Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз


Барои аввалин бор имсол дар ҷаҳон 1-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз таҷлил карда мешавад.

СММ бо эълони ин сана хостааст имкониятҳои бештарро барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкили табъиз ва доғгузорӣ ба афроде, ки мубтало ба нашъамандӣ, маризиҳои сироятӣ, ва гирифтори Ейч Ай Виянд, фароҳам орад. Ба ин хотир "Шоҳпарак" ба унвони нишон махсус интихоб гардид, ки гуфта мешавад он рамзи дигаргунӣ дар ҷомеаро таҷассум мекунад.

Таҷлил аз рӯзи байнламилалии бидуни табъиз дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон афроди мӯътод ва сироятёфтаи ВИЧ/СПИД аксаран дар хонаводаҳову ҷомеа рӯзи хуш надоранд. Нигина, исми шартии ҷавонзани 38-солаест, ки 7 соли инҷониб бо вириси ВИЧ ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, аз он рӯзе, ки модараш аз бемор буданаш хабар шуд, зиндагӣ барояш талхтар гашт. Ба гуфтаи Нигина, ӯро аз хона бо кӯдаки хурдсолаш берун карданд ва ӯ бекасу танҳо ва зору ҳайрон дар кӯча монд. Вай гуфт, ҳаёт барои ӯ ба як имтиҳоне табдил шудааст, ки ҳамарӯза бояд табъизу таҳқирро дар баробари худ таҳаммул кунад.

Вай мегӯяд, «вақте ки модарам маро аз хона бо писари хурдсолам берун кард, ман аз ночорӣ рагҳои дастони худро буридам. Модарам аз тарс маро ба хона овард, аммо бо шарте, ки писарамро аз ташхис гузаронам ва маълумотномаро дар бораи сиҳат буданаш пешниҳод намоям. Ман ин корро кардам. Баъд маро дар даҳлез ҷой карданд, дегу табақамро алоҳида намуданд. Ба ман қапидани дастаи дар, оғӯш намудани фарзанд ва ҳатто оббозӣ карданро иҷозат намедоданд ва то ҳол аҳволи ман ҳамин аст. Аз он рӯзе ки ман фаҳмидам ба ин вирус гирифторам, худам дар назари худам бад шудам, ҳатто ба оина нигоҳ кардан метарсам. Аз ҷойи кори пештараам маро барои маризиям ихроҷ кардаанд. Ман ҳатто ёд надорам, ки кай охирон бор кошонаи ҳусн рафта будам, чун метарсам, ки нохост ягонҷои маро набуранд ва маризии ман ба каси дигар нагузарад.»

Дар ҳамин ҳол Таҳмина Ҳайдароваи 27-сола-раҳбари шабакаи занҳои гирифтори ВИЧ дар Тоҷикистон, мегӯяд, танҳо дар соли гузашта беш аз 60 занони сироятёфта дар мавриди табъиз шуданашон ба ин шабака шикоят кардаанд. Ба гуфтаи Таҳмина, агар теъдоде аз ин занонро бо айби сироят доштанашон ба ҳеҷ ҷое кор намегиранд, онҳое ҳам ки соҳиби кор будаанд ва ҳамкорону ҳамрҳонашон аз ин «сирр»-и онҳо бохабар гаштаанд, ки дар натиҷа боиси аз кор рондани онҳо шудааст. Таҳмина аз рӯзгори як ҳамин гуна ҷавонзан чунин қисса мекунад: «Ҷавондухтар ҳамагӣ 26 сол ва тифли 6 моҳа дорад. Ӯ аз шавҳараш сироят гирифт, ва шавҳараш даргузашт. Вай хело зиёд талош кард, ки ҷойи кор пайдо кунад аммо муваффақ нашуд. Билохира дар як хона тамизкор шуд ва чун зани зебо, ки буд соҳиби хона ба ӯ пешниҳоди издивоҷро мекунад. Ин ҷавонзан ба соҳибхона мегӯяд, ки гирифтори ВИЧ аст, пас аз ин ӯро дигар иҷозаи кор дар хонаро намедиҳанд. Ин зан ночор тарки Тоҷикситон кард ва ба Русия рафт, ҳоло намедонем, ки ӯ дар кадом ҳолат қарор дорад.»

Таҳмина мегӯяд, мисли ин сарнавишт имрӯз зиёданд заноне, ки баъд аз ошкор шудани беморияшон доғи нанг мегиранд ва гӯшанишин мешаванд. Аммо аз ин ҳам бадтар ҳастанд ҳолатҳое, ки ин маризон роҳи ҳалро дар худкушӣ худ мебинанд. Ба гуфтаи Таҳмина, на танҳо занон, балки мардони сироятдида, барои пайдо кардани дандонпизишкону ҷарроҳон мушкилӣ мекашанд. Агар онҳо бемории худро ошкор кунанд, духтурон аз табобати онҳо худдорӣ мекунанд, аз ин хотир аксаран онҳо водор мешаванд, ки бидуни огоҳ кардан аз «роз»-и худ аз хадамоти онҳо истифода баранд.

Дар ҳамин ҳол, Маркази таҳқиқоти стратегии назди дастгоҳи президенти Тоҷикистон барои муаяйн кардани шаклҳои табъиз ва доғгузори нисбати афроде, ки бо вируси «Ҳейч Ай Вӣ» ба сар мебаранд, дар сартосари кишвар 3 пажӯҳиши миллиро анҷом додааст. Дар ҷараёни ин таҳқиқот худи беморон, мақомоти маҳаллӣ, кормандони соҳаҳои мухталиф, ва диндорон ширкат доштаанд. Ин таҳлилҳо нишон додааст, ки 90 дарсади гирифторони ВИЧ пайваста шаклҳои мухталифи табъизро эҳсос мекунанд. Аз ҷумла 90 дарсад ба ҳангоми мушират, 67 фоиз вақти дарёфти кор, наздики 70 фисад замони гирифтани кӯмаки тиббӣ, 34 фоиз дар ҳолати муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 39 фисад дар хонаводаҳояшон бо табъиз рӯ ба рӯ мешудаанд.

Дилором Раҳматова, корманди Маркази таҳқиқоти стратегӣ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки нақзи ҳуқуқи сироятёфтагон дар бахшҳои мухталиф дар сатҳи баланд қарор дорад, аммо бо фаъол гаштани созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин замина вазъ то ҳадде беҳбуд ёфтааст. Дар зимн, Муродалӣ Рӯзиев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз СПИД мегӯяд, дар Тоҷикистон аз соли 1993 қонуни махсуси муқовимат бо вируси Вич амал мекунад. Ба гуфтаи ин масъул, тибқи қонуни мазкур ҳар гуна табъиз дар нисбати нафароне, ки бо ин вирус ба сар мебаранд, манъ карда шудааст.

Ҷаноби Рӯзиев мегӯяд, ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон расман 5 ҳазору 550 нафар мубталоёни ин ин беморӣ сабт шудаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, инҳо нафароне ҳастанд, ки расман аз ташхис гузашта сабти ном шудаанд ва илло дар асл теъдоди воқеъии сироятёфтаҳо даҳ маротиба бештар аз омори расмист.

Пӯлод Ҷамолов, раиси созмони мустақили “СПИН-Плюс” бар ин аст, ки бахши аъзами мубталоёни бемории СПИД аз ошкор кардани маризии худ ҳарос доранд ва ҳатто барои дарёфти доруи ройгон ба бемористон муроҷиат намекунанд. Ба гуфтаи оқои Ҷамолов, дар сурати ошкор шудани ин беморӣ, бештари афрод бо шумули хешовандон аз бемор ҳазар карда ва ҳама гуна иртибот бо ӯро қатъ мекунанд

Аммо Гулҷаҳон Умарова, як масъули дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ниҳоди онҳо ҳеҷ муроҷиатро аз сӯи сироятёфтагони ВИЧ дар мавриди нақзи ҳуқуқашон ба ҳангоми меҳнат ва ё дастарасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ дарёфт накардаанд. Вале хонум Умарова гуфт, дар сурати муроҷиат, онҳо метавонанд барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои ин шахс мусоидат кунанд.

Бештари соҳибназарон даст кашидани афроди мубтало ба бемории ЭЙДЗ ва вирусӣ аз суҳбатҳои ошкоро бо расонаҳои хабариро бим аз доғи нанг ва табъиз дар ҷомеа унвон мекунанд. Дар бархе маворид пахши матолиби носаҳеҳ аз вазъи ин беморон ва наҳваи муолиҷаи онҳо ва ё омор дар бораи маргу мири маризон мунҷар ба он мешавад, ки аксари мардум афроди мубтало ба ин бемориро ангуштнамо мекунанд ва ё аз муъомила бо онҳо ҳазар менамоянд.

Коршиносони байналмилаливу маҳаллӣ бар инанд, ки аз миён бурдани табъиз алайҳи чунин беморон дар ҷойи кор метавонад онҳоро ба зиндагии маъмулӣ бозгардонад ва афроди мубтало низ имкон пайдо мекунанд, ки дар таъмини хонаводаашон саҳм бигузоранд. Аз сӯи дигар, ин коршиносон нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯҳониёнро барои аз байни бурдани табъиз ва доғгузорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG