Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рассомон барои сулҳ" дар Душанбе (ВИДЕО)


Дар шаҳри Душанбе нахустин Намоиши байналмилалии "Рассомон барои сулҳ" оғоз шуд ва дар он меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 кишвари дунё осори ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.

Занҳои мотамзада рӯи ҷасаде, ки як қурбонии куштаҳои дастаҷамъӣ шудааст, марди боздоштшуда бо чашмони баста ва пои хуншор, муйсафеде овора бо хонаводааш дар паси як говароба - аз намунаи асарҳои наққошии нахустин намоиши байналмилалии рассомон дар Душанбе аст.

Дар намоиши наққошии “Дурдонаҳои роҳи абрешим” рассомон аз 30 кишвари ҷаҳон ҳунари наққошии худ дар мавзӯи сулҳро ба маърази тамошо гузоштанд. Абдувалӣ Шарифзода, мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар расссом аз диди фарҳангу ҷаҳонбинии хоси худ ва ҳам мавқеи миллиаш, мавзӯи сулҳро тасвир кардааст.

Ташаббускорони намоиши байналмилалии рассомон барои сулҳ ҳадафи ин барномаи фарҳангиро арҷгузорӣ ба сулҳу оромиш дар замони муосир унвон мекунанд. Сулҳе, ки барои расидан ба он дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон ҳазорон қурбониву харобӣ бар ҷой мегузорад.

Вафо Назаров, Рассоми мардумии Тоҷикистон гуфт, аз рӯи наққошиҳои намоишгоҳ рӯҳияи сулҳи кишварҳои воқеъ дар қаламрави "Роҳи абрешим" эҳсос мешавад. Бан Хон Лян, раҳбари ҳайкалтарошони Академияи Чин Хуаи гуфт, ин намоишгоҳ барои табодули фарҳангҳо ва ошноии бештар бо наққошони дигар хеле муҳим аст.

Намоиши наққошонро дар Душанбе Маркази табодули фарҳангии «Саёҳат ба хотири сулҳ» ва Академияи рассомони Тоҷикистон баргузор карданд.

"Мотами куштаҳои дастаҷамъӣ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

XS
SM
MD
LG