.сом, Вести.Ру, Озодагон, Лента.Ру, Микс.Ру ва даҳҳо вебсайти дигар шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG