Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯйдодҳое, ки Тоҷикистонро соли 2012 вирди забонҳо кард


Тоҷикистон, ки мисли дигар кишварҳои хурд бисёр кам ба расонаҳои байналмилалӣ роҳ меёбад, бо чанд кори манфиву мусбат соли 2012 дар саросари ҷаҳон вирди забонҳо шуд.

Сукути тақрибан чаҳормоҳаи расонаҳои ҷаҳонӣ дар бораи Тоҷикистонро, Узбакистон шикаст, ки моҳи апрели ҳамин сол, қитъае аз роҳи оҳани Амузанг-Тирмизро як роҳи ҳаётии таъмини вилояти Хатлонро барчиду Тоҷикистонро ба дарди сари зиёд гирифтор кард. Ин хабар висли вирус дар бисёре аз расонаҳои хориҷӣ ба мисли Ройтерсу, Франс Пресс ва бахши ҷаҳонии Би-би сӣ ва ҳамчунин дар блогҳои хусусӣ ва рӯзномаҳои маҳаллии кишварҳои гуногун паҳн шуд, ки Тоҷикистону Узбакистонро ҳамсояҳои ҷанҷолӣ хонда ва мегуфтанд, нерӯгоҳи Роғун, ки Тоҷикистон месозад, сабаби аслии “бадрафтории” Узбакистон аст.

Бо гузашти муддати кӯтоҳе аз ин ҳодиса, Тоҷикистон дигарбора аз ёдҳо рафт, вале се моҳ баъд дигарбора сари забонҳо шуд ва бо хабари қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати Амнияти Миллӣ дар вилояти Бадахшон, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ӯро зердастони Толиб Айёмбеков раҳбари як гурӯҳи мусаллаҳи Қатли генерал Назаров ва амалиёти низомӣ дар Хоруғ, аз хабарсозтарин рӯйдодҳои соли 2012 дар Тоҷикистон буд.

Қатли генерал Назаров ва амалиёти низомӣ дар Хоруғ, аз хабарсозтарин рӯйдодҳои соли 2012 дар Тоҷикистон буд.

ғайриқонунӣ дар Хоруғ куштанд. Сар аз Си-Эн-Эн, то ба Би-би-сиву, АБС ва Си Би Эс ва даҳҳо дигар аз расонаҳои бонуфузи Амрикову Бритониё ва дигар кишварҳои саросари ҷаҳон аз ин ҳодиса гуфтанд, чӣ гуна генерал ва як ҷосуси собиқадори Тоҷикистон кушта шуд. Амалиёти махсусе, ки баъди ин ҷиноят рӯзи 24 июл дар Хоруғ оғоз ёфт ва даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, ҳаёҳуеро барангехт, ки Тоҷикистон дигарбора ноором хоҳад шуд.

Аммо бо анҷоми ин амалиёт, Тоҷикистон аз забонҳо дур нашуд, зеро баъди он дар моҳи август сокинони шаҳри Хоруғ тазоҳурот карданд, ки аз ҷумлаи хабарҳои аслӣ дар забони расонаҳои хориҷӣ буд. Бо баргашти оромӣ ба Хоруғ, Тоҷикистонро на тазоҳуроту ҷангу ҷанҷол, балки варзиш “ангуштнамои мардум” кард. Мавзуна Чориева, муштзани ҷавони тоҷик дар бозиҳои олимпии Лондон дар моҳи август, нишони нуқраро ба даст овард ва ба ҳайси духтаре аз кишвари мусулмонӣ муаррифӣ шуд, ки ба рақиби пурзӯраш аз Ирландия Кетӣ Тейлор далерона муқовимат кард ва парчами Тоҷикистонро дар он бозиҳои олимпӣ барафрохт.

Баъди фӯру нишастани суҳбатҳо дар бораи “қаҳрамонии” Мавзуна, ду моҳ дертар Тоҷикистон дигарбора хабарсоз шуд. Ин дафъа бо созишнома дар бораи тамдиди 30-солаи ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари Владимир Путин ба Душанбе дар рӯзи 5-уми октябр имзо карданд. Аксари расонаҳои хориҷӣ навиштанд, ки Русия дар ивази баъзе аз имтиёзҳои иқтисодӣ ҳузури низомии сисолаашро дар Тоҷикистонро таъмин кард.

Аммо ҳеҷ кас ва ё ҳодисае дар хабарсозӣ баробари Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа нашуд, ки бо як мусоҳибааш дар соли 2012 Тоҷикистонро сари забони шояд садҳо миллион нафар дар ҷаҳон кард, Бек Сабуров охири моҳи ноябр торнамои Фейсбукро барои чанд вақт дар Тоҷикистон баст ва баъдан дар бораи сабабҳои ин кораш ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Фейсбук соҳиб надорад, кийай соҳибш. Ҳамин Фейсбук надора, соҳиб, мара Би би-сӣ занг мезананд, мана аз Америка, аз Германия занг мезананд. Соҳибш биёя, бга, ки ака инамихел инамихел инамихел. Оё ино, ҳамин Фейсбук налог месупоранд ба давлат ё не. Миллиарди зарабативают.”

Изҳори назари Бег Сабуров дар бораи Фейсбук дар тирамоҳи соли ҷорӣ, Тоҷикистонро дар сархати ахбори ҷаҳонӣ қарор дод.

Изҳори назари Бег Сабуров дар бораи Фейсбук дар тирамоҳи соли ҷорӣ, Тоҷикистонро дар сархати ахбори ҷаҳонӣ қарор дод.

Ин гуфтугӯи воқеан нодири Бек Зуҳуров ба ҳадде дар матбуоти ҷаҳонӣ ғулғула афканд, ки рӯзномаҳои мӯътабари амрикоӣ ба мисли Вашингтон Пост ва Волл Стрит Ҷорнал, ки дар бораи Тоҷикистон бисёр кам менависанд, дар бораи он мақолаву блог нашр карданд.

Танҳо Бек Зуҳуров набуд, ки моҳи ноябр Тоҷикистонро хабарсоз кард, футболбозону мухлисони дастаи футболи “Истаравшан” низ “саҳми худро” гузоштанд ва бо ҳамла ба рақибонашон аз дастаи “Энергетик”. Танҳо яке аз видеоҳои ҳамлаи бераҳмона ба футболбозони “Энергетик” дар Ютюб дар муддати кутоҳе бештар аз 200 ҳазор нафар диданд ва бисёре аз расонаҳои варзишии ҷаҳон дар бораи он навиштанду видеояшро ҳам дар торнамоҳои худ гузоштанд.

Тоҷикистон дар поёни соли 2012 як бори дигар гӯшзади ҷаҳониён шуд, аммо хушбахтона на бо ҷанҷолу моҷаро, балки бо пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ, ки аз ҷумлаи хабарҳои муҳими расонаҳои бузурги хориҷӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG