Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ян Кубиш: "Маҳви мухаддирот ба ҳамкории бештар ниёз дорад"


Ян Кубиш, намояндаи хоси СММ оид ба Афғонистон.

Ян Кубиш, намояндаи хоси СММ оид ба Афғонистон.

Дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои минтақа дар Душанбе, ба ҳамоҳангии бештар дар амри пешгирӣ аз қочоқи нашъадор аз Афғонистон, таъкид шудааст.

Ян Кубиш, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон дар нишаст гуфт, ки масъалаи маводи мухаддири Афғонистон бояд дар сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳал карда шавад.

Тоҳо Тоҳирӣ, қоиммақоми Ситоди мубориза бар маводи мухаддираи Эрон, ки дар ин нишаст иштирок дошт, ҳамчунин гуфт, ки «ҳеҷ иқдоме дар Афғонистон муваффақ намешавад, магар ки аз ҷониби кишварҳои минтақа ва кишварҳои муассир дар амнияти Афъонистон дастгирӣ наёбад»

Дар ин нишаст, ки рӯзи 29-уми ноябр диор шуд, роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Русия, Чин, Амрико, Туркия ва Тоҷикистон намояндагони СММ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок карданд.


Дар ин нишаст ҳамчунин намояндагони раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Иттиҳодия Аврупо низ ширкат карданд ва вазъи минтақаро дар робита ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар соли равон ва барои соли 2014, баҳс карданд.

Ба гуфтаи ин манбаъд, дар нишаст барномаи муборизаи муштарак ҷиҳати субот бахшидани вазъ ва роҳҳои муқовимат дар баробари густариши маводи мухаддири минтақа дар соли 2014, таҳия ва омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати қабули чораҳои қатъии зиддимухаддиротӣ, баррасӣ шуд.

Ҷаноби Раҳматуллоев афзуд, дар ҷараёни ин нишаст дар доираи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, “Барномаи минтақавии пуштибонии талошҳои дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои дгари минтақа барои солҳои 2011-2014” мавриди баррасӣ гардид.

Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар беш аз 10 соли қабл ба манзури назорат ва мубориза бар маводи мухаддир таъсис шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, мавориди интиқоли маводи мухаддир тавассути гуруҳҳои қочоқбар аз кишвари ҳамсоя, ки манбаи аслии тавлиди маводи мухаддир аст, ба мушоҳида расидааст.

Зимнан, ба иттилои мақомоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, аз соли 1994 то кунун дар қаламрави кишвар 99 тонаву 208 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст. Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ин миқдор маводе, ки мусодира шудааст, ба таври қочоқӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудааст". Аз ин ҷумла 32, 5 тонаи он ҳероин, 36,1 тона тарёк ва 29,1 тонаи дигар ҳашиш будааст.

Аммо мақомоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 3 тонаву 743 килограм маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 11 дарсад бештар аст.

Дар ин муддат дар қаламрави кишвар 537 ҷинояти вобаста ба интиқол ва қочоқи маводи мухаддир сабт шудааст, ки дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта беш аз 4 дарсад зиёд аст. Ҳамчунин ба иттилои масъулони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 33 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ба иттиҳоми интиқол ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, ки 27 нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон, 1 нафарӣ аз Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳастанд.

Аз шаҳрвандаони хориҷӣ дар ин давра 447 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса ба соли пеш 356 килограм зиёд аст. Аз сӯи дигар дар ин муддат ба гузориши Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, 49 шаҳрванди Тоҷикистон барои интиқол ва қочоқи маводи мухаддир дар хориҷи кишвар, ба хусус Русия ва Қирғизистон боздошт шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG