Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Захираи доруи инсулин дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки ба беморони гирифтори диабети қанд бепул тақсим мешуд, ба поён расидааст. Ин ҳол аз сабабе ба миён омад, ки ҳангоми таҳияи буҷаи соли 2016 барои харид ва тақсими ройгони инсулин дар байни гирифторони диабети қанд маблағи кофӣ ҷудо нашуд ва созмонҳои байналмилалӣ низ барномаи ироаи ройгони ин навъи доруро ба Тоҷикистон қатъ кардаанд.

Ба эътирофи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, захираи инсулини ройгон барои калонсолон тамом шуда, барои кӯдакони мубталои дибети қанд то анҷоми моҳи август кифоят мекунад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ рӯзи 8 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо талош мекунанд, ки дар буҷаи соли оянда барои хариди инсулин маблағи кофӣ ҷудо шавад. “То ба ҳол моро созмонҳои байналмилалӣ бо инсулин таъмин мекарданд. Аммо онҳо ингуна барномаҳояшонро қатъ карданд. Ҳоло вақти таҳияи буҷа барои соли оянда аст ва барои соҳаи тандурстӣ дар маҷмӯъ пул ҷудо мешавад ва аз ҳамин маблағҳо мо ҳисоби инро ҳам меёбем (манзур хароҷоти хариди инсулинро)”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Наврӯз Ҷаъфаров

Наврӯз Ҷаъфаров

Ҷаъфаров афзуд, вазорат ҳоло ба унвонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо низ муроҷиат карда, дархост кардааст, то ҳадди имкон барои хариди инсулин ва тақдими ройгони он ба ниёзмандон аз буҷаҳои маҳаллӣ маблағ пайдо кунанд.

Берун мондани банди хароҷоти инсулини ройгон аз буҷаи давлат ҳаёти 34 ҳазор бемори гирифтори диабети қандро зери хатар мондааст. Дӯстмурод Маҳмадов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, мегӯяд, беш аз 90 дарсади даромади хонаводааш барои хариди дору барои ҳамсараш сарф мешавад, ки солҳост аз бемории қанд ранҷ мебарад. “Дар оилаи мо се нафар кор мекунанд. Ҳар моҳ то 1000 сомонӣ барои занам инсулину дигар доруҳоро мехарем. Шаш сол аст, ки табобат мегирем ягон бор инсулинро ройгон ба мо надодаанд. Дар минтақаи мо ягон нафар бепул инсулин намегирад,” - гуфт ин сокини ноҳияи Восеъ.

Аз 34 ҳазор нафаре, ки аз бемории диабети қанд ранҷ мебаранд, беш аз 3 ҳазор аз оилаҳое ҳастанд, ки расман аз ҷониби мақомот камбизоат эътироф шуда ва тавони хариди инсулинро надоранд. Қиммати як зарфи шишагӣ (флакон) доруи инсулин ҳоло дар дорухонаҳои кишвар аз 120 то 180 сомонӣ аст.

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили кумитаи иҷтимоёти Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, ҳангоми қабули тарҳи буҷаи соли 2016 барои ихтисоси маблағи кофӣ барои хариди инсулин пофишорӣ карда буд, вале ин масъала то охир ҳал нашуд. Ӯ мегӯяд, “маблағе, ки аз ҳисоби буҷа барои хариди инсулин ба 34 ҳазор нафар ҷудо шудааст, кифоят намекунад. Барои таъмини онҳо бо инсулин беш аз 6 миллион сомонӣ ҳар сол маблағ зарур аст. Ман талош мекунам, ки ақаллан дар буҷаи соли оянда барои хариди инсулин маблағи кофӣ ҷудо карда шавад”.

Ғаффоров мегӯяд, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва давлат тибқи қонунҳои ҷорӣ вазифадор аст, ки беморони диабети қандро бо дору ва табобати ройгон таъмин кунад.

Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд” аз соли 2009 амал мекунад, ки давлатро муваззаф мекунад беморони дараҷаи якум ва дувуми диабети қандроройгон бо инсулин таъмин кунад. Мушкили таъмини сокинони мубталои бемори қанд дар Тоҷикистон дар ҳоле сар зад, ки иҷрои буҷаи кишвар ба далели таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ ба пуррагӣ иҷро намешавад. Танҳо дар ним соли равон камомади буҷа ба 144 миллион сомонӣ расидааст.

Ин аст, ки Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои таъмини ниёзмандон бо инсулин ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардааст. Дар дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон яке аз созмонҳои асосии кумакрасон барои арсаи тандурустӣ ба Озодӣ гуфтанд, барномаи онҳо иборат аз кумакҳои фаннӣ ва машваратӣ дар таҳияи қонунҳои марбут ба тандурустӣ аст ва онҳо имкони таъмини ройгони беморони тоҷик бо инсулинро надоранд.

Тайи 10 соли охир инсулини ройгонро ба Тоҷикистон созмони байналмилалии HOPE тақдим мекард. Аммо барномаҳои ин созмон марбут ба бемории қанд дар соли 2016 ба анҷом расидаанд ва HOPE дар Тоҷикистон ҳамакнун ба беморони сил бештар кумак мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG