Пайвандҳои дастрасӣ

23 донишгоҳи Русия - дар ҷустуҷӯи донишҷӯ аз Тоҷикистон


Расми ифтитоҳи намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия

Расми ифтитоҳи намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия

Русия ба хотири густариши нуфузи забони русӣ мавзӯи ирсоли 400 омӯзгор ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад ва мехоҳад шумори ҳарчӣ бештари донишҷӯёни тоҷикро ба мактабҳои олиаш ҷалб намояд.

Давлати Русия дар посух ба даъвати ҳукумати Тоҷикистон барои фиристодани 400 омӯзгори забони русӣ, роҳҳои алтернативии ҳалли ин масъаларо пешниҳод дорад. Ин дар ҳолест ки мақомоти Тоҷикистон аз Русия хоста буданд, ки ҷиҳати таълими мукаммали забони русӣ дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ба ин кишвар теъдоде аз омузгорони забони русӣ бифиристад.

Игор Лякин- Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 март, дар ҳошияи маросими ифтитоҳи "Таҳсил дар Русия. Душанбе - 2014"- намоишгоҳи муаррифии имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар шаҳри Душанбе - дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷиҳати бароварда сохтани ин дархости Тоҷикистон корҳо идома дорад, аммо ҳамзамон роҳҳои алтернативии ҳалли ин мушкил низ дар назар аст: «Яке аз алтернативаҳо ин омода кардани омӯзгорони забони русӣ дар ҳамин ҷо, дар Душанбе ва гузаронидани давраҳои омӯзишӣ барои эшон ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Маскав аст. Мумкин ин яке аз роҳҳои самараноктари ҳамкорӣ бошад. Мо сари ин масъала кор карда истодаем. Дар ҳар ҳолат мо талош ҳоҳем кард, ки забони русӣ дар ин ҷо натанҳо мавқеашро аз даст надиҳад, балки густариш пайдо кунад. Мо барои ин аз ҳама чораҳои имконпазир истифода хоҳем кард.»

Лякин-Фролов афзуд, ки Валентина Матвиенко, раҳбари Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия дар сафари ахири худ ба Душанбе ба мавзӯи омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ва фиристодани мутахассисон аз Русия таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд ва умед аст, ки ин масъала мусбат ҳал шавад.
Нуриддин Саидов

Нуриддин Саидов

Ба навбаи худ, Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба мақоми вижаи забони русӣ дар ин кишвар таъкид кард. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 166 мактаб ба забони русӣ шогирдонро таълим медиҳад ва беш аз 40 ҳазор донишҷӯ ҳам дар гурӯҳҳои русӣ дар макотиби олӣ таҳсил доранд: «Мо бо Федератсияи Русия дар фазои воҳиди таълимӣ зиндагӣ мекунем. Мо аз ин фахр мекунем.» Ҳамзамон вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дар мактабҳои олии Русия танҳо тибқи омори расмӣ беш аз 7 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, Русия аз камранг шудани нақши забони русӣ дар паҳнои пасошӯравӣ сахт нигарон аст ва коҳиш ёфтани мавқеи забони русиро зарбае ба нуфузи худаш дар ин паҳно медонад. Чунончи матбуоти Русия ба тасмими Тоҷикистон дар чанд соли пеш ҷиҳати лағви мақоми забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо вокуниши тунде нишон дода буд. Коршиносон мегӯянд, Русия ҳоло талош дорад, нуфузи забони русиро дар паҳнои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бештар кунад ва аз ин рӯ, мехоҳад, то аз тариқи ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон барои таҳсил дар макотиби олиаш ва ҳамчунин кушоданги намояндагиҳои донишгоҳҳои русӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мавқеи забони русиро дар ин қаламрави тақвият диҳад.

Бо ин ҳол, сафири Русия Игор Лякин -Фролов севвумин намоишгоҳи "Таҳсил дар Русия. Душанбе - 2014"- ро як иқдоми муҳим медонад ва мегӯяд, дар ин намоишгоҳ мактабҳои олии Русия тахассусҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистонро пешниҳод мекунанд: «Дар ин намоишгоҳ намояндагони беш аз 20 донишгоҳи Русия ширкат доранд. Онҳо ҳамон ихтисосҳоеро пешкаш мекунанд, ки ба назари мо, дар Тоҷикистон ба онҳо талабот вуҷуд дорад. Барои мисол, бори аввал дар ин намоишгоҳ Донишкадаи харитасозӣ ва геодезияи Маскав ширкат мекунад. Шумо худатон медонед, ки Тоҷикистон бо назардошти вазъияти имрӯзааш то чӣ ҳад ба харитасозҳо ниёз дорад.»
Муаррифии имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон се рӯз идома мекунад ва дар он 23 донишгоҳи Русия, аз ҷумла Донишгоҳи федеролии Қазон, Донишгоҳи технологии Қазон, Донигоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи федеролии Русияи ҷанубӣ ва чанде дигар аз макотиби олии Русия ширкат доранд ва аз тариқи муаррифии барномаҳои омӯзишӣ ва таълимӣ ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба ин муассисаҳо ташвиқ мекунанд.

Мубтакирони аслии ин иқдом вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, сафорати Русия ва намояндагии "Россотрудничество" – як ниҳоди давлатии масъули равобити байналмилалии Русия - дар Тоҷикистон буда, намоишгоҳ дар бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ҷараён дорад.

Г. Бобоева: «Забони русӣ аз мақоми вежа бархӯрдор аст»

Гулчеҳра Бобоева, мудири бахши илм ва маорифи дастгоҳи президенти Тоҷикистон зимни ифтитоҳи севумин намоишгоҳи байналмиллаӣ, таҳсилот дар Русия гуфт «забони русӣ дар Тоҷикистон аз мақоми вежа бархӯрдор аст». Хонум Бобоева рӯзи 26-уми март дар ифтитоҳи севумин намоишгоҳи "Таҳсил дар Русия. Душанбе - 2014", ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, дар такя ба банди сарқонуни Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, «забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дар Тоҷикистон эътироф шудааст». Вай афзуд Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ дар макотиби миёна аҳамияти хос медиҳад ва «ҳар рӯзи сешанбе дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ рӯзи забони русӣ эълон шудааст, ки дар он устодон бо забони русӣ ҳарф мезананд.»

Баргузории ин намоишгоҳ дар ҳолест, ки масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузашта 2406 нафар донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар кишварҳои хориҷ фиристонда шуданд ва ва аксари ин донишҷӯён дар донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ таҳсил мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои дигар бештар аз 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Беш аз 7000 аз онҳо донишҷӯи донишгоҳҳои Русияанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG