Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи "Зани шуҷоъ" ба Ойниҳол Бобоназарова (ВИДЕО)


Акс аз flickr.com
Акс аз flickr.com

Яке аз 10 ҷоизаи "Зани шуҷоъ" аз сӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар соли 2014 насиби ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова шудааст.

Ҳомии ҳуқуқи инсон ва номзади нокоми интихоботи президентии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова нахустин зани Тоҷикистон аст, ки корномааш бо ҷоизаи байнулмилалии "Зани шуҷоъ" қадр карда шуд.

Ин ҷоиза аз тарафи Иёлоти Муттаҳида солона ба заноне аз чаҳоргӯшаи ҷаҳон тақдим мешавад, ки лаёқати сарварӣ, далерӣ, пуртоқатӣ ва иродаи фидокорӣ нишон дода, бахусус ба боло бурдани нақши зан дар ҷолмеа талош кардаанд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 4-уми март дар бинои вазорати умури хориҷии Амрико дар Вошингтон баргузор шуда ва ҷоизаи "Зани шуҷоъ" дар соли 2014-ро ба Ойниҳол Бобоназарова хонуми аввали Амрико Мишел Обама тақдим кардааст. Дар баробари раҳбари созмони "Перспектива +" ҳамчунин чанд зани дигар аз Афғонистон, Гурҷистон, Малӣ, Ҳинд, Украин ва Фиҷӣ ин ҷоизаро ба худ ихтисос доданд.

Навори видеоии тақдими ҷоиза ба Бобоназароваро дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб бубинед:

https://www.youtube.com/watch?v=xgrHjHXwKVs&feature=c4-overview&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A


Ҷоизаи "Зани шуҷоъ" соли 2007 аз сӯи вазорати умури хориҷии Амрико таъсис шуда ва ҳамасола ба касоне дода мешавад, ки барои сулҳ, адолат, ҳуқуқи башар ва ҳимояи ҳуқуқи занон талош мекунанд. Тибқи барнома, хонуми Бобоназарова мебоист, ҳамроҳи 9 барандаи дигари ҷоиза аз чандин шаҳри Амрико дидан ва дар як ҷаласаи ниҳоӣ дар Чикаго ширкат кунад. Аммо, ба гуфтаи наздиконаш, ӯ тасмим гирифт, зудтар ба Тоҷикистон баргардад, зеро модараш бемор аст.

Ойниҳол Бобоназарова аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон буда, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотталаб номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шуда буд, вале бинобар ҷамъ наовардани имзоҳои матлуб, аз сабқат берун монд. Ӯ дар таърихи Тоҷикистон аввалин зане буд, ки ба ин мақом пешбарӣ шудааст.

Ойниҳол Бобоназарова, аз ин қабл, дар моҳи декабри соли гузашта дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2013» дар Тоҷикистон эълон шуда буд. Созмони ҷамъиятии «Шӯрои ҳуқуқи башар ва қонунгузорӣ» рӯзи 10-уми декабр Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик ва роҳбари ташкилоти «Перспектива+»-ро "Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар соли 2013" эълон кард. Ин ҷоиза соли 2009 таъсис шуда ҳамасола аз тарафи созмони мазкур ба онҳое дода мешавад, ки барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҳтарин талошҳоро анҷом медиҳанд ва бо фаъолияти худ таваҷҷӯҳи давлат ва ҷомеаро ба ин риштаи муҳим ҷалб мекунанд.

Акс аз flickr.com
Акс аз flickr.com
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива +” аст.
Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.

Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ба унвони номзади ягонаи мухолифин пешбарӣ шуд, вале номзадиаш ба далели ҷамъ наовардани 210 000 имзо сабт нашуд. Бо вуҷуди ин вай дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҳаққи мухолифони сиёсӣ ва занон ҳимоят кард.

Шавҳари ӯ Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова, собиқ раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд. Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.
XS
SM
MD
LG