Пайвандҳои дастрасӣ

Корхонаи дӯзандагии Хоруғ, ки худи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, онро дар сафари ахираш ба Бадахшон дар моҳи сентябр боз карда буд, пас аз ду моҳ, аз фаъолият монд.

Ҳоло ин корхонаи марбут ба Агентии хариди амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон, маводи хому маблағ ва моли он харидор надорад. Шаҳрдории Хоруғ барои омӯзиши сабабҳои варшикастагии корхона як комиссиюни вижа таъсис додаст.

Аз 80 бонуи чеҳрахандон, ки дар рӯзҳои сафари президенти ҷумҳурӣ, сари дастгоҳҳои дӯзандагӣ менишастанд ва барои дарёфти ҷои кор ба ҳукумат ва ҷаноби олӣ сипос мегуфтанд, ҳоло наметавон касеро пайдо кард.

Танҳо чанд тан аз мудирияти корхона ин ҷо ҳузур доштанд, ки баробари дидани хабарнигор лаб ба шикоят кушоданд. Ба гуфтаи роҳбари корхона, Сусана Мародбекова, аввал, пас аз чанд рӯзи фаъолити корхона дар он 15 дӯзанда боқӣ монд ва акнун ҳатто барои як дӯзанда ҳам кор пайдо намешавад.

Хатми захираи ашёи хом, ворид нашудани маблағ ба суратҳисоби корхона ва бехаридор мондани маҳсулоти нимтайёр аз сабабҳои муфлисшавии корхона шумурда мешаванд. Муродбекова мегӯяд, "таҷҳизот пурра нест, ашёи хом ба охир расид, мушкилоти дигар ин аст, ки мустақил нестем ва пурра аз оҷонсӣ вобастаем."

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Хоруғ, ин корхона бо ташаббуси вазири дифоъ арзи вуҷуд карда, қарор буд, ки он ба истеҳсоли сару либос ва ҷиҳози рахти хоб барои сарбозони воҳидҳои низомии мустақар дар вилоят машғул шавад. Аммо ин ҳадафи таъсисдиҳандагони корхона, ки мехостанд, ҳам ҳунармандони маҳаллӣ кор ёбанду ҳам ҳам сарбозон бо либосҳои зебо ва шинами арзон таъмин шаванд, дар моҳҳои аввали фаъолият ба шикаст рӯбарӯ шуд.

Корманди ин корхона, Мастибегим Таваккалова изҳор дошт, ки бинобар нопурра будани таҷҳизоти дӯзандагӣ, айни ҳол 100 адад сару либоси нимтайёри низомӣ ва наздики 400 ҷиҳози бистар барои сарбозон ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ бехаридор дар анбори корхона хобидаанд: "Ду мошинаи махсуси тугмадӯзӣ надорему тугма надорем, сару либоси низомӣ нимтайёранд. Се моҳ боз 15 дӯзандаву посбонҳо ягон сӯм нагирифтаанд."

Масъулони воҳидҳои низомӣ мегӯянд, ки онҳо ҳақ надоранд, мустақилона моли корхонаро харидорӣ кунанд. Ин амал ба салоҳияти Агентии хариди амволи махсус дохил мешавад. Аммо агентӣ корхонаеро дар Хоруғ таъсис додааст,ки барои он маблағи зиёд бояд сарф кунад ва ин дар ҳоле ки ба маҳсулоти он ниёз надорад. Оҷонсӣ бештари маҳсулоти зарурии худро аз корхонаҳои дӯзандагии маркази ҷумҳурӣ мегирад. Қаблан чунин корхонаи дӯзандагӣ дар ноҳияи Роштқалъа, ки аз ҷониби вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шуд, пас аз чанд моҳи фаъолият муфлис гардид.

Коршинос, Давлатёр Хумориков, ки қаблан калонтарин корхонаи дӯзандагии вилоятро роҳбарӣ мекард, таъсиси корхонаи нави дӯзандагиро дар шароити имрӯза масрафи беҳудаи пул мешуморад. Ба гуфтаи вай, барои таъмини фаъолияти муназзами фабрика дар давраи шӯравӣ, он бо қариб 80 корхонаи берун аз кишвар робита дошта, танҳо 40 дар сади ашёи хомро аз ҷумҳурӣ ворид мекард: "Дар давраи пеш тахфифи махсус вуҷуд дошт, ки хароҷоти нақлиётиро мепӯшонд. Ҳоло чунин имтиёз нест. Агар фақат газворро гирем, ки онро ҳам агар пурра аз маркази ҷумҳурӣ ворид кунем, бо назардошти хароҷоти нақлиётӣ арзиши ниҳоии маҳсулот хеле баланд меафтад ва ин корхонаро муфлис мекунад."

Ин коршинос ягона василаи эҷоди ҷои кор барои сокинони маҳаллиро, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар минтақа медонад, ки корашон ба ашёи хоми маҳаллӣ асос ёфта бошад: "Дар марҳилаи аввал корхонаҳои хурди коркарди пӯсту пашм ва меваю сабзавот агар дар ҳар ноҳия таъсис ёбанд, фоидаовартар мебуд. Коркарди маодин сармояи калон мехоҳад."

Ин ҳам дар ҳолест, ки президенти кишвар дар расми ифтитоҳи корхонаи нав ба сарварони вилоят дастур дод, ки дар паҳлӯи он барои 200 чевари дигар ҷойи кор муҳайё кунанд.

Аммо хонум Сусана Мародбекова мегӯяд, ки агар чунин маблағ вуҷуд дошта бошад, пас он бояд на барои густариши корхона, балки фаъолияти ҳамвори он истифода шавад, то ҳадди ақал 15 ҳунарманди маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин бошанд. Гуфта мешавад, чанд тан аз бонувони бозоршин, ки ба эълонҳои ҷойи кор дар корхона нав умед баста, зиёда аз ду моҳ ба дӯзандагӣ дар коргоҳ машғул буданд, барои ҷуброни заҳматашон ба додгоҳ муроҷиат кардаанд.

Масъулони шӯъбаи иқтисодии ҳукумати шаҳри Хоруғ мегӯянд, варшикастагӣ ба корхонаҳои дигари минтақа низ таҳдид мекунад. Чунончӣ, корхонаи коркарди рустаниҳои доруворӣ пурра муфлис шуда, тавлиди маҳсулот дар корхонаи оҳану бетон ба андозаи назаррас коҳиш ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG