Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ришвагирӣ аз номи дигарон ва ҳатто...аз дохили маҳбас


Музаффар Аҳмадов, сардори Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд

Музаффар Аҳмадов, сардори Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд

Сардори Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, маҳбусон аз номи ӯ сӯистифода кардаанд.

Маҳбусон дар зиндон, зоҳиран вақти холии зиёд доранд ва ҳам табиати мансабдоронро ба хубӣ медонанд. Онҳо ба хидматчиёни давлатӣ занг мезананд ва худро мансабдор муаррифӣ карда, аз онҳо пул меситонанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод, бархе аъзои “Ҷамъияти умумироссиягии мубориза алайҳи фасод” дар Хуҷанд бо шаҳодатномаи ин созмони худро корманди оҷонси зидди фасоди Суғд номида, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкоронро фиреб мекарданд.

Музаффар Аҳмадов, сардори Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд рӯзи 31 - уми июл дар нишасти хабариаш дар ин бора гуфт, ки дар 6 моҳи аввали соли равон пул ситонидани чанд маҳбуси яке аз зиндонҳои Хуҷанд аз мансабдорони маҳаллии ниҳодҳои молиро ошкор кардаанд. Ба гуфтаи вай, зиндониён худро корманди ниҳоди мазкур номида, бечунучаро додани маблағро ба шахси бовариноки онҳо талаб мекарданд ва бархе мансабдорон ба дом афтидаанд: “Масалан, аз маҳбас бо телефони мобилӣ занг мезанад ба сардори идораи андози ноҳияи Ашт. Худро бо ному насаби ман муаррифӣ мекунад, бо оҳанги омирона мегӯяд, ки мо амалиёт гузаронида истодаем ва ӯ бояд 1000 доллар ба намояндаи мо, ки наздаш меравад, диҳад. Хайр, бечора номи мақомотро, ки мешунавад, ба ҳарос меояд ва розӣ мешавад. Ва пулро ба як таксист медиҳад.”

Вай афзуд, ба ҳайрат афтодааст, ки чи тавр маҳбусон дар зиндон ба телефони ҳамроҳ дастрасӣ пайдо кардаву рақамҳои мобили бархе аз масъулони бонку ниҳодҳои молиро пайдо кардаанд. Ба гуфтаи вай, Оҷонсии мазкур нисбат ба чанд маҳбуси “густох”, ки аз онҳо ном бурда нашуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва ба таҳқиқ машғул аст.

Ҷаноби Аҳмадов дар посух ба пурсиши хабарнигорон, ки чаро қаллобон маҳз номи ӯро барои “тарсонидан”-у “пулситонӣ” аз мансабдорони маҳаллӣ истифода кардаанд, чунин посух дод: “Хайр, ман намедонам барои чӣ? Мумкин аз мақоми ман суиистифода карданд, ки ҳамин тавр гӯянд, мардум бовар мекунанд. Чунки бисёриҳо ҳуқуқ ва вазифаҳои худро намедонанд ва ба гапу ҳарфи афроди қаллоб бовар мекунанд.”

Идораи муассисаҳои ислоҳӣ: “Дар маҳбас истифодаи телефон иҷозат нест!

Вале Иброҳим Солиев, сардори идораи муассисаҳои ислоҳӣ (УИД) - и вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин қазия огаҳӣ надорад: “Онҳо дар ин бора моро дар ҷараён нагузоштанд ва дар ин бора ягон хабаре надорам.”

Ҷаноби Солиев афзуд, маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистон барои истифодаи телефони ҳамроҳ иҷозат надоранд: “Аммо дар ҳар як муассисаи ислоҳӣ телефони оддӣ ҳаст. Маҳбус тавассути он ба хонааш занг задан хоҳад хоҳад, ба номи сардори маҳбас дархости хаттӣ менависад, агар сардор иҷозат диҳад, занг мезанад.”

“Ҷамъияти умумироссиягии алайҳи фасод” - чӣ гуна созмонест ва ба чӣ машғул аст?

Масъулони Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ҳамчунин аз мавриди дигари паси номи кормандони ин ниҳод паноҳ шудани бархе сокинон дар ҳолатҳои мухолифат бо қонуну қоидаҳоро ёдовар шуданд. Дилшод Зарифов, сардори шуъбаи пешгирии фасод дар ин Оҷонсӣ гуфт, бархе аз аъзои ин созмони ҷамъиятии русиягӣ бо суиистифода аз шаҳодатномаи ин созмон худро кормандони Оҷонсии мазкур муаррифӣ кардааанд ва вақти боздоштани милисаи роҳ худро аз ҷарима раҳо кардан хостаанд ва ё пули хӯрокро дар тафреҳгоҳи “Хваканта” напардохтаанд. “Мо ошкор кардем, ки ин нафар дар қайди ҷамъияти мазкур набудааст ва бо чӣ роҳу воситае шаҳодатномаи онро аз Русия дастрас кардааст. Чунки намояндагии ин созмони ҷамъиятии Русия дар Хуҷанд фақат 8 аъзо дорад ва мо бо онҳо ҳамкории чиз дорем.”

Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд бо “Ҷамъияти умумироссиягии алайҳи фасод” шартномаи ҳамкорӣ, вале танҳо дар самти “ҷилавгирӣ аз густариши фасод” доштааст.

Ба хабарнигори Радиои Озодӣ даст дод, ки бо намояндагии ин созмон дар Хуҷанд тамос бигирем. Зафар Самиев, ки худро раҳбари намояндагии “Ҷамъияти умумироссиягии алайҳи фасод” дар Хуҷанд муаррифӣ кард, гуфт, ин як созмони ихтиёрӣ буда, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи аъзоии онро дарёфт кардаанд: “Мо худамон ҳаққи тафтиш ва ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсиониро надорем, Аммо барои пешгирии чунин ҷиноятҳо бо Оҷонсӣ ҳамкорӣ мекунем. Мо чанд қазияро пешниҳод карда будем, онҳо онҳоро таҳқиқ карда, ҷаримаҳои маъмурӣ бастанд, боз бо пешниҳоди кормандони мо як парвандаи ҷиноӣ ҳам дар пойтахт алайҳи як мақом боз карда буданд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Самиев, ин созмони ҷамъиятии зидди фасоди Русия дар Тоҷикистон 123 ва дар вилояти Суғд 11 узв дорад, ки ҳамаи онҳо дорои шаҳодатномаи худ мебошанд. Онҳо ба раҳбари созмони худ дар Русия барои 2 сол ҳудуди 30 ҳазор рубли русӣ ҳаққи аъзоӣ пардохт мекардаанд. Вай дар посух ба саволи радиои Озодӣ дар бораи он аъзои ин созмон, ки аз узвияти худ суиистифода кардаанд, чунин гуфт: “Се узви созмонамонро кормандони оҷонси зидди фасод дастгир карданд. Онҳо дар толори шабонаи “Хваканта” хӯрок хӯрда, баъд шаҳодатномаҳои худро нишон додаанд ва гуфтаанд, ки онҳо кормандони Оҷонсии зидди фасоди вилояти Суғд ҳастанд ва пули хӯрокро надода рафтаанд. Мо намедонем, ки онҳо чӣ тавр аъзои ин созмон шудаанд, Дар раёсати Оҷонсӣ ба мо гуфтанд, ки он 3 нафар ҳуҷҷатҳои худро супоранду аз ин созмон хориҷ карда шаванд.”

Зафар Самиев 50 сола буда, ба гуфтаи худаш, хатмкардаи Донишгоҳҳои Маскав ва Бишкек аст ва ду дипломи маълумоти олӣ бо ихтисосҳои: иқтисодчӣ ва муҳандис – технолог дорад. вай дар ҳоли ҳозир ба соҳибкорӣ машғул будааст. Вай мегӯяд: “Баъзан соҳибкорон ҳам ба мо муроҷиат мекунанд, аз тафтишҳои ғайрирасмии мақомот ва вақтҳое, ки мақомот назари онҳоро вақти баҳсҳои корӣ умуман ба назар намегиранд. Мо онҳоро роҳнамоӣ мекунем, ки ба кадом мақомот ва чӣ тавр арз баранд.”

Зимнан, бархе ҳолдонҳо мегӯянд, аксари кулли аъзои “Ҷамъияти умумироссиягии алайҳи фасод” дар Тоҷикистон низ соҳибкоранд. Ва ба таври ихтиёрӣ шомил шудани онҳо ба ин созмони ҷамъиятӣ эътироз аз густариши фасодхорӣ дар Тоҷикистон, ҳамдастӣ бо мақомот дар ислоҳи вазъ, ҳамзамон ҳимояти худу моли худ аз тафтишоти нобаҳангоми мақомоти маҳаллии тафтишотӣ аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG