Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Синамои ҳиндӣ: Афсонае, ки 100 сол тӯл дорад


Айшвария Рай-Бачан

Айшвария Рай-Бачан

Ба ифтихори 100-умин солгарди синамои ҳиндӣ, дар ҷашнвораи имсолаи Канн дар Фаронса маросими вижае бо иштироки ситораи ҷаҳонии филм Айшвария Рай барпо мешавад.


Мақоми аввал дар бозори ҷаҳонӣ

Оғози моҳи май аз санаи тавлиди нахустин филми бесадои ҳиндии “Раҷа Ҳаришчандра” 100 сол пур мешавад, ки чун зодрӯзи филмҳои ҳиндӣ пазируфта шудааст. Дар ин муддат саноати филми ҳиндӣ чунон босуръат пеш рафт, ки ҳоло ин кишвар аз лиҳози шумори филмҳои истеҳсолшаванда дар ҷаҳон мақоми аввалро касб мекунад. Баъди Ҳинд Ҳолливуд ва Чин дар миёни филмсозони аслии ҷаҳонӣ зикр мешаванд. Тибқи омори расмӣ, соли 2009 дар Ҳинд наздики се ҳазор филм, аз ҷумла тахминан 1300 филми бадеӣ наворбардорӣ шудааст, ки харидорони онҳо 90 кишвари ҷаҳон будааст.

Давраи тиллоии филми ҳиндӣ

Дар таърихи синамои ҳиндӣ фосилаи байни солҳои 1940-1960-ро мунаққидони синамо чун давраи тиллоӣ ёд мекунанд. Дар солҳои баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар филми ҳиндӣ анъанаи филмсозии масала, ки омехтаи мусиқиву тарона ва рақсу мелодрама аст, ҷо уфтод ва то имрӯз ҳам ҳифз мешавад. Маҳз дар ҳамин давра филмҳои машҳури Раҷ Капур “Овора” (1951), “Ҷаноби 420” (1955) ба вуҷуд омаданд, ки бо самимияти тамом зиндагии бечораҳолонаи мардуми оддиро ба риштаи тасвир кишидаанд. Маҳз ҳамин филмҳо, ки барои тамошобинони шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон ҳам намоиш дода шуданд, имрӯз ба унвони қадимитарин филмҳои Болливуд ёд мешаванд.

Шоҳруххон - ситораи синамои ҳиндӣ

Шоҳруххон - ситораи синамои ҳиндӣ

Филмҳои ҳиндӣ, ҳарчанд дар сужаҳои худ масоили ҷиддии иҷтимоиву сиёсӣ, мубориза бо гурӯҳҳои мафиёӣ ва фасод, куштору терроризмро матраҳ мекунад, вале тарзи тақдими онҳо сабук, шӯхиомез, то андозае соддалавҳона ва хеле омиёна мебошад. Фалсафаи ҳамешагии ғалабаи хайр бар шар ва адолату муҳаббат бар беинсофиву золимӣ хати сужаи тамоми филмҳои ҳиндиро муайян мекунад. Маҳз ҳамин идеология ҳам посухгӯи ормонҳои ҳукумати шӯравӣ буд, ки филмҳои Болливудро бо беҳтарин тарҷумаву тақдими бадеӣ вориди бозори синамо мекард. Исмҳои ситораҳои синамои ҳиндӣ - Амитабх Бачан, Вишванат Пратабх Сингх, Дҳармендра, Минтхун Чакрабортӣ ва дигарҳо дар маъруфият камтар аз ситораҳои синамову мусиқии ватанӣ нестанд.

Аз сӯи дигар, бо ҳамин хусусияти афсонагӯву дур аз воқеият будани сужаашон ибораи “филми ҳиндӣ”-ро дар забони мардум ҳамчун як афсона ва як қиссаи бофташуда ҳам шарҳ медиҳанд.





Мактаби Раҷ Капур ва филмҳои тоҷикӣ

Мунаққиди кино Саъдулло Раҳимов мегӯяд, синамои ҳиндӣ бар пояи мактаби барҷастаи касбии чанд симои шинохта, аз ҷумла, Сатяҷид Рей ва Раҷ Капур сохта шудааст. Аз ҷумла, мактаби Рей бештар ба инъикоси мушкилоти иҷтимоиву дардҳои мардум равона шудааст, ки дар шӯравии собиқ кам муаррифӣ шудааст. Дар муқобил, филмҳое, ки бо сабки эҷодии мактаби Раҷ Капур, яъне пурнишоту романтикӣ сохта шудаанд, дар ин қаламрав шӯҳрати беандоза доштанд ва ба филмҳои тоҷикӣ ҳам таъсиргузор будааст. Ба гуфтаи Саъдулло Раҳимов, баъди пошхӯрии шӯравӣ дар Тоҷикистон аксари синамогарон филмҳои худро шабеҳ ба филмҳои ҳиндӣ гирифтаанд: "Яке аз филмҳое, ки ҳамин хусусияти хеле рӯшани шабоҳат ба филмҳои ҳиндиро дорад, ин филми “Овора”-и Далер Раҳматов ва Гуландом Муҳаббатова аст. Номи ин филм ҳам ба ҳамон филми “Овора” (“Бродяга”)-и Раҷ Капур шабоҳат дорад. Дар ин филм драматургия, шӯхӣ, рақсу суруд ҳам ба таври хеле ҷаззоб истифода шудааст. Валекин филмҳое, ки ҷавонҳо мегиранд, филмҳои бозоргири Болливудро тақлид мекунанд. Вале ин тақлидҳо бештар соддалавҳона мебошанд".

Аз сӯи дигар, оҳану таронаҳои филмҳои ҳиндӣ, ки ба қавли мутахассисон, бахши комилан ҷудогонаи фарҳанги синамоии Болливуд арзёбӣ мешавад, ба таври мустақим ба рушду такомули оҳангҳои миллии тоҷикӣ таъсиргузор будаанд.

Филмшиносони тоҷик мегӯянд, ки имрӯз филмҳои сохти Ӯзбакистон аз рӯи ҳамин модели филмҳои ҳиндӣ сохта шуда, саноати кинои миллии ин кишварро зинда кардааст. Айни замон, дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони кишвар, солҳои охир ҷои филмҳои ҳиндиро филмҳои туркӣ кам-кам танг кардаанд. “Ин филмҳо бештар бо илҳом аз синамои Ҳолливуд сохта мешаванд, дар онҳо зӯровариву муқовимат бештар дида мешавад. Таронаву рақсу суруд надоранд. Ҳамин чиз сабаб мешавад, ки гоҳо ниҳодҳои амниятӣ аз вуруди филмҳои туркӣ ҷилавгирӣ мекунанд”, гуфт ӯ.



Индустрияи синамои тоҷикӣ – як афсонаи ҳиндӣ

Тибқи иттилои хабаргузориҳо, дар мулоқоти ахири муовини раиси ҷумҳурии Ҳинд дар Тоҷикистон сухан дар бораи имкони кӯч додани баъзе студияҳои Болливуд ба Тоҷикистон бо ҳадафи наворгирии филмҳои муштараки нав дар табиати кӯҳманзари зебои тоҷикон сухан рафтааст. Вале мутахассисон мегӯянд, ки ин мавзӯъ хеле ҷиддитар аз як филми ҳиндӣ аст. Бо он вазъе, ки ҳоло синамои тоҷик дорад, маблағгузории нокофиву набуди дастгоҳҳои замонавии сабту таҳрир, орзуи расидан ба мартабаи Болливуд барои Тоҷикфилм дар солҳои наздик гӯё як афсонаи ҳиндӣ хоҳад монд.

Саъдулло Раҳимов мегӯяд, “мавзӯи индустрияи синамо барои Тоҷикистони баъди шӯравӣ як гапи асотирӣ аст. Дастгоҳҳои мукаммали замони шӯравӣ дигар фартут шуда, аз замона ақиб мондааст”. Вай мегӯяд, агар созише ба ин мазмун ҳосил шавад ҳам, бояд ки пойгоҳи фаннии наворбардориву таҳияи филм ҳам дар Ҳинд, на дар Тоҷикистон амалӣ шавад.
XS
SM
MD
LG