Пайвандҳои дастрасӣ

Чораҳои амниятӣ дар Душанбе сахттар шуд (ВИДЕОИ НАВ)


Саид Ҷӯрахонов

Саид Ҷӯрахонов

Генерали тоҷик гуфт, тафтиши санадҳои сокинони пойтахти Тоҷикистон бо ҳадафи таъмини амният аст, на чизи дигар.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба роҳ мондани реҷаи паспортӣ дар пойтахтро шарҳ дод ва гуфт, ҳадаф аз ин кор таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва бахусус таъмини низоми шаҳрдорӣ ва будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди Душанбе аст.

Генерал Саидхон Ҷӯрахонов, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони милиса бо назардошти реҷаи паспортӣ, ки аз аввали август оғоз шуд, ба манзили сокинон танҳо ба хотири мушаххас кардани теъдоди аъзои хонаводаҳое мераванд, ки расман сабти расмӣ шудаанд. Саидхон Ҷӯрахонов афзуд, сокинони пойтахт набояд аз омадани маъмурони милиса ба хонаашон дар ташвиш бошанд ва мувофиқи қонун, санадҳоеро, ки аз онҳо пурсида мешавад, нишон бидиҳанд:

«Вақтҳои охир омаду рафти шаҳрвандон аз манотиқи гуногуни кишвар ба пойтахт ба маротиб афзудааст, вале на ҳамаи онҳо қоидаҳои иқомат ва низоми шаҳрдориро риоя мекунанд.»

Саидхон Ҷӯрахонов ба Радиои Озодӣ, гуфт, ҳоло тафтиши сокинони ноҳияи Сино аз тарафи кормандони умури дохилӣ дар минтақа идома дорад. Низоми паспортӣ дар ҳудуди дигар ноҳияҳои пойтахт, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ ҳам ҷорӣ мешавад.

Бидуни огаҳии пешакӣ ва тафтиши ногаҳонии санади мардум дар манзилашон мояи изтироби онҳо шудааст, зеро реҷаи паспортӣ дар пойтахти Тоҷикистон кам дида мешавад. Чанд сокини ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони милиса субҳи барвақт ва ё шом ба хонаҳояшон омада санадҳои расмии аъзои хонаводаро тафтиш карда ва рафтаанд. Рӯзҳои ахир гаштзании маъмурони пулис дар пойтахт ҳам зиёд шудааст.

Азбаски шаҳри Душанбе ба мизбонии нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай омодагӣ мегирад, реҷаи паспортӣ бахше аз тадобири омодагӣ барои таъмини амният дар пойтахти Тоҷикистон дониста мешавад. Бар тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, тайи чанд рӯзи тафтиш, 124 мавриди иқомати бидуни сабти ном шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Дар рафти тафтишҳо ҳамчунин як силоҳи шикорӣ, 1 норинҷак ва 12-дона тир ошкор ва мусодира карда шудааст.

Дар Душанбе, ки 0,1 дар сади қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад, 9,5 дар сади аҳолии кишвар ва ё тақрибан 800 ҳазор нафар ва бар тибқи омори дигар, беш аз як миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG