Пайвандҳои дастрасӣ

ИА: Ҳукми Додгоҳи олӣ ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон бо хатар рӯбарӯ мекунад


Иттиҳоди Аврупо рӯзи 3 июн бо нашри баёнияи расмӣ аз ҳукми чордаҳ узви аршади ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ интиқод кардааст. Иттиҳоди Аврупо дар ин баёнияаш мегӯяд, ҷараёни мурофиаи додгоҳии наҳзатиҳо "шаффоф набуд ва ҳаққи маҳкумшудаҳо ба додгоҳи одилона нақз шуд, ки ин ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди қонунҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунад."

Дар ин баёния гуфта шудааст, "мақомот барои исботи айби ин афрод бояд далелҳои муътамад пешниҳод мекарданд. Ин тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон ваҳдату ягонагии ҷомеаи тоҷикро ба хатар рӯбарӯ

Майя Косянчич

Майя Косянчич

мекунад. Ҳатто дар сурати анҷоми амалиёти амниятӣ низ озодиҳои бунёдии шаҳрвандӣ бояд замонат дода шаванд. Волоияти қонун бояд риоя бишавад."

Изҳороти мазкур аз номи сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо Майя Косянчич рӯзи 3 июн пахш шуд. ​Ҳукми аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 2 июн аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд, ки бар асоси он Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит ба ҳабси абад маҳкум шуда, бақия аз 2 то 28 соли зиндон гирифтаанд.

ВОКУНИШҲО АЗ ХОРИҶУ ДОХИЛ

Ҷоана Ҳоаре, аз созмони Афви Байнулмилал (Аmnesty International), қароргоҳаш дар Лондон, гуфт, ки аз шунидани ин хабар хеле нигарон шудааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, мурофиаи додгоҳии ин афрод мутобиқ ба меёърҳои додгоҳҳои байналмилалӣ набуда ва айбдоршавандаҳо ба вакилони дифои мустақил дастрасӣ надоштаанд. "Бузургмеҳр Ёров, ки талош кард аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунад, худ боздошт ва ба додгоҳ бурда шуд. Мулоқоти айбдоршавандаҳо бо хешу таборашон ҳам хеле маҳдуд буд. Дар маҷмӯъ, мурофиаи додгоҳӣ ҷавобгӯи меъёрҳои додгоҳи одилонаи байналмилалӣ набуд," - афзуд ӯ.

Ҷоана Ҳоаре гуфт, онҳо аз мақомоти тоҷик тақозо мекунанд, ки дар сурати талаби бозбинӣ шудани ҳукми додгоҳ аз ҷониби маҳкумшудаҳо, мурофиаҳои баъдиро одилона баргузор кунанд.

Максим Шевченко

Максим Шевченко

Максим Шевченко, сиёсатшинос ва узви Шӯрои ҷамъиятии ҳуқуқи башари назди президенти Русия, ин ҳукмро “хатои хеле ҷиддӣ” номида ва гуфт, ин иштибоҳ бояд ислоҳ шавад.

Ӯ гуфт: “Дар пасманзари дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки худам ҳам шоҳидашон будаам, манзур – сохтмони роҳҳо, бунёди нақбҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саркӯб кардани мухолифон, ки то дирӯз дар парлумон аъзо буданд, ба ҳеҷ сурат қудратро қавитар ва ё вазъро мӯътадил намекунад. Ҳар кас, ки дар сиёсат шаҳди пирӯзӣ мечашад ва фикр мекунад, ки дар болотарин мавқеъ қарор дорад, бояд дар ёд дошта бошад, ки зиндагӣ метавонад бисёр чизҳоро тағйир диҳад. Барои ман ин нафарон бегона нестанд. Ман сиёсатмадорони тоҷикро аз ҳарду тараф хуб мешиносам ва ҳеч гоҳ аз онҳое, ки дасташонро мефишурдаму дӯсташон мехондам, даст намекашам.”

Шевченко мегӯяд, агар мақомот фикр кунанд, ки мардум ба ин ҷараёнҳо оромона назар мекунанд, хато мекунанд, чунки асабонияти мардум афзун мешавад. "Ин ҷо бояд сиёсати оқилонаву боназокат ба кор равад. Агар бо мухолифон кадом мушкиле буд, онро мешавад бидуни фишор, бидуни додгоҳу ҳукмҳои додгоҳӣ ҳал кард. Танҳо аз роҳи баҳсу баррасиҳои боз пеш бояд рафт. Кишваре, ки дар он мухолифонро ба зиндон андохта, ҳизби сиёсиро нобуд мекунанд, ба ҳеҷ сурат роҳи демократиро интихоб намекунад.”

Шокирҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки нисбат ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ натиҷаи дигареро интизор шудан мумкин набуд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “ҳукумати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ин ҳизбро ҳамчун ҳизби террористӣ муаррифӣ кард ва мусалламан дар ҳоли ҳозир ангезаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аз арзишҳои ҳуқуқи инсон боло меистад. Аз ин рӯ, додгоҳ нисбат ба онҳо ҳукмҳои сангинро раво дидааст.”

Cаймуддин Дӯстов

Cаймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, ҳукми аъзои аршади ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз як сӯ “пешгӯишаванда” ва аз тарафи дигар “бениҳоят шадид” номид. Ӯ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “инҷо ягон ҷойи тааҷҷуб надорад. Дар таърихи сиёсии минтақа ҳадди ақал дар даҳ асри охир ҳамеша бар рақибони сиёсӣ муносибати бераҳмона сурат гирифтааст. Ҳоло масъалаи дигаре, ки дар робита ба ин ҳодиса матраҳ мешавад, ин аст, ки роҳбарияти ҳанӯз боздоштнашудаи ҳизби мамнӯи наҳзатро чӣ ҳукмҳо интизор аст? Интригаи сиёсати Тоҷикистон барои тобистону тирамоҳи соли ҷорӣ ҳамин аст.”

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “Душанбеи расмӣ баъди ин ҳукм интизор аст, ки исломи сиёсӣ тадриҷан аз байн меравад, бахше аз ҷонибдорони ҳукумат дар ҷомеа низ ҳаминро интизоранд. Аммо сенарияи дигар ҳам рӯшан мешавад: баъди ин ҳукм шояд бори нахуст дар 15 соли ахир заминаҳои молӣ барои фаъолиятҳои экстремистӣ дар Тоҷикистон бунёд шавад.”

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, журналисти тоҷик, мегӯяд, маҳкумияти аъзои аршади ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба фоидаи эътидоли кишвар нест ва ҳамзамон рейтинги кишварро дар баҳогузории созмонҳои байналмилалӣ поин мебарад. Ӯ гуфт: "Ин қазияи пурсарусадои сиёсӣ талаб мекард, ки қазия дар шароити боз ва шаффоф баргузор шавад. Вақте мақомот мегӯянд, ки гуноҳи онҳо собит шуд, ҷомеаи шаҳрвандӣ донистан мехоҳад, ки ин ҳукм воқеан ҳам дуруст аст? Бахусус, бо назардошти шадид будани ҳукми додгоҳ ва синну соли муҷримон, барои аксари маҳкумшудаҳо ин ҳукм баробар бо ҳукми абад аст. Ҳизби наҳзати исломӣ амалан танҳо ҳизби воқеии мухолифин буд, ки тарафдори зиёд дошт ва ҳамин воқеият ҳам ин парвандаро сиёсӣ мекунад. Барҳамхӯрии ин ҳизб ба ҳеҷ сурат ба фоидаи эътидоли кишвар нест."

Абдуллоев афзуд, бо вуҷуди ин ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон созмонҳои мудофеи озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башар амал мекунанд, раҳбарони ин кишварҳо аз таваҷҷӯҳ ба масоили Тоҷикистон даст кашидаанд. "Чунки манфиатҳои сиёсиву низомии онҳо муҳимтар аз масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ба назари ман, дар кишварҳои ғарбӣ кайҳо ба хулосае омадаанд, ки Ғарб – Ғарб асту Шарқ – Шарқ ва онҳоро бояд ба ҳоли худ гузошт. Додгоҳи ҲНИТ аз замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони як гардиши муҳим аст ва ҳоло Тоҷикистон ба як сохтори бастаи сиёсӣ табдил мешавад, дар ин кишвар на мухолифин ва на дигарандешон вуҷуд нахоҳанд дошт ва аз ин ба баъд фирори мардум аз кишвар бештар хоҳад шуд."

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ҲНИТ ба интихоботи президентӣ (соли 2013) ҳукми додгоҳро “шубҳаовар” номид. Вай гуфт, азбаски худи мурофиа пӯшида буд, сохторҳои давлатӣ ба сари гумонбарон гуноҳҳои хеле вазнинро бор карданд ва агар ин мурофиа ба таври боз баргузор

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

мешуд, барои мардум фаҳмо мешуд. Вале дар чунин шароит баҳогузорӣ кардан ба ҳукми додгоҳ хеле мушкил аст. Бобоназарова гуфт: “Ҳеҷ фикр намекунам, ки онҳо террорист бошанд. Террористон методҳои дигар доранд ва дар муддати хеле кӯтоҳ имкон надорад, ки онҳо террорист шаванд.

Дар гузашта давлат онҳоро ҳеҷ гоҳ барои ягон кор гунаҳгор накардааст. Ҳамаи онҳоро дар муддати кӯтоҳ дастгир карда, ҷиноятҳои сангинро ба онҳо раво диданд”. Ойниҳол Бобоназарова мӯҳлатҳои зиндони маҳкумшудаҳоро “хеле зиёд” арзёбӣ кард. “Вақте мо адолати судӣ, давлати демократӣ мегӯем, ин ба маънои давлати мардумӣ аст. Халқ бояд ҳатман аз гуноҳҳое, ки онҳо кардаанд, хабардор мешуд. Вале ба додгоҳ на журналистон, на наздиконашон ва на ҳомиёни ҳуқуқи инсон роҳ ёфтанд. Бинобар ин, худи пӯшида баргузор шудани додгоҳ, ҳукмашро ҳам таҳти шубҳа қарор медиҳад”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG