Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи зимистон аксар сокинони нодори Кӯлоб тирезаҳои хонаҳоро на бо шиша, балки бо клеёнка ё матои пластикӣ мебанданд.

Дар остонаи зимистон ва дар шароити камбуди маводи энержӣ, аксари сокинони Кӯлоб тирезаҳои худро бо клеёнка ё матои пластикӣ мебанданд. Ҳоло дар бозорҳои маҳаллӣ клеёнка аз серхаридортарин маҳсулот ба шумор меравад.



Бозоралӣ Одинааҳмадов, тоҷири ин навъи маҳсулот дар бозори марказии Кӯлоб мегӯяд, бештари харидоронро афроди камбизоат ташкил медиҳад, ки тавони пурра шишакорӣ кардани хонаҳои худ ё харидории тирезаҳои пластикиро надоранд. Аз ин рӯ, онҳо бо нархи арзон клеёнка харидорӣ карда, хонаҳои худро то андозае аз боди сарде, ки ба хонаҳо ворид мешавад, ҳифз мекунанд.


Ӯ гуфт: «Ҳатто баъзеҳо тиреза надоранд ва ба ҷои шиша ҳам клеёнка харидорӣ мекунанд. Бештар клеёнкаҳое, ки як метраш 2 сомонӣ аст, харидор доранд. Дар баландошёнаҳо ва хонаҳои ҳавлӣ барқ маҳдуд аст. Ҳама ба хотири тез хунук нашудани хона клеёнка харидорӣ мекунанд. Клеёнка даҳҳо маротиба аз тиреза арзонтар аст», мегӯяд вай.


Сокинон мегӯянд, чаҳорчӯби чубии тирезаҳо шикофҳои хурд дорад, ки тариқи он боди сард вориди хона мешавад. Зулайхо Маҳмадова, як сокини Кӯлоб мегӯяд, агар клеенка хуб насб шуда бошад, гармии хонаро дуру дароз нигоҳ медорад.
Ӯ гуфт: «Зимистон хунук аст ва барқ тез-тез хомӯш мешавад. Барои гармӣ ҳезуму газ мехарем, вале агар тирезаҳо клеенка надошта бошанд, ин ҳезум фоида надорад. Хона боз зуд сард мешавад. Бо кӯдакони хурд мушкил аст.


Ба ҳар ҳол клеенка каме хонаро аз сардӣ наҷот медиҳад», мегӯяд ин зан.
Насби клеенка дар тирезаҳо хоси афроди камбизоат ё миёнаҳол аст, ки дар Кӯлоб, тавре ба назар мерасад, аксариятро ташкил медиҳанд. Афроди доро ба ингуна корҳо ниёз надоранд ва тирезаҳои хонаҳои худро бо чаҳорчӯби пластикӣ таъмин мекунанд.


Муҳаммад Раҷабов ба фарқ аз дигар ҳамсояҳояш, шароити беҳтари молӣ дорад, чун дар бозори Кӯлоб бо тиҷорат машғул аст. Вай имсол бо пули калон тамоми тирезаҳои хона ва чаҳчорчӯбашро табдил ба пластикӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, як метри кубии тирезаи пластикӣ 75 долари амрикоӣ ё наздики 350 сомонӣ нарх дорад. Барои ҳар тиреза тақрибан 200 доллари амрикоӣ сарф кардааст, маблағе, ки афроди камбизоат бо он 500 метр клеёнка харидорӣ мекунанд.

Қимати як метр клеёнка аз як то панҷ сомониро ташкил медиҳад ва ба гуфтаи сокинон 5-6 метри он барои маҳкам кардани тирезаҳои як хона кифоят мекунад. Афзоиши харидорони клеенка дар ҳолест, ки ҳоло дар шаҳру навоҳии Кӯлоб реҷаи шадиди интиқоли нерӯи барқ ҷорист. Дар як шабонарӯз сокинон ҳамагӣ 10-12 соат барқ дастрас мекунанду халос.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG