Пайвандҳои дастрасӣ

Нилуфар Раҳмонӣ - барандаи ҷоизаи "Зани шуҷоъ -2015"


Нилуфар Раҳмонӣ.

Нилуфар Раҳмонӣ.

Яке аз 10 ҷоизаи "Зани шуҷоъ" аз сӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар соли 2015 насиби нахустин зани халабон дар нерӯҳои ҳавоии Афғонистон Нилуфар Раҳмонӣ шудааст.

Нилуфар Раҳмонӣ -- нахустин зани халабон дар нерӯҳои ҳавоии Афғонистон, барандаи ҷоизаи байналмалилаии "Зани шуҷоъ-2015" шудааст.

Ин ҷоиза аз тарафи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико солона ба заноне аз чаҳоргӯшаи ҷаҳон тақдим мешавад, ки лаёқати сарварӣ, далерӣ, пуртоқатӣ ва иродаи фидокорӣ нишон дода, бахусус ба боло бурдани нақши зан дар ҷолмеа талош кардаанд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо имрӯз, 5-уми март дар бинои вазорати умури хориҷии Амрико дар Вошингтон баргузор мешавад ва ҷоизаи "Зани шуҷоъ" дар соли 2015-ро ба ин халабони афғон, бонуи аввали Амрико Мишел Обама тақдим хоҳад кард.

Дар баробари ин халабони афғон, ҳамчунин чанд зани дигар аз Покистон, Сурия, Бангладеш, Бирма, Боливия, Гвинея, Ҷопон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Косово ин ҷоизаро ба худ ихтисос додаанд.

Ҷоизаи "Зани шуҷоъ" соли 2007 аз сӯи вазорати умури хориҷии Амрико таъсис шуда ва ҳамасола ба касоне дода мешавад, ки барои сулҳ, адолат, ҳуқуқи башар ва ҳимояи ҳуқуқи занон талош мекунанд.

Соли гузашта низ як зани афғон Насрин Арёнхел -- раиси бемористони Малолайи Кобул низ барандаи барандаи ин ҷоиза шуда буд. Дар миёни барандагони соли гузаштаи ин ҷоиза, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик ҳам ҷой гирифта буд.

Нилуфар Раҳмон, ки ҳоло рубаи лейтенати дараҷаи 2-ро дорад, дар сини 18-солагӣ ва пас аз хондани эълон дар ВАО ҷиҳати кор дар нерӯҳои ҳавоии афғон, ба ин нерӯҳо пайваст. Ӯ соли 2012 давраи омӯзиши халабониро дар Амрико сипарӣ намуд ва аввалин парвозҳои худро анҷом додааст.

Касби халабонӣ барои Нилуфар Раҳмонӣ ва хонаводаи ӯ дардисарҳое дар пай доштааст ва Толибон ӯву хонаводаашро таҳдид ба куштан карданд. Аммо бо ин вуҷуд, ин халабонзани афғон тарки шуғли худ накард ва ҳоло дар нерӯҳои ҳавоии кишвараш хидмат мекунад.

XS
SM
MD
LG