Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Атфоли дархудмонда дар дунёи худ мечарханд


Фазлиддин Насриддинов ва писараш Камол

Фазлиддин Насриддинов ва писараш Камол

Танҳо маркази кӯмак ба атфоли гирифтори аутизм дар Тоҷикистон бо ташаббуси волидони 43 тифл бунёд шудааст.

Дар Тоҷикистон ба таври расмӣ беморони аутизм сабти ном нашудаанд ва барномаҳои ҳукуматӣ барои муолиҷаи ин маризӣ вуҷуд надорад. Аз ин хотир, тақрибан се сол пеш бо ташаббуси падару модари Камол, кӯдаки гирифтори ин беморӣ, ки акнун 11 сол дорад, як маркази ғайридавлатӣ созмон дода шуд.
Фазлиддин ва Лола Насриддиновҳо аз бемории кӯдакашон Камол рӯҳафтода нашуданд ва баъд аз муддате муолиҷа дар Ҳиндустон дар Душанбе бо кӯмаки падару модарони чунин беморон марказе ташкил карданд.

Фазлиддин рӯзҳои аввали огаҳӣ ёфтан аз бемории Камолро чунин ба ёд меоварад: “Тақрибан дар якуним-дусолагӣ модараш пайхас кард, ки рафтори кӯдак ба синну солаш мувофиқ нест. Мо ба чанд муасссисаи тиббӣ муроҷиат кардем. Духтурон аниқ ташхис карда натавонистанд, ки ин чӣ беморист. Вале баъдтар, вақте ки ба синни чаҳорсолагӣ расид, як муттахассис гуфт, ки шояд ин аутизм бошад”.

Табибон нишонаҳои гуногуни бемории аутизмро муайян кардаанд. Рафтори кӯдаки бемор ғайримаъмулист, такрор ба такрор як навъи ҳаракатро иҷро мекунад, масалан дар гирди худ беист давр мезанад ё ҳаракатҳои дигар. Бо касе бозӣ намекунад, намехоҳад бо касе гуфтугӯ кунад ва бемайлӣ нишон медиҳад. Рафтори чунин беморон ба синну солашон мутобиқ нест.

Фазлиддин Насриддинов мегӯяд, дар давоми 7-8 соли саргардонӣ барои муолиҷаи фарзандашон ва таҳқиқи ин беморӣ онҳо дарёфтаанд, ки аутизм ё дархудмондагӣ муолиҷа надорад. Вале илме дар тиб бо номи абатерапия метавонад то андозае беморро аз ҳолати беҳавсалагии комил ва рафторҳои бехуд берун орад.

Масалан, Камол баъд аз муолиҷа дар Ҳиндустон ҳоло атрофиёни худро аз рафтан ба “қазои ҳоҷат” ё ба қавли дигар “тару хушк” хабар мекунад ва дар пӯшидану кашидани либос худаш майл нишон медиҳад.

Дар Амрико ҳоло абатерапевтҳо ба хулосае расидаанд, ки агар аутизми кӯдак то синни дусолагӣ ташхис шавад, то 70 дарсад имкони муолиҷаи он вуҷуд дорад ва кӯдакон метавонанд ба мактаб раванд ва ҳатто бо барномаҳои махсус дарс хонанд.


Дар Ҳиндустон дар давоми ду семоҳае, ки Камол муолиҷа мегирифт, модари вай Лола давраҳои омӯзишии тарзи муносибат бо бемори аутизмро хатм кард, то битавонад дар ҳолатҳои зарурӣ хости Камолро бифаҳмад ва ба вай ҷавоб диҳад.

Баъд аз андӯхтани таҷриба волидайни Камол дарёфтанд, ки баъзе аз хонаводаҳои дигар низ дар Тоҷикистон ба чунин мушкил гирифторанд. Чунин падару модарон марказеро ташкил карданд ва падару модарони кӯдакони дархудмондаро дар он гирдиҳам оварданд. Лола дар ин бора мегӯяд, "Мо асосан 43 кӯдак дорем, аз 2 сола то 18 сола. Ду гурӯҳ дорем, барои кӯдакони то 6 сола ва гурӯҳи ёрии пешгирӣ. Онҳо барои мактаб тайёр мешаванд. 13 муаллима дорем. Онҳо ҳам муаллима ҳастанд, ҳам духтур ҳастанд ва ҳам падару модар".

Коршиносони ин марказ ба падару модарон низ давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд ва ба онҳо тарзи муносибат ба кӯдаки беморро ёд медиҳанд.

Ин марказ бо кӯмакҳои молии созмонҳои хайрияи байналмилалӣ ва баъзе аз соҳибкорони тоҷик фаъолият мекунад. Барномаҳои ҳукуматӣ барои муолиҷаи ин беморӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дар маркази равонпизишкии Тоҷикистон ва дар бахши бемориҳои асаби вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ин гуна беморон дар Тоҷикистон сабти ном нашудаанд. Раҳматулло Раҳмонов, сармуттахасиси бемориҳои асаби вазорати тандурустӣ мегӯяд:

“Дар Тоҷикистон ин гуна бемориҳо нест. Мумкин аст ягон-ягон бошанд, вале муттаассифона, онҳо муроҷиат кардагӣ нестанд. Мо ин рӯзро баргузор намекунем”.

Бо вуҷуди ин, Хуршед Қунғуратов, раиси Маркази ҷумҳуриявии равонпизишкӣ бо назардошти маълумоти СММ эҳтимоли мавҷудияти чунин беморон дар Тоҷикистонро рад намекунад, “мумкин аз 100 ҳазор 5-6 кӯдак бошад. Шояд муроҷиат мекунанд, вале ба қайд гирифта намешавад”, гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон хонаводаҳо маъмулан кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб, аз ҷумла аутизмро пинҳон медоранд ва онҳоро дар ҷое сабти ном намекунанд. Онро мушкили оила медонанд ва касеро ба кӯмак даъват намекунанд. Шояд ба ҳамин сабаб дар муассисаҳои расмии вазорати тандурустӣ беморони аутист то ҳол сабти ном нашудаанд ва барномаҳо низ вуҷуд надорад.

Вале дар кишварҳои мухталиф бо ташаббуси СММ дар Рӯзи ҷаҳонии огаҳӣ аз бемории аутизм роҷеъ ба зиндагӣ ва вазъи ин беморон филмҳо ба намоиш гузошта мешаванд ва коршиносон дар ҳамоишҳои махсус роҷеъ ба ин беморӣ сӯҳбат мекунанд. Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ низ зимни суханони худ роҷеъ ба аутизм гуфт, дар баъзе кишварҳо таваҷҷуҳ ба ин беморӣ ба он сабаб кам аст, ки аз он ба андозаи кофӣ огаҳӣ надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG