Пайвандҳои дастрасӣ

Барои пӯшондани болои воҳиди чаҳорум ҳоло кори зиёде мондааст. Дар охири соли 2017 деворҳое месозанд, ки ба тамом реакторро мепӯшонад. Баъди хатми кор, сарпӯш то 100 соли дигар намегузорад, маводи радиоактиви заҳрогин аз инҷо хориҷ шавад.

Аз нимаи моҳи ноябр сипари нави оҳанин ба тадриҷ рӯи тобути кӯҳнаи нерӯгоҳи Чернобил ҳаракат мекунад ва сарпӯши азиме рӯи як ректори ин нерӯгоҳро мепӯшонад. Евҳен Катунин, муовини раиси нерӯгоҳи атомии Чернобил усули ҳаракати сарпӯши 31 ҳазор тоннагиро ба Радиои Озодӣ нишон дод.

Вай гуфт, "пеши мо системаи борбардоре истодааст, ки қисмати аввалаш борро мекашад, қисмати ақиб тела медиҳад. Ҳамингуна мо сарпӯшро ба рӯи роҳи тефлонӣ ҳаракат медиҳем. Ҳамингуна сарпӯшро дар рӯзҳои наздик ба рӯи воҳиди чаҳорум мепӯшонем."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Дар он замон барои пешгирӣ аз паҳншавии радиатсия рӯи реакторро бо семент пӯшонданд. Вале он мисли пешина коромад нест.

Радиои Озодӣ ягона расонаест, ки баъди суқути Шӯравӣ бори аввал ба ин толори заҳролуд роҳ ёфтааст.

Сарпӯши нав болои қабати сементӣ меравад. Сарпӯш 110 метр ва баландтар аз муҷассамаи Озодӣ ва васеътар аз киштии Титаник аст. Барои сохтани он ҷомеаи байналмилалӣ 3 миллиард доллар додааст. Муовини раиси нерӯгоҳи атомии Чернобил мегӯяд, "сарпӯш дар се ё чаҳор марҳила ба ҷояш бурда мешавад. Вале мо чанд рӯзи дигар дорем, то амалиётро дуруст анҷом диҳем. Ҳеҷ кас шитоб намекунад. Аввал аз ҳама амният аст. Мо мехоҳем, баъди пӯшонидани тобути кӯҳна, қисматҳои ларзонаки онро вайрон кунем."

Пеш аз амалиёти азим, Радиои Озодиро ба утоқи чангзадаи идораи реактори чаҳорум роҳ доданд. Дар ҳамин ҷо кормандон кори реакторро тафтиш мекарданд, ки фалокат рух дод ва реактори 4-ум таркид. Инҷо толори турбинаҳост, ки маводи радиоактиви хориҷшуда сабаби оташ гирифтани боми нерӯгоҳ шуд. Радиои Озодӣ ягона расонаест, ки баъди суқути Шӯравӣ бори аввал ба ин толори заҳролуд роҳ ёфтааст.

Барои пӯшондани болои воҳиди чаҳорум ҳоло кори зиёде мондааст. Дар охири соли 2017 деворҳое месозанд, ки ба тамом реакторро мепӯшонад. Баъди хатми кор, сарпӯш то 100 соли дигар намегузорад, маводи радиоактиви заҳрогин аз инҷо хориҷ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG