Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунат ва ё менталитет?


Хушунати хонаводагӣ аз мушкилоти доғи Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди мубориза алайҳи он, боз ҳам коҳиш наёфтааст.

Навъҳои гуногуни зӯроварӣ, аз хушунатҳои ҷинсӣ, равонӣ, иқтисодӣ, никоҳҳои бармаҳалу бидуни сабти ном, латукӯби занон аз сӯи шавҳарон ва хешовандони дигар, ҳанӯз аз мавзӯҳои доғи нишастҳои вижаву расонаҳо боқӣ мондаанд.

ФАРҲАНГИ АНЪАНАВӢ?

Абахон Султонназаров, раҳбари Интститути инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё дар Осиёи Марказӣ, созмони пуштибони қонун «Дар бораи хушунат дар хонавода» дар Тоҷикистон мегӯяд, хушунати хонаводагӣ дар ин кишвар сол ба сол бештар, ҳамоно дар қолабҳои суннатӣ қавитар мешавад: «Агар ягон мушкил пеш ояд, дарҳол далел меоранд, ки ин менталитет, фарҳанги анъанавӣ ва арзиши мо аст, мо набояд ба онҳо дастдарозӣ кунем. Аммо сол ба сол анъанаҳои мо аз сӯи мардум бо ҳадафҳои манфӣ истифода мешаванд»

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2001 барномаи 10-солаи баробарии марду занро бо кӯмаки созмонҳои байнулмилалӣ рӯи даст гирифт, ки аз нукоти муҳимтаринаш, коҳиш додани хушунати хонаводагӣ буд. Аммо бар пояи иттилои 20 маркази бӯҳронӣ ва захиравие, ки дар чаҳорчӯби ин барнома дар шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон таъсис ёфтаанд, танҳо тайи ду соли ахир, ҳудуди 8 ҳазор нафар - 91% дарсад зан ва бақия мардон бар заминаи хушунати хонаводагӣ ба ин марказҳо шикоят бурдаанд. Бар пояи ин манобеъ, беш аз нисфи афрод аз сӯи ҳамсар ва аъзои дигари оила мавриди фишори равонӣ қарор гирифтаанд.

ЗАРУРАТИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ»

Коршиносон ба зарурати қонун «Дар бораи хушунати хонаводагӣ» таъкид мекунанд, ки ба қавли онҳо, аз афзоиши зӯровариҳо ҷилавгирӣ хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир, муносибати қонун ба хушунати хонаводагӣ ба таври пароканда дар кодексҳои ҷиноӣ, маъмурӣ ва дигар асноди ҳуқуқии Тоҷикистон сабт шудааст.

Насрулло Маҳмудов, узви гурӯҳи кории ин қонун дар парлумони Тоҷикистон мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки қонуни зидди зӯроварӣ дар хонадон ин мушкилро наметавонад ба пуррагӣ ҳал кунад, аммо дар ҳар сурат барои коҳиш додани шиддати он мусоидат хоҳад кард: «Гурӯҳи кории мо, ки таъсис ёфт, васеъ омӯхтан ва ҳаматарафа таҳлил кардани масъаларо ҳадаф гузошт, то дар қонун камбудӣ нашавад. Ҳоло гурӯҳ кор мекунад ва рӯзҳои наздик мо соҳиби ин қонун хоҳем шуд.»

ҚОНУН КОРСОЗ ХОҲАД БУД?

Дар ҳамин ҳол, коршиносони минтақа мегӯянд, рӯи кор омадани ҳамчунин як қонун дар Қирғизистону Қазоқистон натиҷаи дилхоҳро ба бор наовардааст. Ойниҳол Бобоназарова, сарвари созмони «Перспектива Плюс» мегӯяд, бар пояи шикояти зани латукӯбшуда мешавад шавҳари ӯро муҷозот кард ва ё дар марказҳои бӯҳронӣ ба ӯ кӯмак намуд, аммо кӣ замонат
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик
медиҳад, ки зиндагии ӯ ва чанд фарзандаш баъд аз ин беҳ мешавад. Вай афзуд, дар чунин ҳолатҳо ҳукумат бояд ӯву фарзандонашро таҳти сарпарастии молиявӣ гирад, аммо мутаасифона ҳукумат аз ин имкон бархурдор нест: «Ин чунон як мушкил аст, ки ба гуфтан осон аст. Ҳоло ҳама баробар «Қонун! Қонун!» мегӯем. Аммо бояд масъалаи боло бурдани маърифати мардумро фикр кард. 70 дарсади мардум дар манотиқ ба сар мебаранд. Ин ҷо дигар асту он ҷо дигар. Ин ҷо як қисм занҳои элита ҳастем, ки кор дорему пул дорем, аз касе вобаста нестем. Хеле суханҳои хуб мегӯем. Аммо зани бечораи деҳотӣ чӣ кор карда метавонад, агар шавҳараш набошад? Ин масъалаи хеле сангин аст»

ЧАРО ХУШУНАТ СУРАТ МЕГИРАД?

Коршиносон набуди ҳимояти иҷтимоӣ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии занони тоҷикро аз далоили афзоиши хушанат алайҳи онҳо унвон мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, 80% занон дар бахшҳои каммузд, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ кор мекунанд ва 55% дарсади мавриди хушунат қароргирифта бекор ҳастанд. Бар пояи як таҳқиқи созмонҳои ғайридавлатӣ, 100% занони пурсидашуда эъломияҳои байнулмилалӣ ва 75% барномаҳои милии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи занро намедонанд.

Холиса, як зане, ки аз тарафи шавҳар пайваста латукӯб мешуд, рафтори ҳамсарашро ҷиноят намешуморад ва онро ҳамчун як суннати заношӯи тасаввур мекунад: «Бисёр гап мезаду арақ мехӯрд. Мезаду ин қадар бад не. Хайр, назада ҳам намешаваду... Аммо охирин маротиба беҳад бераҳмона зад, ки тоқат накардам.»

УЛАМОИ ИСЛОМӢ МЕТАВОНАНД КӮМАК КУНАНД

Иддае дигар аз коршиносон алайҳи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон кор гирифтан аз нерӯи уламои исломиро зарур меҳисобанд. Саидаҳмади Қаландар аз Академияи муколамаи исломӣ-дунявӣ мегӯяд, ҳама гуна
Cаидаҳмади Қаландар, коршиноси масоили динӣ
намуди хушунатро дини ислом маҳкум мекунад, аммо мардум аз ин фароиз ва суннатҳо, ки барояшон аз муқаддасот ва арзишҳо ба шумор меоянд, хабар надоранд: «Пайғамбар (с) дар ҳадиси муборак мегӯяд, ки чигуна метавонад мард зан, ҳамсарашро латукӯб кунад мисли як уштурбача ва пас биравад ҳамроҳаш хоб равад, оғӯш гирад, бӯсад ё меҳрубонӣ кунад?»

Тибқи иттилоъи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки соли гузашта бо ҳадафи мубориза бо зӯроварӣ як маркази вижа таъсис додааст, хушунат на танҳо дар дохили хонаводаҳо, балки хориҷ аз ин доира низ вуҷуд дарад. Тибқи ин манбаъ, аз 70 то 80 дарсад шикоёте, ки ба вазорат ворид шудаанд, 55% мавориди хушунат дар оилаҳо буда, ҳодисаҳои дигар дар кӯчаву бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат гирифтаанд.

Коршиносон мегӯянд, омори хушунати хонаводагӣ, ки сари чанд вақт пахш мешавад, тасвири воқеъии ин мушкилотро бозгуӣ намекунад. Зеро аксар ҷабрдидаҳо ба ҷойе шикоят намебаранд ва ба тақдир тан медиҳанд. Танҳо 11% ба мақомот ё марказҳои бӯҳронӣ муроҷиат мекардаанд ва ин ҳам на барои расидагӣ ба шикоят, балки танҳо барои кӯмак.
XS
SM
MD
LG