Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт (САДО)


Рӯзи шанбеи 18-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе 18-уми апрел барпо мегардад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми апрел хабар дод. Вай афзуд, “ин ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, барои бори шашум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар, давандаҳои касбӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе, инчунин, аз шаҳрҳои бузурги кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳое, ки бо мо ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доранд (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) ширкат хоҳанд кард. Чунончи, дар ин ниммарафон иштироки варзишгарони шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Самара ва Челябински Русия, шаҳри Барселонаи Испания, шаҳри Тошканди Узбакистон, шаҳри Шерози Эрон, инчунин давандаҳо аз Кения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон дар назар аст”.

Гуфтугӯ бо Аббосиддин Саймуддинов,
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:11 0:00
Линки мустақим

Бояд гуфт, ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки аз соли 2010 баргузор мешавад, аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст. Ниммарафони байналмилалӣ соати 9-и субҳи шанбе аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) барпо мегардад.

Ба иттилои ҷаноби Саймуддинов, ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ.

Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга 18-уми апрел дар маросиме бахшида ба Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев месупорад. Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - “Беҳтарин варзишгари сол”, “Беҳтарин мураббии сол”, “Беҳтарин мактаби варзишии сол” ва “Беҳтарин толори варзишии сол” бо ҷоизаҳо ба маблағи аз 2,5 ҳазор то 3,5 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Ба ҷуз ин ба 38 варзишгари беҳтарини Душанбе, ки дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардоштаанд, мукофотпулӣ ба маблағи аз 500 то 1000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Инчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳамзамон пойга миёни бачаҳои синнашон аз 10 то 15-сола ба масофаҳои 3 километр ва 5 километр барпо мегардад ва ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ниммарафони байналмилалӣ соли 2014 бо пирӯзии варзишгарони Украина ва Узбакистон анҷом ёфта буд.

Дар сабқати мардон Роман Романенко (Украина) ғолиб омад. Андрей Петров (Узбакистон) дар ҷойи дувум, Юрий Чечун (Русия) дар ҷойи севум, Андрей Бризгалов (Русия) дар ҷойи чорум, Киберес Кембер Квимой (Кения) дар ҷойи панҷум ва Маина Самуел Вайтака (Кения) дар ҷойи шашум қарор гирифтанд.

Дар сабқати занон Ситора Ҳамидова (Узбакистон) мақоми аввалро касб кард. Юлия Чиженко (Русия) дувум, Екатерина Фатеева (Русия) севум, Марина Хмелевская (Узбакистан) чорум, Наталя Соловёва (Русия) панҷум ва Мария Коробитская (Қирғизистон) шашум шуданд.

Вале порсол дар байни ҷоизадорони мусобиқа варзишгарони тоҷик ҷойгир шуда натавонистанд. Аз миёни давандаҳои тоҷик ду нафар – Ҳасан Ғаффоров байни мардон ва Дилшода Раҳмонова миёни занон – натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳаштумро соҳиб шуд буданд.

XS
SM
MD
LG